Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КАМБАҒАЛ НАМЕШАВЕМ, АГАР...

Ғофил манишин на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Сарвари давлатамон барои беҳтар гардонидани шароити зисти аҳолӣ ҳамеша кӯшишу ғайрат мекунанд. Мо инро дар Муроҷиатнома ба Маҷлиси Олии Палатаи қонунофарӣ ва намояндагони халқ эҳсос намудем.
Чуноне, ки сарвари давлатамон таъкид намуданд, дар мамлакати мо камбағалон ҳам ҳастанд. Барои аз камбағалӣ раҳоӣ ёфтан бояд барномаи махсус тартиб дода, мувофиқи он ба аҳолӣ маълумот дода, роҳи бизнес, пулёбиро омӯзонидан ба мақсад мувофиқ аст.
Чуноне, ки шоир фармудааст:
Беҳунар давлат поянда набошад бас дер,
Давлат он бошад поянда, ки ёбӣ ба ҳунар.
Камина 18 сол инҷониб аъзои Иттиҳодияи "Ҳунарманд" буда, бо оҳангарӣ машғулам. Ин ҳунарро аз устодонам Сӯҳроб ва Фирӯз омӯхтам. Ҳоло дар даромадгоҳи маҳаллаи Газчиён фаъолият дорам. Аз металу тунука гулдон, шамъдон, панҷараву либосовезак, зинапояву дигар чизҳо месозам. Ба наврасон низ ин ҳунарро меомӯзонам.
Хуб медонам, ки шахси ҳунарманд ҳеҷ гоҳ камбағал намешавад.

Наврӯз АҲРОРҚУЛОВ,
ҳунарманд


Дата добавления: 25/03/2020 16:13;   Просмотров: 842
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку