Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КӮИ САХО ДИЁРИ ПУРСАХОВУ ОБОДГАРОН

Маҳаллаи Кӯи Сахо, ки миёни мардум ва ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ бо номи Кӯсаҳо машҳур аст, таърихи ҳазорсола дорад. Ин диёри қадим ватани мардони баору номус, бонувони ҳунарманд ва оқила, ки барои фаровонӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷамъият заҳмат кашидаанд, мебошад.

Ин ҷо номҳои мубораки шодравонҳо - яке аз аввалин роҳбарони ноҳияи Самарқанд Абдурауф Маъруфӣ, Корманди шоистаи саноати Ӯзбекистон Бинобар Рашидова, кормандони масъули ҳуқуқу тартибот Акбар Раҷабов, Азиз ва Ҳафиз Ҳалимовҳо, шаҳиди Ҷанги Афғонистон Хироҷиддин Ғиёсов, Ҳамдамбобо Эгамов ва даҳҳо ҷонсипарони дигарро мисол овардан мумкин аст.
Барои чун диёри озодагон ном баровардани Кӯи сахо сарварони маҳалла дар солҳои гуногун Ӯроқмуаллим Аҳадов, Абдурафиқ Маъруфӣ, Ҳафиз Ҳалимов, Мустафоқул Нарзиқулов, Усто Обид Ҳотамов, Неъмат Ҳамдамов ҳиссаи босазо гузоштаанд.
Ҳоло маҳалларо яке аз ҷавонмардони ташаббускор ва дилсӯз Аъзамҷон Акбарович Раҷабов роҳбарӣ менамояд.
Аъзамҷон Раҷабов ду сол қабл, моҳи майи соли 2016 дар асоси интихоботи кушод якдилона сарвари маҳалла пазируфта шуд. Маҳз дар бадали ду соли охир кӯчаву гулгаштҳои маҳалла ба ободӣ рӯй овард. Ҳолати кӯчаҳо беҳ гардид. Чор адад трансформатори нави барқрасонӣ ба кор даромад. Таъмини мардум бо гази табии балонӣ ба низом даромад. Нассосҳои артизанӣ ба халқ оби нӯшокӣ мерасонад.
- Аз давраи мактабӣ ба шеъру адаб дилбастагӣ дорам. Агарчӣ собиқадори соҳаи корҳои дохилӣ ҳастам, сӯҳбати аҳли маъниро меписандам. Яке аз маслиҳатгарони маънавии ман ифтихори маҳаллаамон донишманди тавонои соҳаи адабиёту таърих ва ҳисоб шоир Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ мебошанд. Аз чунин инсонҳо ҳар рӯз як маънии тоза гирифтан мумкин аст. Инчунин, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Гулобод тонги», депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд, шоир Нормурод Каримзода барои ман чун амак панд медиҳанд. Ашъори он кас дар бораи Кӯи Сахо зиёд аст. Саъдии бузург хуб фармудааст:
Як гули мақсуд
дар ин бӯстон,
Чида нашуд
бе мадади дӯстон.
Барои боз ҳам ободтар намудани маҳалла пирони деҳа бо сарварии раиси «Нурониён» Неъмат Ҳамдамов, аъзоён Саидмурод Ҳошимов, Назира Раҳимова, Абдурафиқ Маъруфӣ, Усмонқул Узоқов, Аслам Нарзиев, Шариф Ҳакимов, Дониёр Расулов, Ҳамроқул Рауфов, Наим ва Рафиқ Сатторовҳо, Аминҷон Рауфов, Холбой Ҷӯраев, Амонбобо Бурҳонов, Даврон Қаҳҳоров ва дигарон маслиҳатҳои хуб медиҳанд.
Маҳз бо дуои онҳо бо дастгирии моддии Фарҳод Ҳалимов, Ҷонибек Ҷӯраев, усто Алиҷон ва Анварҷон қабристони Хоҷа Кафшер таъмири хушсифат карда шуд. Бо ташаббуси Мӯҳсин Давронов дар қисми сарҳадии маҳаллаи мо бо маҳаллаҳои Сулфакабудак ва Гулбоғ чойхонаи базеби Сари ҳавз кушода шуд.
Бо сарварии раиси «Ободонӣ» Акмал Маъруфӣ ва дастгирии усто Фазлиддин Зиёев, Акобир Халилов кӯчаи дохилӣ мумфарш гардида, бунёди чойхонаи нав дар қисми Боғи Шайх давом дорад. Фурқатҷон Ҷӯраев, Усмон Узоқов, Икром Ғиёсов бо раҳнамоии Абдурафиқ Маъруфӣ қубурҳои оби нӯшокиро нав намуда, насосҳои артизанӣ гузарониданд.
Яке аз амалҳои беҳтарин, ки аҳли маҳалла иҷро кард, анъанаи қадимии халқамон - ҷӯйкобӣ мебошад. Бо ҳашарӣ умумӣ ва дастгирии Бекзод Эгамов, Ҷонибек Узоқов, Авазҷон Маҷидов, Фирдавс Ҳамроқулов Ҷӯйи шаҳр – Маздоҳӣ, ки аз Даштисӯхтаву Гулбоғ ба мо омада, то Ӯрташиқ мерасад, кофта, партовҳояш бароварда шуд.
Мо бо ҷавонони маҳалла низ ифтихор дорем. Номҳои Усто Тоҳир ва Ҳасан Нарзиқуловҳо, Боис Маъруфӣ, Маъруф Камолов, Эркин ва Элёр Маъруфиҳо, Фарҳод Ҳалимов, Ҳамза ва Авазҷон Маҷидовҳо, Орифҷон Шодиев, Азизҷон Солеев ва дигарон бо вуҷуди ҷавониашон шӯҳратёр гардидаанд, - иброз дошт раиси маҳаллаи Кӯи Сахо Аъзамҷон Раҷабов.
Ҳоло дар Кӯи Сахо муаммову ташвишҳо зиёданд, ки барои он раиси маҳалла бо маслиҳатчӣ Шоира Ҳоҷиева, котиба Меҳрубон Эшонқулова, посбон Сарҳатилло Норов, раиси кумитаи зан ва духтарон Хуршеда Зокирова ва аҳли маҳалла зуд-зуд машварат ороста, бо калиди ақл қулфи муаммоҳоро мекушоянд.

Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 05/07/2018 12:45;   Просмотров: 1075
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку