Пирони ҷаҳондида мегуфтанд, ки дар интихоби духтар (келини оянда) тарафи домодшаванда ҳафт пушти аҷдоди духтарро бояд пурсон шаванд. Ба равшан намудани аслу насаби духтар, одоби оилаи ӯ, мавқеи хонадони ӯ дар байни аҳли гузар ва ғайраҳо кӯшиш намоянд. Ҳаракат кунанд, ки келиншавандаашон боақлу идрок, қобил, тарбиятдида ва босабру қаноат бошад. Баъди пурсуҷӯи зиёде ба келин намудани ӯ розӣ шаванд.
Агар ба хонадон келини аз дину диёнат хабардор ояд, ҳамаи аҳли хонадонро бо ақли расои худ, бо меҳри Худою Расул тарбия менамояд, гарчи дар оила фарзандони камтарбия ва ҳатто касони майзада бошанд ҳам. Агар зан бетарбия ва аз дину диёнат бехабар бошад, осоиши оиларо барбод медиҳад, оиларо пароканда менамояд. Барои ҳамин ҳам интихоби келин ҳушёрӣ мехоҳад...
Бисёрии одамон ҳангоми интихоби келин ё домод ба боигарии оилаҳо эътибор медиҳанд, молу давлати ӯро пурсон мешаванд, ба шӯҳрати қалбакии падару модарони бой мафтун мешаванд. Ин хатои калоне дар бобати барпо кардани оила ба шумор меравад, ки ба зудӣ маълум мешавад. Ақлу идроки зану шавҳар бояд ба ҳамдигар наздик бошад. Дараҷаи илму дониши онҳо низ бояд аз ҳамдигар бисёр фарқ накунад. Хонадор шуда, хушбахт гаштани духтари бойи мансабдор бо ҷавони соҳиби илму ҳунар ва тарбияи хуб гирифтаи фақир амри маҳол аст.
На ҳамаи одамони либосҳои наву қиматбаҳо пӯшида ва соҳиби молу давлатро маданӣ ва ботарбия гуфтан мумкин аст. Гап дар либосу давлат не, балки ба ақлу тамиз ва идроку дониш аст. Одами бою бодавлати бетамиз ба духтари поки тарбиядида ҳамсари мувофиқ шуда наметавонад. Ин гуна духтарони покизаю тарбиядида ба ин хел мардони бетарбия ҳайф аст. Одамони ба маишати дунё додашуда ҳарчанд бою бодавлат бошанд ҳам, аз безории кӯча фарқ надоранд. Чунки бо мурури замон онҳо низ ба безориҳо монанд мешаванд. Даромади ҳароми бемеҳнат инсонро бероҳат мекунад, дили ӯро ҳамеша ба ҳарос меандозад, бехобу бемор мекунад. Дар дунё аз саломатию осудагӣ чизи бебаҳое нест. Саломатӣ ва осоиштагӣ боигарии инсон аст. Зане, ки шаъну шарафи оиларо ҳимоя мекунад, зани олиҷаноб ба шумор меравад. Вай ба душвориҳои бисёри оилавӣ дучор шавад ҳам тоқат мекунад. Ба шавҳараш хиёнат намекунад, рӯи фарзандонашу шавҳарашро сиёҳ намекунад, обрӯи оилаву наслашро ба замин намезанад.
Шавҳари ботарбия ба оила боғбону ба фарзандон меҳрубон мешавад, умри азизашро беҳуда намегузаронаду ба тарбияи аҳли оила машғул мегардад. Оилаи хуб боигарии зану шавҳар ва фарзандон аст.
Агар падар аз сӯҳбати фарзандон ва тарбияи онҳо гурехта, ба майнӯшӣ руҷӯъ кунад, молу давлаташро рӯз то рӯз зиёд кунад ҳам, аз ин боигарӣ чӣ фоида?
Баъзан духтарони тарбиядидаро ба писарони бадахлоқ медиҳанд. Бадахлоқии ин гуна писаронро молу давлати падаронашон андаке пинҳон мекунад. Лекин ин сир, албатта, ошкор мешавад, ҳоли писар маълум мегардад. Дар натиҷа духтаре, ки аз беэътибории падару модарашон ба ин аҳвол гирифтор мешаванд, то охири умр бо ҳасрату ғам зиндагӣ мекунанд.
Аз ин рӯ, дар урфият мегӯянд:
Кабӯтар бо кабӯтар,
ғоз бо ғоз,
Кунад ҳамҷинс бо
ҳамҷинс парвоз.
Азиза РАҲМАТОВА, сарвари бибиотунҳои ноҳия
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.