Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Ноҳияи мо саросари кишвар чун минтақаи зироаткорӣ ном баровардааст. Деҳқонони зафармандамонро низ ҳамчун ғаллакорони пуртаҷриба ва кишоварзони меҳнатқарин мешиносанд. Маҳз бо дастони пурэъҷози онҳо замини ҳосилхезамон обшору сабзгун ва дастархони мардумамон фаровон аст. Ба таъбири Президенти аввалини Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Арбоби намоёни давлатӣ Ислом Каримов «Ноҳияи Самарқанд камарбанди зумуррадгуни шаҳри Самарқанд аст».

Аз ин рӯ, ҳар як табадуллот ё худ ислоҳоте, ки дар ҷодаи кишоварзӣ амалӣ мегардад, ба ҳаёти халқи заҳматписанди ноҳияи Самарқанд бетаъсир намемонад. Ба қарибй Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ходимони Вазорати хоҷагии қишлоқ ва об вазифаҳои навро муайян намуд. Дар Фармони Президент аз таърихи 4-уми августи соли 2017 дар ҳамин бобат сухан меравад. Ҳуҷҷати мазкур барои такмил додани фаъолияти Вазорати хоҷагии қишлоқ ва оби ҷумҳурият нақши муҳим дорад.
Чӣ тавре ки дар Фармони ФП-5134-и Президент қайд мегардад, ба туфайли ба дараҷаи лозима кор набурдани Вазорати хоҷагии қишлоқ ва об дар ин соҳа муаммоҳои зиёде ҳалли худро наёфта истодаанд. Ин бошад ба таъмини ривоҷи боҷадали соҳа ва самарадории он таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, барои истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ҷорӣ намудани муносибати бозор бо роҳу равиши замонавӣ халал медиҳад.
Дар бобати ҷорӣ гардонидани захираи замонавии беисрофи обёрии агротехнологӣ, модернизатсия ва таъмини техникии соҳа эътибор дур шудааст. Ҳамкорӣ бо соҳаи таълим, фан ва хоҷагии қишлоқ дар замири истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, навгонии инноватсионии илмиву истеҳсолӣ дар соҳа дида намешавад.
Дар сохтори хоҷагии об низ камбудиҳо зиёданд. Аз ҷумла, аз захираи об босамар ва ба таври ратсионал истифода намебаранд.
Инфрасохтори соҳаи аграрӣ ривоҷ намеёбад, хизматрасонии техникии ташкилотҳо бо хоҷагиҳои фермерӣ ба дараҷаи паст аст.
Ҳамаи онро ба назар гирифта, ба сифати вазифаи Вазорати хоҷагии қишлоқ ва об аз ҷумла инҳо низ муайян мегарданд.
Дар бобати модернизатсияи маҷмӯии соҳа ба роҳ мондани сиёсати ягонаи агротехникӣ ва хоҷагии об, ҷорӣ гардонидани муваффақиятҳои фан ва техника, захираи замонавӣ, агротехнологияҳои сарфакоронаи об, таҷрибаандӯзии маҳаллӣ ва хориҷии фаъол низ дар назар аст.
Ривоҷи босуръати хоҷагии қишлоқ, таъмини бехатарии хӯрокворӣ дар мамлакат, таъмини шуғли аҳолии деҳот ва зиёд гардонидани даромаднокии онҳо, ба миён овардани дастури бомақсади соҳавӣ ва ҳудудӣ оид ба барқарор намудани нархномаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозори дохила мувофиқи мақсад аст.
Дар соҳаи кишоварзӣ ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ва кӯмакрасонии техникӣ дар асоси маблағи грант, аз онҳо мувофиқи қоидаҳри идоракунандаи лоиҳавӣ босамар истифода бурдан низ бомақсад аст.
Такмил додани сохтор ва қоидаҳои идоранамоии захираҳои обёрӣ, таъмин гардонидани сарфакорӣ ва истифодабарии ратсионалии онҳо, беҳгардонии ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, реконструксия ва модернизатсия намудани иншооти хоҷагии об, бунёдкории гидротехникӣ низ дар назар аст.
-Инчунин, мувофиқи Фармони мазкури Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев бояд ҷонишини Сарвазир, вазири хоҷагии қишлоқ ва об Зойир Мирзоев масъулияти шахсии худро барои барқарор намудани ҳамаи бандҳои қарор афзояд.
Мо ходимони соҳа низ бояд масъулиятшинос гардида, барои ободии соҳаи кишоварзии ватани азизамон ҳиссагузор бошем. Барои корбаст гардидани ислоҳот заҳмати зиёд мебояд.

Х.ӮРОҚОВ, мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқ ва оби ноҳия
Ш.ҲАСАНОВ, сармутахассиси шӯъбаи хоҷагии қишлоқ ва оби ноҳия


Последнее редактирование: 13/09/2017 12:09;   Просмотров: 1329
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку