Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЛАЙЛӢ КУҶО ШУД?

Ҷавон дар даст гулдастаи зебо ба вохӯрӣ мешитофт. Ӯ маҳбубаи худро мисли Лайлӣ тасаввур мекард. Дар хараки сари роҳ нишаста, ғарқи олами орзуҳояш шуд.

Лайлои ӯ низ мисли Лайлӣ мӯйҳои дароз дорад. Ба абрӯвони чун камонаш ӯсма кашидаву ба чашмони шаҳлояш сурма. Холи сиёҳи кунҷи лабони ақиқмонандаш ба ҳусни ӯ ҳусн зам мекунад. Дар тан куртаи атлас дорад. Баъди гирифтани гулдаста аз шарм сар хам менамояду рухсораш лолагун мекардад...
Садои наздаш қарор гирифтани мошин Маҷнуни замонаро ба худ овард. Аз мошин духтараки куртаи беостину доманкӯтаҳ фаромада, наздаш меомад. Муйҳои кӯтаҳу ҳарранга дошт. Маҷнун аз наздик дид, ки абрӯвонаш сохтакорона сиёҳ карда шудаанд, лабонаш дӯр, ба чашмонаш мижгонҳои сунъӣ шинонидаанд. Нохунҳояш дароз...
Маҷнун дар ҷояш шах шуд. Гулдаста аз дасташ афтид.

Нормуҳаммад НАРЗИҚУЛОВ


Дата добавления: 25/01/2019 15:06;   Просмотров: 967
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку