Алҳол давраи карантин давом дорад. Оё дар оилаҳо ба қоидаҳои гигиенӣ риоя мекунанд? Аъзоёни оила бо чӣ кор машғуланд? Барои бо ҳаёти оилаҳо шинос шудан ба чанд нафар сокинони ноҳия муроҷиат намудем. Онҳо бо шарти пинҳон доштани шахсияташон рози дилашонро баён намуданд, ки пешкаши хонандагон мегардонем.
Зироат ИСМАТОВА, 60 сола
(ному насаб иваз карда шудааст):
- Ман, ки тамоми рӯз дар як ҷой мешинам, давраи карантин як хел мегузарад. Беҳтараш, воқеаро як-як баён кунам. Чанд сол пеш ба писари сеюмам ҳам арӯс овардам. Се келин аз се тараф ҳар хел хӯроку шириниҳо пухта, бо ёфтани дили ман банд буданд. Ман бошам, пулҳои писаронам додаро ба гаштакбозию меҳмонравӣ сарф кардам. Дар хона ба қавле дастамро ба оби хунук намезадам. Дар натиҷаи беҳаракатию бомаззахӯрӣ ба бемории диабети қанд гирифтор шудам. Аз фарбеҳию пурхӯрӣ пойҳоям дард мекунанд. Бистарӣ шудам. Дар вақти карантин писаронам ҳам бекор монданд. Шукр, ҳамеша маҳаллаамон ёрӣ мерасонад. Фикр мекунам, ки дар натиҷаи ғами фардоро нахӯрдану дастгирӣ накардани фарзандонам, чунин рӯзҳои сахт ба сарамон омад. Ношукрӣ ганда будааст...
Гулнора ҚУРБОНОВА 75 сола:
- Беҳуда дар урфият намегуфтаанд, ки чашми мардро кор кобад. Дар вақти карантин ба маънои ин ибора сарфаҳм рафтам. Шавҳарам баъди ба нафақа баромадан ҳар рӯз ба чойхона баромада, бо ҳамсолонаш сӯҳбат мекард, ба хонаи хешовандон мерафт. Рӯзҳои аввали карантин хурсанд будам, ки акнун шавҳарам дар хона нишаста, ба ман ҳам эътибор медиҳад. Ҳарду сӯҳбат намуда, давраҳои ҷавониро ёдовар мешавем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Вале пас аз як ҳафта характери шавҳарам тағйир ёфт. Аз ҳар кори ману келинҳо айб меёфт. Бо ҳар баҳонае набераҳоро сарзаниш мекард. Чанде пеш наберачаам шабу рӯз гиря мекардагӣ шуд. Модари раҳматиам агар бачаҳо гирёнчак шаванд, бо тухми хом кина карда, тухмро ба девори қибла мепарронданд. Гӯё баробари шикастани тухм дарди бача ҳам нест шуда, ором мегирад. Ман ҳам ҳамин тавр кардам. Набераам ором шуда, даҳони бобой кушода шуд. Тухми деворро дида, фиғонаш ба фалак печид. Аз ҷаҳлаш тарсида, хомӯш мондем. Кай боз ба кӯча набаромада буд, ғур-ғуркунон ба кӯча баромада рафт. Гумон кардам, ки мисли пештара аз кӯча бо кайфияти хуб меояд. Вале... Ба гуфтан даҳонам намеравад. Барои шикоят ба маркази маҳалла рафтааст. Ӯро ҳамроҳи ду-се нафар фаъолони маҳалла назди девори тухмпартофта дида, аз шарм худро ба панаҳ гирифтам.
- Хотирҷамъ бошед, - мегуфт яке аз мӯйсафедон, - ин тухм ҳеҷ хел зарар надорад. Тухми нав будааст...
- Ҷинояткорро ёфтан даркор! - дод зад шавҳарам. - Шумо боз ҷаҳламро оварда, тухмро аз санҷиш мегузаронед. Кӣ ҷуръат кард, ки ба девори ман тухмро парронад?!
Намедонам онҳо шавҳарамро чӣ тавр ором карданд. Рӯзи дигар боз воқеаи тухм ба ёдаш омада, ба маҳалла рафт. Баъд ҳолати ӯро фаҳмидам. Дар хона зиқ шудааст ва бо баҳонаи тухми паррон ба маркази маҳалла мерафтааст.
Дилдора ТУРСУНОВА 35 сола:
- Имкон ёфтам, ки ба фарзандам вақт ҷудо намуда, бо ӯ ҳар хел машғулот гузаронам. Ҳамроҳ сӯҳбаткунон пухтани таомҳои миллию шириниҳои гуногунро омӯхтем. Ҳар бадиро некие ҳаст, мегӯянд дар урфият. Карантин маро бо фарзандонам наздик кард. Бачаҳоям соҳибистеъдод будаанду ман бехабар. Ҳоло барои ривоҷи истеъдоди онҳо ҳаракат мекунам.
Ғайбулло ШУКУРОВ 27 сола:
- Дар даври карантин қирраҳои ноаёни ҳамсарам намоён шуд. Ҳар рӯз як хелгузарад, кас дилтанг мешудааст. Ҳар боре, ки ҳамсарам ба дидани падару модараш мерафт, баргаштани ӯро бесаброна интизор мешудам. Дар як рӯз фарзандонамро ёд мекардам. Ҳоло бошад, ба меҳмонӣ рафтан мумкин нест. Ҳамсарам тамоми рӯз дар хона. Ҳар рафтору гуфтораш маро асабонӣ мекунад. Қариб ҳар рӯз дар хонадонамон ҷанҷол. Фаъолони маҳалла панду насиҳат мекунанд, вале боз якдигарро намефаҳмем. Ӯ аз кори ман айб меҷӯяду ман аз ӯ. Сӯҳбати оддӣ ҳам ба ҷанг табдил меёбад...
Инак, дар ҳар оила вазъият гуногун аст. Карантин имтиҳонест, ки сабру меҳри моро месанҷад. Аз ин ҳар кас ба хулосае меояд. Яке дар бораи хатоҳояш фикр карда, баҳри ислоҳи он кӯшад, дигаре сабру қарор аз даст додааст...
Шумо дар ин бора чӣ андеша доред, хонандаи азиз?
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.