Шиноси деринаам, ки Рустам ном дошт сокини яке аз маҳаллаҳои шаҳр буд. Ӯ орзу мекард, ки баъд аз хатми коллеҷ ба давлати хориҷӣ равад. Рӯзҳои охирини моҳи июн ҳангоми ба даст овардани диплом Рустам роҳи хонаро пеш гирифта, ба падару модараш арз кард:
– Таъмини осоиши зиндагӣ ин албатта пул аст ва одами пулёбу пулдор дар ягон ҷо дар намемонад. Барои он, ки ман ояндаи худро таъмин созам бояд аз ҳамин рӯз сар карда кӯшиш намоям. зеро, ин фурсати ғанимат аст. Ан ин рӯ, ба ман дуо диҳед ва халтаи сафар тайёр кунед, пагоҳ ба роҳ мебароям.
Нобаҳангом аз шунидани ин хабар падару модар саросема шуда бошанд ба хоҳиши фарзандашон, ки борҳо такрор шуда буд, монеъгӣ накардан. Чӣ тавре, ки ҳар дуи онҳо қонуну қоидаҳоро хуб медонистанд, ба фарзанд маслаҳати оқилона доданд, ки бояд Рустам аз хидмати фаолияти "Мигратсияи меҳнат" истифода барад, дилпуррӣ мешаванд. Ӯ ба ин гуфтаҳои падару модараш гӯш накарда, чунин гуфт:
- Фаолияти ин ташкилот қоидаҳоеро дорад, ки вақти бисёр талаб мекунад. Ман аз паи ин қоидаҳо овора шуда вақт намегузаронам. Шиносам Дилшодако, ки чанд солҳо боз дар шаҳри Москва кор мекунанд, пагоҳирӯзӣ ман ва дӯсти наздикам Савлатро бо ҳамроҳи худ ба он шаҳр гирифта мебаранд. Аз сабаби ҷавон буданамон ҳатто бо кор ва ҷои хоб таъмин карданро ваъда карда, ёрии худро таклиф карданд. Кадом вақте ки кор карда пул ёбем оҳиста-оҳиста ба миқдори кам қарзамонро ба Дилшодако бар мегардонем...
Ӯ ҳамин гуфтаҳои худро маъқул донист. Оқибат... Аз мобайн ду сол гузашта, бо бисёр машаққатҳои зиёд бепулу бе ягон чизу чора ба Ватани азиз баргашт. Дертар маълум гардид, ки ӯ барои он, ки кафолати тақдири худро ба каси бегона бовар кардааст, ҷабрдидаи Савдои одам шуда буд...
Фотима МАҲМУДОВА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.