Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ИФТИХОРИ «АФҒОН»-ҲО

Замоне буд, ки дар бораи ҷанги бемақсаду бешууронаи Афғонистон, ки баҳри дифои инқилоби Савр гуландаркафан шудани ҷавонони Ӯзбекистон, аз он ҷумла Самарқанди бостонӣ навиштану ҳарф заданро аз «боло» иҷозат намедоданд. Гарчанд мавзӯъ «пӯшида» буд, маҳз рӯзномаи «Гулобод тонги» (собиқ «Шарқ тонги») бебокона ба дарди «афғон»-ҳо малҳам шуда, мақолаҳои доғи рӯзро чоп мекард.

Худо раҳмат кунад, собиқ ҳокими ноҳия Раҳима Ҳакимова журналистонро дастгирӣ кард ва дар шаҳраки Гулобод барои барпо шудани хиёбони шаҳидон ташаббускор шуд.
Бояд таъкид намуд, ки он солҳо лавҳа ва очеркҳои беҳтарин дар бораи ҷанговарони диловари диёри Афғонистонро тавассути рӯзномаи мазкур мутолиа кардан мумкин буд. Очеркҳо дар бораи шодравон Шамсиддин Шарофов, Раҳмонқул Облоқулов, Олег Шариков, Хуршед Қамар, Диёр Ҳакимов, Адаш Турсунов ва дигарон ба муштариён таассуроти хотирнишин гузоштааст.
Боиси хурсандиёт, ки ин анъанаи нек ҳамон муташаккилона идома меёбад, ки рӯзнома ифтихори «афғон»ҳо аст.
Воқеан, ман беш аз сӣ сол боз бо рӯзнома ҳамфикру ҳамдил ва муаллифи доимӣ ҳастам. Бигзор ба бахти мо, «афғон»-ҳо шӯҳрати рӯзнома боз ҳам бештару маъмулу машҳур гардад.

Ҷаъфари ҶАББОРӢ,
раиси Иттиҳодияи ҷанговарони захиравӣ ва байналмилалии мустаъфии «Сиёвуш»


Дата добавления: 28/06/2017 15:45;   Просмотров: 1447
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку