Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КОНИГИЛ – КОНИ БОЗДИД

Ноҳияи Самарқанд бо қадамҷойҳои таърихии худ ба олам маълуму машҳур аст. Яке аз онҳо маҳаллаи Конигил мебошад, ки замоне дар ин ҷо коғаз мебароварданд ва аз гили табииӣ танӯр, кӯза, чойнику пиёла, табақ ва ғайра месохтандҳоло мардуми таҳҷоӣ анъанаи гузаштагонро идома медиҳанд, ки диққати сайёҳонро низ ҷалб мекунад. Бо ҳамин муносибат дар Конигил маркази сайёҳӣ ташкил ёфт.

Рӯзи шанбеи гузашта яке аз марказҳои сайёҳӣ ба расмият кушода шуд. Дар тадбир ҷонишини сарвазир Абдуазищ Абдуҳакимов иштирок карда, ба амини деҳа Каромат Раҳматова сертификати (гувоҳнома)-и маркази туризмро супурд.

-Ман солҳои тӯлонӣ бо коғазбарорӣ машғулам, - гуфт тадбиркор Зариф Мухторов, - корхонаи моёнро ҳар сол садҳо нафар меҳмонони хориҷӣ аз назар гузаронида, баъзе маҳсулотамонро харид мекунанд. Пас аз он, ки маҳаллаи мо мақоми расмӣ гирифт, бешубҳа адади сайёҳон хоҳад афзуд.

Воқеан, дар ду соҳили рӯди Сиёби Конигил бисёр дӯконҳои ҳунармандӣ ҷой гирифтаанд. Бо қарори ҳокими вилоят минбаъд сайёҳон пои пиёда аз Регистон то Конигил омада, аз сиру асрори ҳунармандони маҳалла баҳраманд мегарданд.

Дар тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, ҳокими ноҳия Носир Мавлонов ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Дар акс: чанд лаҳза аз кушодашавии маркази сайёҳӣ дар Конигил.

Аксбардор Баҳодури ЗОҲИР


Дата добавления: 19/10/2020 17:34;   Просмотров: 653
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку