Кӯчаи асосии деҳаи Гулбоғ номи фарзанди асили ин диёр ходими намоёни ҷамоатӣ, иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Облоқул Мансуровро дорад. Ҳоло авлоди нав ба навиштаҷоти сари дарвозаи мардум "кӯча ба номи О.Мансуров" бо ҳайрат менигаранд, ки худи ӯ кӣ бошад? Бояд насли имрӯзро аз корномаи аҷдоди худ огоҳ созем.
Облоқул Мансуров моҳи марти соли 1917 дар оилаи деҳқону ҳунарманди номии замони худ Мансури ҳалвогар ва Анбар - духтари Орифи элликбошӣ ба дунё омадааст. Саводи ибтидоиро аз мактаби саводомӯзии Қалъабоғ (ҳоло мактаби рақами 17-и деҳаи Гулбоғ) гирифтааст. Дар сафи падар истода, барои ба по мондани хоҷагии ҷамоатии ба номи Куйбишев аввал ҳамчун ҷуфтгар, сардори звено заҳмат кашид. Соли 1937 ба хизмати ҳарбӣ рафту соли 1939 ба ҷанги Фирландия. Сонитар соли 1941 ба сафи аскарони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамроҳ шуда, то соли 1942 дар набарди хунини муҳориба буд. Аз ҷанг захмӣ шуда, ногиро ба ватани худ баргашт. Ҷасурӣ, поквиҷдонии Облоқул Мансуровро ба эътибор гирифта, ӯро ба хоҷагӣ раиси комиссияи тафтиш интихоб карданд. Облоқул Мансуров курси яксолаи Мактаби роҳбарони хоҷагии қишлоқро хонда, ҳамчун сардори Иттифоқи ҷавонон - Комсомоли зирак ном баровард. Ӯро соли 1943 дар синни 26-солагӣ пас аз Адҳам Қобилов раиси хоҷагии ба номи Куйбишев таъин намуданд. Раисии Облоқул Мансуров дар хоҷагӣ то соли 1960 давом ёфт. Дар вақти раисии Облоқул Мансуров колхоз ба дараҷаи намунавӣ расид. Соҳиби идораи маъмурӣ, клуби замонавӣ гардид. Барои ҳосилдор намудани замини маҳалҳои дашти ноободи Галатеппа, Янгиариқ ҷонбозӣ кард. Баъди бист соли раисӣ асоратҳои ҷанг хуруҷ намуд. Пас вазифаҳои раиси кумитаи ҳизб, сардори бригада, сонитар миробиро ихтиёр карда, то соли 1976 то дами вопасини умри азизаш дар хоҷагӣ заҳмат кашид. Дар ин солҳои серкориаш низ ӯ аз деҳаи зодгоҳаш - Гулбоғ дур набуд. Солҳои дароз раисии маҳалларо низ бар дӯш дошт. Дар муҳити ҳамин маҳалла оилаи зебое бунёд намуд. Бо ҳамсари худ Сарвар - духтари Усто Холиқ соҳиби ҳашт фарзанди оқилу доно гардид. Ҳоло фарзандони онҳо дар ҷамъият мавқею эҳтироми худро соҳиб ҳастанд.
Ҳукумат хизматҳои Облоқул Мансуровро ба инобат гирифта, ӯро бо медалҳои "Барои Ғалаба", орденҳои гуногундараҷаи "Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ", "Байрақи сурхи меҳнат", нишони "Ифтихорманди меҳнат", медалҳои "Ҷасорат", "70-солагии Ғалаба", "Ғолиби ярмаркаи умумҷаҳонии ВДНХ" ва ифтихорномаҳои зиёд сарафроз гардонидааст.
Баъди маргаш баҳои асосиро барои Облоқул Мансуров халқи қадршиносаш дода, кӯчаро ба номи ӯ гузоштааст.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.