Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум
То муриди шамси Табрезӣ нашуд.
Фарҳоди кӯҳкан – чунин ном дорад яке аз қаҳра- монҳои “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ, ки бо меҳнатдӯстӣ, хирадмандӣ, ҷавонмардӣ ва дигар хислатҳои неки инсониаш асрҳо боз ихлосмандони адабиётро ба ҳайрат мегузорад. Ҳоҷӣ Абдурасул Раҳматов (илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад!) ба тифли навзодаш Фарҳод ном гузошт. Бо умеди он, ки писари саввумаш мисли ӯ ба халқу Ватан хизмати шоиста намояд.
Рӯзҳо паи ҳам гузаштанд, Фарҳод дар оила ва мактаб тарбияи хуб гирифта ба воя расид ва қиблагоҳашро ба орзуи дил расонид. Аммо осон набуд ба боварии падар расидан, хизмати модар – Ватанро адо намудан. Ҳикояти мо дар хусуси ана ҳамин марди шариф аст.
Фарҳоди кӯҳкан – чунин ном дорад яке аз қаҳра- монҳои “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ, ки бо меҳнатдӯстӣ, хирадмандӣ, ҷавонмардӣ ва дигар хислатҳои неки инсониаш асрҳо боз ихлосмандони адабиётро ба ҳайрат мегузорад. Ҳоҷӣ Абдурасул Раҳматов (илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад!) ба тифли навзодаш Фарҳод ном гузошт. Бо умеди он, ки писари саввумаш мисли ӯ ба халқу Ватан хизмати шоиста намояд.
Рӯзҳо паи ҳам гузаштанд, Фарҳод дар оила ва мактаб тарбияи хуб гирифта ба воя расид ва қиблагоҳашро ба орзуи дил расонид. Аммо осон набуд ба боварии падар расидан, хизмати модар – Ватанро адо намудан. Ҳикояти мо дар хусуси ана ҳамин марди шариф аст.
АЗ ҲАРАКАТ – БАРАКАТ
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Ба хонандагони синфи шаш фанни нав – таълими меҳнат оғоз ёфт. Омӯзгор Рустам Наимов (Худо раҳмат кунад!) барои гузаштани дарс писарбачаҳоро ба устохонаи мактаб бурд, духтаракон бошанд, ба кабинети меҳнат, ки мошинаҳои дӯзандагӣ дошт, рафтанд.
Дар устохона дастгоҳҳои дуредгарӣ мавҷуд буд ва рӯйи мизи дарози чӯбини аз гӯша ҷой гирифтаро ас-бобҳои дастии дуредгарӣ зеб медод. Бачаҳо худсарона ба арраю болға, дастрандаю искана ва ғайра часпиданд.
- Ҳама саф кашад, - амр дод муаллим, - агар касе беиҷозат ба чизе расад, аз дар берун мешавад.
Хонандагон итоаткорона саф оростанд. Рустам Наимов баъди ҳозир – ғоиб кардани мактабиён ва бо онҳо шинос шудан, ба мақсад гузашт:
- Дуредгарӣ, - гуфт ӯ, - ҳунар аст. Аммо бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Барои омӯхтани касби дуредгарӣ интизоми қатъӣ, сабру тоқат ва муҳаббат ба меҳнат лозим аст. Касб ҳамон вақт ба инсон бахт меоварад, ки ӯ ҳалол кор кунад, сиру асрори ҳунарро пухта омӯзад. Устохона барои булҳавасон нест. Ҳар кӣ нияти касб омӯхтан дошта бошад, марҳамат. Аммо барои шахсоне, ки вақтро беҳуда гузаронидан мехоҳанд, дари устохона маҳкам. Ба ин турфа хонандагон иҷозат медиҳам, ки ба майдони футбол рафта, аз паси тӯп тозанд. Баҳогузорӣ аз ман.
Аз ин суханони муаллим баъзеҳо хурсанд шуданд, баъзеҳо хафа, аммо усто Рустам Наимов гапи ҳақро гуфта таъкид карда буд, ки мард ба ҳунар ном гирад ва соҳиби бахт мешавад.
Фарҳод тафсилоти дарси меҳнатро ба падари бузург-вор бегоҳирӯзӣ гуфта дод. Абдурасулака чанд лаҳза хомӯш монд. Ва сипас лаб ба сухан кушод.
- Шери додо, парранда баҳри парвоз, инсон барои бахт офарида шудааст, - гуфт ӯ, - одам дар дунё барои ҷамъи молу давлат не, балки барои хизмат ба халқ умр ба сар мебарад. Ҳамин дуввумӣ аз инсон боқӣ мемонад. Лекин бахт одамро намеёбад, балки одам дар ҷустуҷӯйи бахт ҳаракат мекунад: “Бе азми дурусту саъйи комил, касро нашавад мурод ҳосил”.
Насиҳату маслиҳати қиблагоҳ ба писари ҳунаромӯз нерӯи тоза бахшид. Акнун Фарҳод барои омӯхтани сиру асрори ҳунари дуредгарӣ камари ҳиммат баст. Муаллимаш Рустам Наимов кӯшишу ғайрати ӯро дида бо суханони тасаллобахш руҳашро мебардошт. Рӯзе, ки шогирдаш курсӣ сохт, таърифу ситоиши он на танҳо дар синфу мактаб, балки дар гузари Равонак низ паҳн шуд. Боре ӯ тахтачаи сабзирезакунӣ сохта омад. Модараш Зулфия Камолова он рӯз аз хурсандӣ оши палав пухт, писари ҳунарманди худро дуо карда гуфт, ки устоҳои пуртаҷриба ҳам ин хел тахтачаи сифатнок ва пурнақшу нигор сохта наметавонанд. Фарҳод аз таъриф ба куртааш намеғун-ҷид. Муаллимаш ҳам ба ҳунари ӯ баҳои баланд дода, кайфияташро мебардошт.
ҲУНАР - ЗАР
Мебош ба ҷидду ҷаҳд дар кор,
Домони талаб зи даст магзор!
Ҳар чиз, ки дил бар он барояд,
Гар ҷаҳд кунӣ, ба дастат ояд.
Фарҳод Раҳматов мактаби зодгоҳашро хатм карду ба муаллими ҳунарманди худ Рустам Наимов шогирд шуд. Ҳар ду бо сохтани дару тиреза, пӯшидани бом ва дигар корҳои дуредгарӣ машғул гардиданд. Акнун на онҳо корро, балки кор онҳоро кофта меомад. Илтимосу супориш авҷ мегирифт, шумораи мизоҷон меафзуд. Вале дар айни ҷӯшу хурӯши кор аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома омад. Фарҳод қарзи ҷавонмардиро дар ҷумҳурияти Молдова адо намуд. Ӯ дар қисми сохтмон усто буд. Бо меҳнати сарбозони бинокор дар шаҳри Кишинёв чанд биноҳои бошукӯҳ қад афрохтанд. Муҳимаш, ду соли хизмат, гӯё дар фурсати як мижазанӣ гузашт. Вай баъди адои хизмат ҳуҷҷаташро дар Донишкадаи давлатии меъморию бинокории Самарқанд супурд. Аз имтиҳоноти қабул сарбаландона гузашта, номи донишҷӯйро гирифт. Дар вақтҳои холӣ боз бо касби дуредгарӣ машғул мешуд.
Соли 1991 баъди соҳибистиқлол шудани Ӯзбекистон дар кишварамон ба тадбиркорӣ роҳи васеъ кушода шуд. Фарҳод бо маслиҳат ва дуои падар як қисми пиллахонаи собиқ хоҷагии ҷамоатии Гулбодро ба иҷора гирифта, сехи дуредгарӣ кушод. Вай бо устодаш барои мардум масолеҳи бинокорӣ – дару тиреза ва ғайра сохта, фурӯши онро ба роҳ монд. Аз ҳисоби даромад фаъолияти тадбиркории худро вусъат дод. Оҳиста-оҳиста сехи хурдакак ба фабрикаи калон табдил ёфт. Маҳсулоти “Гулобод мебел” на танҳо дар ноҳия, ҳатто берун аз ҳудуди он низ харидор пайдо кард. Директори навовару ташаббускор Фарҳод Раҳматов ба кишварҳои хориҷа азми сафар намуда, дастгоҳҳои замонавӣ овард. Дивану кресло, ҷевону катҳо, мизу курсиҳо ва дигар ашёи корхона дар намоишгоҳи ҷумҳурият ва байналхалқӣ гузошта шуд ва коргоҳ соҳиби ҷоиза гардид. Аз комёбиҳои “Гулобод мебел” собиқ ҳокими ноҳияи Самарқанд Баҳодур Саъдуллоев хурсанд шуда, барои боз ҳам ривоҷ додани фаъолияти корхона кӯмаку дастгирии худро дареғ надошт. Ӯ аз маркази ноҳия барои сохтмони фабрикаи нав замин ҷудо карда дод.
Боиси ифтихор аст, ки акнун аз бисёр гӯшаву канори Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тадбиркорон ба корхонаи мазкур ташриф фармуда, таҷриба меомӯзанд.
Муваффақиятҳои писари худро дида, падари бузургвораш Абдурасул Раҳматов мегуфт, ки калиди бахт дар меҳнати ҳалол аст.
САРВАРИ БЕБАҲО ВА БЕИНТИҲО
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.
Ба марги нобаҳангоми падар фарзандон, аз он ҷумла Фарҳод ба худ печиду аз ғаму андӯҳ оташвор сӯхт. Охир Ҳоҷӣ Абдурасулбобо шаҳсутуни хонадон, сарпарасту сарпаноҳ, калиди бахти ханадони сулолаи Раҳматовҳо буд. Қариб як сол аст, ки ӯ дар байни мо нест. Ҳар гоҳ аҳли оиларо хумори падар гирад, ба боғу токзори серҳосили ӯ мераванд, ки он ҷо ҳар як дарахтеву гулбуттае меҳри ӯро ба ёд мерасонанд. Ин албатта бесабаб нест, зеро ҳоҷӣ Абдурасулбобо ҳамчун бригадиру сарҳосилоти хоҷагӣ то лаҳзаҳои вопасини умри худ бо парвариши ниҳолҳои меваноку манзаравӣ, гулзору токзорҳо машғул буд.
Ҳоло ҳар субҳи босафои Фарҳод Раҳматов аз дуои модари меҳрубону ғамхор оғоз меёбад. Шояд аз ҳамин сабаб корхонаи “Гулобод мебел” рӯз то рӯз шӯҳрат меёбад ва корҳои хайр ва савоби сарвари он вирди забон аст.
Чанде пеш камина бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти коргоҳи “Гулобод мебел” ба идораи маъмурии он, ки дар кӯчаи Берунии шаҳри Самарқанд ҷойгир аст, ҳозир шудам. Фарҳод Раҳматов одами ниҳоят дилкашу хушгап, хушлибосу хушсимо будааст, сӯҳбатамон бо ӯ ба қавле қаймоқ баст.
- Шукри замон кунем, ки бо ғамхории сарвари давлат ба тадбиркорӣ роҳи калон кушода шуд, - бо ҳисси шодмонӣ барафзуд Фарҳод Абдурасулович, - ман аз имконияти хушбахтона истифода бурда, ба Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев арзи сипос менамоям. Охир ҳар як баромад ва ҳар як фармони ӯ ба дастгирии тадбиркорӣ равона аст. Аммо, баъзан шахсони аҷоибу ғароиб омада, чунон “сиёсат” мекунанд, ки гӯё замину осмон меларзад. Як дафъа ба чунин ашхоси мансабдор гуфтам, ки фабрикаи мо баста шавад ҳам, аммо арраю рандаро аз дастам гирифта наметавонӣ. Ҳунарманд, яъне дуредгар будам, хоҳам монд. Хушбахтона “комиссия” хатои худро фаҳмид ва узр пурсида, бадар рафт.
Сӯҳбати мо бештар қӯр мегирифт, аммо занги телефон ва гоҳ-гоҳ сар халондани ходимон аз он гувоҳӣ медод, ки мусоҳиби мо ниҳоят серкор аст. Боварӣ ҳосил кардам, ки калиди бахт ба меҳнату ҳунар аст, мисоли он дар фаъолияти Фарҳоди ҷавонмард бараъло ба назар мерасад.
Дар ҳаққи қаҳрамони лавҳаи мо шоир Н. Каримзода шеъре дород, ки ҳам чун ҳусни хотима манзури шумо мегардонем:
Фарҳоди замони мо, пирӯзӣ муборак бод,
Бар халқи диёри мо дилсӯзӣ муборак бод.
Эй фами Самарқандӣ, хушбахт ҷавонмардӣ,
Аз азму қарори нек наврӯзӣ муборак бод!
Ҳар як суханат чун қанд, бо риштаи дил пайванд,
Хуршеди саодатманд, хешафрӯзӣ муборак бод!
Аз партаи шогирдӣ то раҳбарӣ-устодӣ,
Ҳастанд ҳама розӣ, худомӯзӣ муборак бод!
Фарзонаи давронӣ, инсони ҷаҳондонӣ,
Бо роҳи фидокорӣ зарандӯзӣ муборак бод!
Фарзанди Расул бошӣ, Яздонро чу гул бошӣ,
Мебели нафисро ҳам гулдӯзӣ муборак бод!
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Дар акс: чанд лаҳза аз фаъолияти коргоҳи “Гулобод мебел”.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.