Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КӮПРУКСОЗӢ - КОРИ САВОБ

Роҳ ва кӯпруксозӣ, ҷӯйкобӣ ва дилёбӣ аз қабили расму оинҳои қадимиву арзишманди халқи мо буда, мардумро ба муттаҳидӣ, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ободиву маданияти экологӣ накӯкориву одамият ҳидоят месозад. Қалби зебоиписанди инсони ҳақиқӣ ҳамеша моили бунёдкориҳост.

Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ дар маҳаллаи куҳантаърихи Кӯисахо чандин чораву тад- бирҳои муфид амалӣ гардид. Бо саъю эҳтимоми марди некандеш Комил Иброҳимов ва мадади моддиву маънавии писаронаш ба ҷои кӯпруки кӯҳнаву фарсудаи ҷӯи шаҳр, ки зиёда аз 40 сол хизмат кард, шоҳпули мустаҳкам бунёд гардид, Техникаҳои пуриқтидори Фаррухҷон Қароев, Ҷавоҳири Восеъ қисми муайяни ҷуйро аз хоку гилмояҳо тоза карданд. Фарзандони бонангу номуси диёр Дамир Искандаров, Равшан Хайруллоев, Ҳамза Маҷидов, Анис Ҳакимов, Акмал Маъруфов, Собир Нарзуллоев, Бахтиёр Сафаров, Маъруф Мустафоқулов, Шавкат Сатторов, Роҳат Қароева, Мавлуда Мавлонова, Рустам Абдусамадзода, Сӯҳроби Рустамзода, Эргаш Раҳимов ва даҳҳо дигарон ин кори савобро ҳамаҷониба дастгирӣ карданд. Хизмат ва хислатҳои ҳамидаи аҷдодони гузашта Раҳимбобо, Иброҳимбобо, Каримбобо, Эргашбобо, Тилавбобо, Рауфбобо, Ҳоҷи Аҳмадбобо ва дигарон, ки замоне чунин корҳои хайрро ба сомон расонида буданд, ба ёд оварда шуд. Анъанаҳои судбахши аҷдодӣ имрӯз ҳам идома дорад. Фарзандони асил давомдиҳандаи корҳои падаронанд. Қарор дода шуд, ки бо роҳбарии раисони маҳаллаҳои Кӯисахову Ӯрташиқ (таърихан Ӯташих) қисми боқимондаи ҷӯй то мавзеи Хоҷа Кафшер тоза карда мешавад. Аҳли хона- донҳои ҳар ду соҳили ҷӯй ба ин масъалаи муҳими экологӣ бефарқ нахоҳанд монд. Дарахтонро шакл додан, лою гили зери кӯпрукҳоро бардоштан, ҳудуди ҳавлиҳоро озодаву гулпӯш намудан табъи ҳар бинандаро шод мегардонад, насли наврас аз чунин амалҳои калонсолон ибрат мегиранд. Кӯчаҳое, ки худи мову шумо мегардем, назаррабо мешавад. Ҷӯи шаҳри азизи мо бо ҳусну латофаташ олам-олам завқ хоҳад бахшид. Дарвоқеъ, ободии диёр аз ободии дилҳо оғоз меёбад. Дар ин хусус қонун ва қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд. Гап фақат дар ғайрату ҳиммати худи мову шумост. Чуноне, ки Саъдии бузург мегӯяд:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Наврӯзи оламафрӯз дар маҳаллаи номбурда бо шукӯҳу таровати хос истиқбол гирифта шуд.
Чунин ҳамоишҳои идона дар маҳаллаҳои Янгиариқ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Чунгул, Қозиқӯрғон, Обод турмуш ва ғайра низ қайд карда шуданд.

Н.КАРИМОВ


Дата добавления: 31/03/2017 13:24;   Просмотров: 1535
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку