Пиразане дар як даст асову дар дасти дигараш борхалта базӯр ба автобус савор шуд. Ҷавоне ба ӯ ҷой дод. Пиразан ҳарсосзанон нишаста, арақи ҷабинашро бо рӯймолчааш пок карда, ба сухан даромад:
– Синнам ҳам ба ҷое расид. Ҳар шаб гузаштагонро хоб мебинам. Имрӯз сандуқамро кушода, либоси барои покшӯй тайёркардаамро аз назар гузаронидам. Ҳама чиз гирифтааму лекин либоси таг не. Барои харид ба бозор рафтам.
– Холамулло, ҳамроҳ ягон набераатонро мегирифтед, хуб мешуд, - гуфт зане.
– Фарзандонам аз ин рафторам бехабаранд. Либоси тагро ҳар кас бояд худаш харад. Мабодо бандагиро ба ҷо орам, дар он дунё бе либоси таг чӣ хел мегардам?!
– Магар ба майита либоси таг зарур аст? - ҳайрон шуд ҳампаҳлӯяш.
– Кас чизҳои ба покшӯй тақдимкардаашро дар он дунё мепӯшад...
Суханони пиразан маро ба андеша водор кард. Зеро бештари пиразанҳо либосҳои беҳтарин, зару зеварашонро ба тӯшаи охират - барои “он дунё” нигоҳ медоранд.
Дар ин бора фикри шахсони гуногунро пешкаш менамоем:
Зебо МУРОДОВА (бо хоҳиши худаш ному насабаш иваз карда шуд), покшӯй:
– Гӯркобиву покшӯӣ барои хонадони мо касби аҷдодист. Падарам гӯркоб буданду аммаам покшӯй. Лекин ман ба ҳар хел шугунҳо бовариву ихлос надоштам. Баъди вафоти аммаам сахт бемор шудам. Аммаам ҳар шаб ба хобам даромада, “даст” медоданд. Пас аз гирифтани касбашон сиҳат шудам. Он гоҳ бори аввал ба мӯъҷиза бовар кардам. Дар ҳақиқат, либоси ба покшӯй бахшидашуда, ба соҳибаш, яъне шахси вафоткарда бармегардад.
Раъно МУХТОРОВА, сокини маҳаллаи Туркман:
–Эй хоҷа, чаро аз ин ҷаҳон бехабарӣ,
Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ.
Сармояи ту аз ин ҷаҳон як кафан аст,
Он ҳам ба гумон аст, ки барӣ ё набарӣ,
–гуфтааст шоир. Инсон ба он дунё танҳо як кафан ва илму ҳунарашро бо худ мебараду халос. Барои марҳумон хӯроку пӯшок – дуои фотеҳаи наздикон аст. Боқимонда бофтаву сохтакорист.
Камола РАҲИМОВА, сокини маҳаллаи Нуробод:
– Ба ҳар хел шугунҳо бовар намекардам. Ду сол пеш ногаҳон шавҳарам вафот карданд. Калонсолон гуфтанд, ки ба покшӯй баробари дигар либосвориҳо кӯрпа низ додан лозим аст. Аммо ман ба ҷои кӯрпа пул додам ва покшӯйро “розӣ” кардам. Ҳамон шаб шавҳарамро дар хоб дидам. Гуфтанд:
– Занак, ман хунук мехӯрам...
Ба ин эътибор надодам. Шаби дуюму сеюм низ таъкид намуданд, ки хунук мехӯранд. Худамро лоҳас ҳис кардам. Тамоми вуҷудам ба дард омад. Яке аз пирони ба маъракаомада пурсид:
–Оё шумо ба покшӯй кӯрпа дода будед?
–Не, ба ҷои кӯрпа пул додем,- ҷавоб додам ман.
–Дидед, - бо афсӯс сар ҷунбонд пиразан. – Покшӯй ба он пул кӯрпа нахаридагӣ. Шавҳаратон бекӯрпа мондааст. Аз ин рӯ, зуд ба покшӯй кӯрпа бахшед.
Ба хонаи покшӯй кӯрпаи беҳтаринро бурда додем.
Пас аз чанд рӯз шавҳарамро боз дар хоб дидам, ки табассум менамуданд. Осуда шудам.
Хонандаи азиз, оиди ин мавзӯъ шумо чӣ мулоҳиза доред?
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.