Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЛАЗЗАТИ УМР

Чун медонистем, ки нақши Ҳоҷия Раҷаба Нарзиқулова барои пешрафти корҳои дӯзандагии Корхонаи хусусии истеҳсолии «Зулфия» назаррас аст, ба суроғаш сӯйи он коргоҳ равона шудем. Мили соат ба 8-и субҳ дакка мезаду ӯ набуд. Сарвари корхона тадбиркори номӣ Фурқатҷон Узоқов гуфт:

- Кор дар коргоҳ аз соати 9 оғоз меёбад. Вале Ҳоҷияонаи мо Раҷаба Нархиқулова, ки масъулиятшинос аст, одатан вақти соати кориро аз 8 ҳам барвақт сар мекарданд. Ҳоло чандест, ки хоҳари мо донишҷӯйи курси мактаби исломии назди мадрасаи Имом Исмоил ал-Бухорӣ ҳастанд. Аз ин рӯ, бомдодон сӯйи деҳаи Хартанги ноҳияи Пойариқ равона мешаванду соат ҳанӯз нӯҳ нашуда, ба ҷойи кор бармегарданд. Охир он касро мо - ҳама аҳли коргоҳ интизорем. Ҳоҷияона аз аввалин коргарони корхонаи мо ҳастанд, ки ҳастиву нестӣ, муваффақияту камбудӣ ва лаҳзаҳои шодиву ғамро бо мо чашида меоянд. Кайҳост, ки ба як нафар аъзои оилаамон табдил ёфтаанд. Ҳоло низ ба ғайр аз он, ки коргари пешсафу пуртаҷриба устоди даҳҳо нафар дӯзандаву буррандаҳо ҳастанд, файзи дуояшон баракатовар аст...
Ҳанӯз сӯҳбати мо бо Фурқатҷонака давом меёфту сабукрави «Спарк» лаб-лаби Ҷӯйи шаҳр сӯйи коргоҳ меомад.
- Ана Хоҷияона ҳам омада расиданд, - хабар дод мудири шӯъбаи истеҳсолоти корхона Фарҳодҷон Узоқов.
Оҳиста ба мили соат нигаристам: 8:27. Ҳатто ҳаштуним нашуда, Ҳоҷияона боз дар сари кор меоянд. Сабукрав ба даромадгоҳи корхона таваққуф намуду аз он бонуи миёнсоле, ки аз рухсорааш нур меборид, бо лабони пуртабассум фуруд омад ва саломе сӯйи мо доду гуфт:
- Ба фикрам, андак дер кардам-а? Узр. Худо хоҳад, кор оқиб намеравад.
- Хоҷиона, пешсафии шуморо дониста, мухбирон омадаанд, ки ба газета бароранд. Ин дафъа хоксорӣ роҳ намеравад, - пешакӣ бо оҳанги нарм хабар расонид Фурқатҷон Узоқов.
- Шумо чӣ гӯед, ҳамон мешавад, лекин ман ягон корномае накардаам, ки лоиқи таҳсин бошад. Он чизе, ки ба доираи вазифаам буд, иҷро намудаму халос. – рӯймолаки сарашро сӯйи пешона маҳкамтар баста, хандон гуфт Ҳоҷия Раҷаба Нарзиқулова...
- Ҳоҷияона, дар бораи корманди пешқадам будани шумо медонем, лекин сабаби боз ба хониши динӣ рӯй оварданатон аҷабовар аст. Боз субҳи барвақт даҳҳо километр роҳро тай карда, дониш андӯҳтанатон лоиқи таҳсин...
- Шуморо фаҳмидам, гуфтаниед, ки чаро илми динӣ мегирам? Ҷавоби ман ин аст, ки дар ҳадисҳои Расули Акрам гуфтаанд: Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй. Ё худ: Дар ҷустуҷӯйи илм бош агарчи дар фазо бошад ҳам.
Алҳамдулиллоҳ, муслима ҳастам. Қуръон барои мо нозил шуда. Аз ин рӯ, мехоҳам, Қуръонро бо хатти аслиаш хонда тавонам ва маънияшро фаҳмам, то ки ба атрофиён низ аз олами ислом панде гуфта тавонам. Охир, аз хурдӣ бо муҳити созгори фазлу адаб ба камол расидаам.
Барҳақ, Ҳоҷия Раҷаба Нарзиқулова соли 1965 дар оилаи зиёии маҳаллаи Кулбаи поён ба дунё омад. Аз устодони мактаби рақами 33 таълиму тарбия гирифт. Ба касби дӯзандагӣ, ки шавқи зиёд дошт, ба курси шашмоҳаи дӯзандагӣ дохил шуда, аз устодаш М.Муҳаммадиева асрори чеварӣ омӯхт. Чун дӯзандаи моҳир ном баровард.
Бо Тӯйчӣ Раҷабов (ҳоло Ҳоҷибобо) ақди никоҳ баста, фарзандонашон Бахтиёр ва Гуландомро мувофиқи замон тарбият намуданд. Ҳоло ҳар яке оила, ҳунар ва обрӯ доранд.
Вақте ки бо шарофати Истиқлолият ва ташаббуси Фурқатҷон Узоқов дар маркази деҳаи Андиҷонӣ корхонаи хурди «Мадина» (ҳоло «Зулфия») барпо гашт, ӯ аз аввалинҳо шуда, ба кори ин корхонаи хурд шитофт ва хато ҳам накард.
Корро аз як мошинаи дарздӯзӣ сар карда бошанд, ҳоло даҳҳо дастгоҳҳои дӯзандагиву буррандагӣ, харротиву чӯбкорӣ ба пешравии истеҳсоли коргоҳ хизмат мекунад. Сабоҳат Неъматова, Мунира Тоҳирова, Азиза Ашӯрова, Таълима Хушфайзиева, Майсара Ҳомидова, Муаззам Мирзоева, Нилуфар ва Наргис аз кормандони аввалин ва устоду шогирдони коргоҳ буданд. Ҳоло нуфузи истеҳсолоти дӯзандагии корхонаро ҳамроҳи Ҳоҷия Раҷаба Нарзиқулова Шаҳноза Полвонова, Мадина Низомова, Шоиста Ҳомидова, Мафтуна Норқулова ва дигарон боло мебардоранд.
Масъулони истеҳсолот Улуғбекҷон Қазоқов, ҳисобдонҳо Ҳанифа Юнусова ва Дилноза Узоқова пару боли корхонаанд...
Ҳоҷия Раҷаба Нарзиқулова шомгоҳон аз коргоҳ ба хона бармегардад. Шукр мегӯяд, ки мисли баъзе занҳо рӯзашро бо ғайбату тӯҳматзанӣ, бекорӣ нагузаронида, балки ба нафъи мардум ва оилаи муқаддаси худ бахшид. Наберагонаш Шаҳзодаву Исломҷон, Шоҳруху Ҳоҷиакбар, Ҳабибуллоҳу Муҳаммадалӣ худро ба оғӯши бибиҷон мепартоянду кӯфтаи кораш мебарояд. Вақте ки арӯси хонадон муаллима Гуландом Эшонқулова пиёлаи чойи гармро дароз мекунад, Ҳоҷия Раҷаба Нарзиқулова бори дигар гармии зиндагии бо меҳнат ороёфтаро ҳис менамояд.

Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 16/08/2018 12:48;   Просмотров: 1282
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку