Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАҲАЛЛА ОБОД – КИШВАР ОБОД

Имрӯзҳо ҳамаи мо зери таъсири Табрикоти илҳомбахши сарвари давлатамон ба муносибати фарорасии Соли нав ва эълон шудани "2022 - Соли арзёбии қадри инсон ва рушди маҳаллаи фаъол" зиндагӣ мекунем. Воқеан, бо дастгирию ташаббусҳои Президентамон маҳалла ба сифати ҳалқаи асосии ҷомеа пазируфта шуда, бобати баланд бардоштани нақши он корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.

Ҷамоати шаҳрвандии мо, ки номи аллома Мирзо Улуғбекро дорад, ҳамагӣ дар 2-3 километр қисмати шарқии шаҳри Самарқанд ҷойгир буда, қариб 3 ҳазор нафар аҳолӣ дар 445 хонадон умр ба сар мебаранд. Ба оилаҳое, ки ба "Дафтари оҳанин", "Дафтари бонувон","Дафтари ҷавонон" дохил карда шудаанд, кӯмаки моддӣ ва маънавӣ расонда шуд.
Камина дар зимма вазифаи ҷонишини раиси ҷамоати шаҳрвандон оид ба масъалаҳои оила ва бонувон, ки дорам, тинҷӣ ва осоиштагии ҳар як хонавода ниҳоят муҳим аст.
Чӣ ҷои руст кардан, ки зиндагии мо фарозу нишеби хосса дорад. Баъзан модаршӯ ва наварӯсон аз нафаҳмидани феълу атвори якдигар муноқиша мекунанд, ки ҳатто қариб ба барбод рафтани оила мерасад. Аммо барои ба муросо овардани онҳо на танҳо асабҳои мо, инчунин нозирони ҳуқуқу тартибот, мӯйсафедон, фаъолон коҳиш меёбад.
Умедворам, ки дар соли ҷорӣ корҳои тарбиявӣ боз ҳам авҷ гирифта, комёбиҳои мо дар ин самт бештар хохад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар пешрафти фаъолияти мақомоти маҳалла хизмати шахсони рӯзгордида Насриддин Саъдуллоев, Комил Сулаймонов, Ҳоҷӣ Ҷӯрақул Эргашев, Илҳом Сафаров, Ҷумъагул Узоқова ва дигарон хеле калон аст.
Боз як комёбии назаррас он аст, ки дар асоси қарори Президенти мамлакат "Дар бораи ҷалби шаҳрвандони нодору бекор ба соҳибкорӣ, афзудани фаъолнокии меҳнатӣ, касбу ҳунаромӯзонӣ, ҳамчун бо шуғл таъмин кардани онҳо" низ корҳои ибратбахшро идома дода истода, алалхусус ҷавононро бо корҳои фоиданок банд менамоем. Зеро халқи мо мақоли пандомӯз дорад: "Аз бекор-ҳама безор".
Хуллас, боварӣ дорам, ки дар ин соли умедбахш мақомоти шаҳрвандӣ соҳиби нуфузу эътибори боз ҳам баландтар мешавад.Охир маҳалла обод-кишвар обод-дия!

Шоиста НАҶМИДДИНОВА,
ҷонишини раиси маҳаллаи
ба номи Мирзо Улуғбек оид
ба корҳои оила ва бонувон.


Дата добавления: 12/01/2022 13:23;   Просмотров: 517
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку