Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲИФЗИ ВАТАН – ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки таҳти роҳбарии Аввалин Президент Ислом Каримов ташкил ёфт, дар таърихи давлатдории мо нуқтаи муҳимтарини гардиш шуд.

Ҳоло хизмат дар сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ҷавонмардон чун орзуи нек ва ба маънои ҳақиқӣ ба шаъну шараф табдил ёфтааст. Ба хизмати ҳарбӣ ҷавононе, ки аз ҳар ҷиҳат обутоб ёфта, ҷисмонан нерӯманд, соҳиби дониш ва маънавияти баланд мебошанд, қабул мегарданд.

Ба муносибати қарори Президенти ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва ба захираи қувваҳои мусаллаҳ ҷавоб додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизматро адо кардаанд» дар шӯъбаи мудофиаи ноҳиявӣ корҳои тайёрӣ дар авҷ аст. Биноҳо таъмиру тармим шуданд, мактабу литсейҳо, дар гузару идораҳои шаҳрвандӣ вохӯрии собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҷанговарони байналмиллал баргузор мегардад. Дар мактаби рақами 10-уми ноҳия ҷанговарони байналмиллал профессор Юсуф Абдуллоев, шифокор Ҳабибулло Муртазоев, Эркин Мавлонов, Халил Иброҳимов ва дигарон бо омӯзгорону хонандагон сӯҳбати мизи мудаввар гузарониданд. Хотироти собиқ сарбозон ва саволу ҷавобҳои ҳозирон хотирнишин шуд.

– Дар шӯъбаи мудофиаи ноҳия ба Рӯзи муҳофизони Ватан ҳамаҷониба тайёрӣ дида мешавад,-гуфт ҷонишини сардор подполковник Ғайрат Бобоев,-аз рӯи нақша баромади фаъолону даъватшудагон, санъаткорону собиқадорони ҳарбӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин ташриф ба оилаҳои шаҳидони ҷанги афғон ва мусобиқаҳои варзишӣ хоҳад шуд. Ҳамаи тадбирҳои идона зери шиори “Ҳифзи Ватан – вазифаи муқаддас” мегузарад.

Дар акс: ходимони шӯъбаи мудофиаи ноҳия Ғайрат Бобоев, сафдор Сурайё Зармасова, сардори шӯъбаи хизмати ҳарбӣ Умед Каримов

Баҳодури ЗОҲИР

 


Дата добавления: 13/01/2017 10:51;   Просмотров: 1624
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку