дар он инсон зиндагӣ
мекунад ва обод месозад
Деҳаи Илонсой, ки дар доманакӯҳи ҳамноми он ҷой гирифтааст, тобеи маҳаллаи «Наврӯз» мебошад. Охирҳои солҳои 1980-и қарни гузашта дар ин деҳа 60 ҳавлии тозасохти намунавӣ мавҷуд буду дар он 350 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Асоси сокинони деҳаро оилаи кормандони Фабрикаи мурғпарварӣ ташкил менамуданд. Аниқтараш, Фабрикаи мурғпарварӣ, ки сонитар бо номи «Оҳалик-Ломан-Парранда» машҳур шуд, ин мавзейи Илонсойро зистгоҳи кормандони худ қарор дода, барои онҳо хонаву дарҳои обод бунёд намудааст. Оби нӯшокиву полезӣ ҷорӣ мегашт. Ҳаракати автобусу сабукравҳои мусофиркаш то маркази ноҳия – шаҳраки Хоҷа Аҳрор ва худи Бозори деҳқонии Сиёб ба роҳ монда шуда буд. Сокинони маҳалла аз ин имкониятҳо истифода бурда, пиру барно бо кору хондан машғул буданд. Шароиташон, ки буд, ҳушу ёдашон ба меҳнатқариниву саводомӯзӣ банд буд. Вақте ки Фабрикаи мурғпарварӣ, аниқтараш «Оҳалик-Ломан-Парранда», ки ҳимоятгари асосии мавзеи Илонсой ва илонсоиён буд, ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ва сонитар корхонаи муштарак табдил ёфту Илонсой аз баланси корхона баромад ва ба қавли сокинони ин маҳали доманаи кӯҳ дари имкониятҳо баста шуда, файзу футӯҳ гурехт. Кунун аз 350 сокини маҳалла 158 нафар мондаанду халос. Аз 60 ҳавлӣ танҳо дар 27 тояш одамон зиндагӣ мекунанд. Он ҳам зиндагии бофароғат нест.
Дар деҳа муаммоҳо бисёр. Аммо дар саргаҳи он набудани об: ҳам полезиву ҳам нӯшокӣ қарор дорад.
- Вақте ки аз беобӣ азият кашидем, моҳи декабри соли 2015 бо вуҷуди сармои сахт мардони қишлоқ аз баландии кӯҳаки Илонсой, ки чанд чашма фаввора мезад, бо нил (қубури об) зиёда аз 3 километр масофаро ба андозаи 1,5-2 метр чуқурӣ хандак кофта, об оварданд. Дигар масъалаи об ҳал шуда буд. Ҳавлиамон ба чаманистон табдил ёфту мардумамон оби мусаффои чашмасор менӯшиданд. Об ки шуд, Илонсой боз ба ободӣ руй овард. Мардум аз пайи таъмири шикасту рехти ҳавливу ҷойи худ машғул гардиданд. Масъалаи роҳ ва нақлиётро ҳал мекарданд, ки боз муаммои асосии об пайдо шуд. Дар саргаҳи чашмасор, ки мо об оварда будем, замини ду хоҷагии фермерӣ мавҷуд аст. «Роҳбарони корчаллон»-и ин хоҷагиҳои фермерӣ роҳи оби моро бастанд. Ҳавзи калоне кофта, нили обро ба он кушоданд. Акнун роҳати азобу машаққати об оварданҳои моро фермерон мебинанд. Дар замоне, ки дар дигар ҷойҳо фермеру тадбиркорон ҳимоятгари аҳолӣ ҳастанд, инҳо ҳатто ба мо об доданӣ нестанд. Об неъмати олии Худованд аст. Касе ки роҳи обро баст, ба нӯги нили он мотори барқиро пайваст намуда, аз чашмасор об мекашад, наход барака ёбад?! Уболи кӯдаку наврас ва пирони деҳаи Илонсой намегирифта бошад, ки онҳо ба як ҷуръа об зор ҳастанду фермерон ин неъмати олиро ба ҳавзҳояшон захира мекунанд. Мешунавем, ки чӯҷаякони фабрикаи мурғпарварӣ бетоб мегарданду тухмҳо палағда мешаванд. Охир роҳбарони ҳамин корхона ҳам ба оби мардуми Илонсой шарик ҳастанд-ку?! Ҳоло ки ба молу мулкашон осеб мерасад, бояд андешаи сиҳатмандии мардумро намоянд, - иброз дошт сокини фаъоли маҳалла Гавҳар Очилова.
- Дуруст аст, ки мардони мо бо зоғнӯлу табарҳои сангкафон дили кӯҳро шикофта, об оварданд, аммо роҳи он баста шуд. Мардум аз Илонсой дилхунук шуда, дар марказҳои шаҳру ноҳия манзил бунёд намуданд. Аммо оне ки ба ин қишлоқ меҳр мондааст, фарзанд ба дунё овардааст, ҳаққи ҳамсоягӣ кардааст, бо азобе бошад ҳам, чароғбони илонсоиён гаштааст. Ҳоло танҳо автобуси 101 ҳаст, ки пагоҳӣ соати 7.30 мардумро аз қишлоқ сӯи шаҳр мебараду бегоҳӣ соати 16.30-17.00 меорад. Тасаввур кунед, ки касе барои маҳсулоти хӯрокворӣ ба шаҳр мераваду бегоҳӣ онро ба хонааш меорад. Калонсолон-ку як илоҷашро меёбанд, вале мактабхону донишҷӯён хеле азоб мекашанд. Одатан дар таълимгоҳҳо таҳсил то пешин давом мекунад. Бачаҳо бошад, то бегоҳӣ аз назорати падару модар дур кӯчагардӣ мекунанд. Вақте ки аз истгоҳи Хоҷа Кафшер ягон мошинро киро карда, ба Илонсой омаданӣ шавед, нархи роҳкирои Самарқанд-Тошкандро мегӯянд. Роҳ дуру нообод аст. Боз масъалаи об аз ҳама чиз баландӣ мекунад. Охир дар ҷое, ки об нест, чӣ хел зиндагӣ кардан мумкин?! – бо чашмони пуроб арз дошт Истода Саидбекова.
- Мардуми Инсонсой ҳам аз қонуну қарори ҳукумат дур нестанд. Онҳо низ мехоҳанд бо роҳи фермериву тадбиркорӣ ҳаловати зиндагиашонро хуб намуда, барои ободии қишлоқ ҳиссагузор шаванд. Ҳоло ки Илонсойи мо ба дастури «Қишлоқи обод» даромадааст, аз ҳоли мо ҳам хабар мегиранд. Масалан, ҳар ҳафта ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов ин ҷо омада, аз ҳолати фаъолияти штаби сектори чорум, ки масъулаш идораи андоз аст, шинос мешавад. Роҳҳои ҳалли муаммоҳои моро меҷӯяд. Ба қарибӣ бо саъю кӯшиши ҳукумат барои ободонии манзили мардуми камбизоати Илонсой 3 тонна семент, 2 тонна оҳак, 2 мошин шағал ва 1 мошин қуми сурх оварданд. Аммо аз набудани об ҳамаи ин ашёи хоми сохтмон як зайл истодааст. Метарсем, ки оҳак шукуфта, ношоям нашавад. Бигзор то омадани об ба дигар ҷой баранд. То об наояд, ин ҷо ягон кор кардан душвор.хоҳишу илтимосамон аз ҳамаи масъулон, пеш аз ҳама таъминот бо оби нӯшиданист. Зеро сафи беморон ва хушкшавии дарахту майдони зироат, хароботии кӯчаву хиёбонҳо дар авҷ аст, - гуфт бо гудоз сокини маҳалла Исохон Аъзамов.
- Ман ба умеди тадбиркорӣ аз давлат кредит гирифта, мувофиқи фармудаи роҳбарон чӯҷа харидам. Аз беобӣ ҳазорҳо ин паррандаи бегуноҳ нобуд шуд. Маҷбур шудам, ки қарзи давлатро бо ҳунари устогиам, ки бо шогирдон мебел месозам, пардозам. Ҳоло дудила ҳастам. Мехоҳам сехи худро ба марказтар бараму фаъолият нишон диҳам, аммо се-чор шогирд ва падару модари онҳо мегӯянд, ки агар устохона баста шавад, ҷавонон бероҳа мешаванд. Боз як ҳамсояи мо Мансур Умаров дар рӯйи ҳавлияш гармхона ташкил намуду майдони полезии помидору бодиринг бунёд кард. Тухмиҳои қиматбаҳоро ба дараҷаи ниҳолак расонида, шинонд. Аммо аз беобӣ садҳо бех парвардаи помидору бодиринг хазон шуд, - гуфт соҳибкори ҷавон Раҳматҷон Очилов.
Чун ба даромадгоҳи деҳа расидем, раиси маҳаллаи Наврӯз Дилшодҷон Ахмедовро пайдо кардем, ки бо устоҳо дар назди иншооти оббарории артезианӣ машғули кор буд.
- Агар як илоҷ карда, обро бароварда гирем, Илонсой обод мешавад, - иброз дошт ӯ ва афзуд. – Дар ин ҷо бо супориши идораи «Сувоқова»-и ноҳия устоҳо об мебароранд. Шукр, ҳукумати ноҳия бо сарварии ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ӯроқович ёрӣ расонида истодааст. Шояд об фаввора занад.
Бо раиси маҳалла Д.Ахмедов аз ҳолати шароити зиндагии мардуми Илонсой аз наздик ошно гардида, то майдони сохтмон, ки Ҷамъияти «Евроқурулиш» барои 75 нафар боғчаи бачагона месохт, расидем.
- Ба мо бо азобе об мерасонанд. Боз масъалаи ҳавои тасфон ҳаст, ки одам тез ташна мемонад. Агар муаммои об ҳал шавад, бинои кӯдакистон бо тезӣ хушсифат бунёд мешавад, - гуфтанд устоҳо.
- Дарҳақиқат ранг бину ҳол пурс гуфтаанд. Ҳоло ҳукумат сӯйи Илонсой ва илонсоиён назари гарм дорад. Шояд муаммоҳои сарбаста, ки аз об сар шуда, ба муаммои роҳ ва нақлиёт мерасад. ҳалли худро ёбад. Аммо мардум аз дарсмонии мактабиён хеле ғамангез аст. Дар маҳалҳои Навобод, Гулобод, Наврӯзу Илонсой ман масъул ҳастам. Асоси прогулчиҳои мактаби рақами 38-ро, ки аз Илонсой даҳҳо километр дурӣ дорад, ҳамин илонсоиён ташкил медиҳанд. – гуфт нозири қитъавии корҳои дохилӣ Азамат Амриев.
Давои ҳар дард сабр ва вақт аст. Илонсой, ки ба дастури давлатии «Қишлоқи обод» даромадааст, ҳатман обод мешавад. Вале барои ободии он аз масъулон то сокинони фаъол бояд дар ҳаракат бошанд. Пеш аз ҳама масъалаи об, ки аз масъалаҳои ҳаёт ва мамот аст. ҳалли худро ёбад. Боз ба тақдири бачаҳо бепарво шудан ба ҷинояткориҳо роҳ кушодан аст. Наврасе, ки то пешин бо хониш машғул мешавад, то бегоҳӣ бо кӣ мегардад, бо кӣ мешинад, чӣ кор мекунад, чӣ мехӯрад?! Мо ба ин мавзӯъ албатта бармегардем.
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.