Барфу борону об мӯъҷизаи Худост. Онҳо манбаи фаровонии ҳосил, ризқу рӯзии халқ аст. Гузаштагони мо, бобову бобокалонамон одамони хеле донову ояндабин будаанд. Чунки барои насли оянда ва ризқу рӯзии онҳо ҷӯйбору каналу ҳавзҳо бунёд кардаанд. Барои алоқаву муносибат, рафту омад бо одамони дигар маҳалҳо, шаҳру деҳот кӯчаҳо бунёд намуданд. Пиёда, бо аспу хару шутур ба ҷойҳои дур сафар мекарданду бо корҳои тиҷорат машғул мешуданд. Барои рух надодани фоҷиаву офатҳои табиӣ ҷӯйбору каналҳоро кофта тоза мекарданд.
То солҳои 60-70-уми асри гузашта аз он ҳавзу ҷӯйбори об нону хӯрок тайёр мекарданд.
Дар ёд дорам. Давраи бачагиам солҳои 1950-1960 дар маҳаллаи Шӯрбоӣ гузашт. Аз канори он канали калони "Каварзор" (Оби Машҳад низ мегуфтанд) мегузашт. Ҳамеша оби бисёр дошт. Фасли баҳор об лойолуд меомад. Фасли тобистону тирамоҳ ҷои дӯстдоштаи бачагону наврасон буд. Дар ҳар ҷои он оббозӣ мекарданд. Ҳатто калонсолон низ "Оби Машҳад, дарду балоро кашад" гӯён оббозӣ карда меомаданд. Дар ҳақиқат ҳамчун оби шифобахш ба беморон шифо мебахшид. Аз он бо сатилҳо об кашонида истеъмол мекарданд.
Ҳоло чандин сол аст, ки аз он канали калон як ҷӯйборчаи хурде мондааст. Бо ахлоту чизҳои ифлоси ғайрисанитарӣ (ҳайвонҳои мурдаву халтаҳои пур аз чизҳои касалиовар) олуда шудаанд. Касе барои ин ғам намехӯрад, аз эътибори роҳбарону мутасаддиён дур мондааст.
Аз рӯи нақли падару бобоҳо дар канали Дарғам аз ҳудуди маҳаллаҳои Найзатеппа, Диёр, Равонак, Талибарзу, Чаман, Найману Боғитиллову Қозиқӯрғон то Раҷабамин бараш зиёда аз 100 метр пастхамие мавҷуд буд. Оби зиёде, ки ҳангоми обхезиҳо, селҳои фасли тирамоҳу баҳор (дар натиҷаи боришҳои зиёд) ба канали Дарғам мефаромаданд, аз ҳамин пастхамӣ гузашта, ба канали Сиёб мерехтааст. Он ба хонадонҳо зарар намерасонидааст. Барои поидани кирми пилла раисони хоҷагиҳо (колхозҳо)-и собиқ "Комсомол", "М.Горкий", "Ленин байроқ", "Садриддин Айни"-ву "Ӯзбекистон" тутҳои хасакшинонидаанд. Касе ҳақ надошт, ки дарахти тутро нобуд кунад. Ба ҷазо кашида мешуд.
Охирҳои солҳои 80-90 ин ҷойҳо аз тарафи пулдорҳо аввал худсарона аз худ гардид. Баъдтар тутҳоро бароварда, иморат рост намуданд. Онҳоро дида дигарон низ ба раисони хоҷагиҳо муроҷиат намуданд. Дар муддати 2-3 сол аз тутҳо нишоне намонд. Биноҳои 2-3 қабата рост шуд. Ҳавлӣ карда, печонида гирифтанд, роҳҳои обгузар баста шуд. Агар ҳама аз як тараф қубур мепартофтанд, обҳои сел аз он гузашта мерафт. Афсӯс, ки нашуд. Касе фикр накард, ки обҳои боришот ва селҳои ногаҳонӣ ба куҷо меравад?
Маркази маҳаллаи Равонак дар чор-панҷ соли охир гӯё ба "шаҳр" табдил ёфт. Биноҳои истиқомативу тиҷоратӣ, мағозаву дӯконҳо, устохонаҳои гуногун, ошхонаву ресторанҳо, нонвойхонаву хонаҳои хизмати маишӣ, масҷиду маркази маданият ва дамгирии аҳолӣ бунёд шуданд.
Солҳои охир боришот ҳам бисёр шуда истодааст. Ин албатта хуб аст.Барои кишту кори деҳқонӣ манбаи зиёд шудани ҳосил. Лекин аз тарафи дигар аз сабаби набудани ҷӯйбору роҳҳои обгузар кӯчаҳо, дохили таҳхонаву ҳавлиҳо зери об монда истодаанд. Ҳоло кӯчаи марказии маҳаллаи Равонак аз сероҳаи нақлиёт ба сӯи Шӯрбоӣ, Шӯрбоича, Найзатеппа ва шаҳр меравад. Он оби ҷамъшуда роҳи баромад надорад. Ҳоло кӯли калони заврақрониву мурғобипарварӣ ва моҳипарвариро мебинед.
Соҳибони ҳавлӣ, ходимони мағозаву дӯконҳо, корхонаву хизматҳои маишӣ шабу рӯз хоб накарда, аз хавотир посбонӣ мекунанд.
Барои кашидани об моторчаи обкашӣ шинонида, ба ҷӯйи боло мекашанд, аммо... То ба кай? Чӣ бояд кард? Касе илоҷи онро ёфта наметавонад. Ҳама он одамонро лаънат мекунанд, ки роҳи обгузарро маҳкам кардаанд. Роҳбарони мутасаддии хоҷагиҳо (колхозҳо) - раису земломеру ревком, ҳангоми тақсимоти замин роҳи обгузарро ҷудо накардаанд. Мана оқибати кор ба чӣ овард.
Хонандагони азиз, агар тамошо кардан хоҳед,як сари қадам ба Равонак омада, кӯли сунъиро бо чашми худ бинед. Шояд ягон маслиҳати хуб аз шумо барояд. Мо хурсанд мешудем.
Матн ва сурати Р.ШАРИФ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.