Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КАЙФИЯТИ МАРДУМ

ба ташаббуси фаъолони маҳалла вобаста аст

Имрӯзҳо мақому мартабаи органҳои худидоракунии шаҳрвандон дар ҷамъияти демократии мо беш аз пеш устувор гашта, дахолати фаъолонаи одамон дар ҳаёти иҷтимоӣ равшану возеҳ ба чашм мерасад. Ҳар як гузар, маҳалла, деҳаҳои хурду калон, мавзеъҳои аҳолинишин таҳти назару эътибор ва ғамхориҳои давлат қарор дошта, болоравии сатҳи зиндагии мардумро дар ҳар қадам дидан мумкин аст. Бо маблағ ва ҳашари халқ кӯчаҳо тахту ҳамвор, мумфарш мегарданд, бо саъю кӯшиши соҳибкорон ва фидоиён дӯконҳои савдо, хизмати маишӣ, майдонҳои варзиш. чойхонаву корхонаҳои истеҳсолӣ меафзоянд. Панди Ҳаким Низомии Ганҷавӣ:

Кӯш, то халқро ба кор оӣ,

То ба хулқат ҷаҳон биороӣ,

ҳақ асту рост. Аммо, баробари муваффақиятҳо дар баъзе ҷойҳо ҳанӯз ҳам камбудӣ ва норасоиҳои ҷиддӣ, муаммоҳои сарбаста кам нестанд. Ин муаммоҳо худ аз худ аз ғайб, аз осмон намеояд, баръакс аз лоқайдӣ, бепарвоӣ, хунукназарии баъзе тоифаи одамон нисбати муҳити атроф, беэҳтиромӣ ба қонун ва қарорҳои ҳукумат, риоя накардан ба маданияти зиндагӣ, одоби оиладорӣ, тӯю маърака, тинҷиву осоиштагӣ ва ғайра пайдо мешаванд. Агар ҳар кас, ҳар оила ба ин масъалаҳои доғи рӯз оқилона муносибат намояд, чун фарзанди Ватан, сокини бонангу номуси маҳалла корҳои хайру ибратпазирро амалӣ гардонад, иллатҳои мавҷуда барҳам мехӯранд. Он ҷое, ки аҳливу тифоқӣ устувор аст, мушкилиҳо осон мешаванд.

Аз ин рӯ, бояд раисон ва фаъолони ваколатноки маҳаллаҳо бо нақшаҳои муайяни ҳафтаина ва моҳона корбарӣ намоянд, масъулияти баланди худро дар назди интихобчиён ҳар рӯзу ҳар соат дарк созанд нуран аъло нур аст. Хоҳӣ, ки нашавӣ расво, ҳамроҳи ҷамоат бош, гуфтааст донишманде.

Ҳафтаи гузашта дар маҳаллаи Кӯи сахо оиди ҳамин гуна масъалаҳо мулоқот баргузор гардид. Дар он раиси Ҷамъомади шаҳрвандони деҳоти Оҳалик Р.Хайруллоев, раиси маҳалла А.Раҷабов, депутатҳои Шӯрои ноҳия М.Маҳмудова, Н.Каримов, ходимони идораҳои андоз, кадастр, шӯъбаи корҳои дохилӣ иштирокчиёнро бо ҳолатҳои ногувор ва ташвишоваре, ки ба маҳаллаи мазкур тааллуқ дорад, огоҳ намуда, чораву тадбирҳои зарурӣ андешиданро таъкид карданд. Хусусан, пардохти қарзҳои бардавоми соли 2016 нисбати замин ва молу мулк, кадастри хонаву ҷой, таъминоти барқ, гази баллонӣ, оби нӯшокӣ, тозагиву ободонии атрофи кӯчаву ҳавлиҳо, ҷӯйҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ (томорқа) ва ғайра мавриди баррасии муфассали ҳозирон қарор гирифтанд. Ҳамчунин масъалае, ки аз ҳисоби маблағи халқ дар маҳалла трансформатори нав гузошта шуду оиди сарфу харҷаш то ҳанӯз ҳисобот дода нашудааст, муҳокима гардид. Дар мулоқот ба савол, тавсия ва мулоҳизаҳои танқидии чанде аз иштирокчиён ҷавоб дода шуд.

Дар мулоқот раисони маҳаллаҳои Ӯрташиқ, Сулфакабутак, Гулбоғ иштирок доштанд.

Н.МЕҲРАНГЕЗ
А.МАЪРУФОВ

 

 

 

 

 


Дата добавления: 03/02/2017 15:40;   Просмотров: 1630
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку