Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Интихоби раисон ба худи халҚ вобаста

Чӣ тавре, ки аз тариқи расонаҳои ахбори умум огоҳед, моҳи майи соли ҷорӣ дар мамлакатамон ба муносибати ба охир расидани муддати ваколати раисон (оқсақолон)-и Ҷамоати шаҳрвандон интихоботи навбатӣ чун ҷараёни сиёсӣ баргузор мегардад.

Фарқи интихоботи навбатӣ аз гузашта дар чӣ? Акнун интихобкунандагон бо иҷозати гурӯҳҳои корӣ дар ҳамаи ҳаракатҳои интихобот иштирок менамоянд. Ба ҳар як овоздиҳанда бюллетени махсус, ки номи номзадҳо сабт шудааст, супорида мешавад. Ба рӯ ба рӯи номи шахси писандида ишораи тасдиқ гузошта, ӯро ба раисии маҳалла интихоб менамоянд. Инчунин, аз тариқи интернет бо роҳи онлайн низ овоз додан мумкин аст.
Зеро тадбири интихоботи имсола дар як ҷараёни ривоҷёбии ҷамъият, демократикунонӣ, либералгардонӣ, пурзӯрнамоии ҷамъияти шаҳрвандӣ баргузор мешавад. Инчунин, интихоботи навбатӣ дар асоси Қонуни махсуси ҳукумат мегузарад. Мувофиқи Қонун интихоботи раисони маҳаллаҳо дар асоси принсипҳои ошкороӣ, шаффофӣ, муқобилӣ ва ҳуқуқҳои якхелаи номзадҳо мегузарад. Пештар интихоботи раисон бо тавсияи шӯрои шаҳрвандон (сельсовет) мегузашт. Ҳоло бошад, он танҳо бо қарори ҷамоати шаҳрвандон (маҳалла) мегузарад. Дар таркиби гурӯҳҳои корӣ баробари фаъолони маҳалла, акнун депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, ки аз ҳамон ҳавза интихоб гардидаанд, иштирок менамоянд.
Аз рӯйи Қонун танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки дар маҳалла камаш панҷ сол боз зиндагӣ доранд, ба раисӣ номзадии худро пешниҳод карда метавонанд. Номзадҳо бояд соҳиби маълумоти олӣ бошанд. Онҳое, ки дар миёни халқ обрӯву эътибор доранд, сарвари оилаи намунавӣ ҳастанд, инчунин дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, тадбиркорӣ ва хоҷагӣ таҷрибаи бойро соҳибанд, ба раисии Ҷамоати шаҳрвандон сазоворанд.
Номзадҳоро аввало халқи ҳамон маҳал ба гурӯҳи корӣ тавсия менамоянд. Роҳбари гурӯҳи корӣ ваколати баланди сиёсиро соҳиб аст. Ӯ метавонад ҳатто дар интихоботи раис сарварӣ намояд. Ба халқ дар бораи номзадҳо маълумоти дуруст расонад.
Ин тадбир дар ноҳияамон бо тайёрии пухта оғоз меёбад. Комиссияи ёрирасони ташкил ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и Ҷамоати шаҳрвандон бо ҳолати ҷойҳое, ки интихобот мегузарад, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ аз наздик ошно мешавад. Барои дар як зина нишон додани номзадҳо дар рӯйихат (бюллетен), аз рӯйи тартиби алифбо ҷой гирондани фамилияю номи номзадҳо бохабар мешаванд. Зеро имсол дар 84 ташкилоти худидоракунии шаҳрвандон, аз ҷумла, дар 77 маҳаллаи ноҳия интихобот мегузарад. Аз қадим тарбияи ҷавонон ва ободии манзилу маконро аҳли маҳалла таъмин менамуд. Ҳоло дар замони Истиқлол ин масъалаҳо салоҳияти сиёсиро соҳиб шуд. Бояд мардум номзади арзандаро интихоб намуда, барои ободии ватан ҳиссагузор бошанд.
Мо барои ошноӣ пайдо кардан бо фаъолияти гурӯҳҳои кории чанде аз маҳаллаҳои ноҳия он ҷо ширкат варзидем. Масалан, муаллими собиқадор, Тӯрақул Ҷалилов раиси гурӯҳи кории ташкил ва гузаронидани интихоботи сарварон (оқсақолон)-и маҳаллаи Сулфакабутак мебошад. Чи тавре, ки ӯ иттилоъ дод, 1679 нафар сокини маҳалла ҳуқуқи овоздиҳиро доранд. Ба 12 фоизи онҳо 210 нафар интихобкунанда рост меояд. Ҳоло номзадҳо муайян гардида, дар 18 самт папкаҳои корӣ тартиб дода шудааст. Барои хуб гузаштани маъракаи муҳим ҷонишини раис ва котиби гурӯҳи корӣ Ӯктамхон Вафоев ва Хуршед Набиев масъулиятшиносона кор мебаранд.
Ин ҳолат дар маҳаллаи Кӯйи Сахо (Кӯсаҳо), ки раиси гурӯҳи корӣ муаллима Назира Раҳимова, ҷонишин ва котиб Усмон Узоқов ва Илҳом Баҳриддинов ҳастанд, низ ба дараҷаи хуб дида мешавад. Папкаҳо дуруст тартиб дода шуда, барои интихоботи раис аз 2700 нафар вакил интихоб мегардад.
Гурӯҳи кории маҳаллаи Ӯрташиқро яке аз педагогҳои машҳур ва шахси кордида Муҳаммадқул Султонмуродов сарварӣ менамояд. Ӯ ҳамроҳи ҷонишин ва котиб Фарида Аҳмадова ва Маҳпора Сатторова аз 4150 нафар аҳолии маҳалла шахсони ҳуқуқи овоздиҳиро пайдо намуда, аз онҳо низ вакилони овоздиҳандаро муайян кардаанд.
Дар маҳаллаи Гулбоғ низ ба тадбири тақдирсози интихоботи раиси маҳалла назари баланд доранд. Собиқадорони ифтихории меҳнат, раис ва ҷонишини раис Ҳоҷӣ Рӯзимурод Шокиров ва Ҳоҷӣ Болтақул Турсунов аз 1961 нафар шахси қобили овоздиҳӣ 210 нафарро ҳамчун вакил пазируфта, ба интихоботи раиси маҳалла, ки номзадҳо пешбинӣ шудаанд, даъват намуданианд.
Боварӣ ҳаст, ки дар маҳаллаҳои дигари ноҳия низ тайёрӣ дар авҷ аст ва барои бенуқсон гузаронидани ин маъракаи муҳим ҳамватанон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зеро интихоби раисон ба худи халқ вобаста аст.

Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 05/04/2019 15:13;   Просмотров: 949
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку