Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАҲАЛЛА - СЕКТОР - ҚАБУЛХОНАИ ХАЛҚ - МАҲАЛЛА

Ҳамин аст занҷири муроҷиати мардум, ки аз нобасомониҳои рӯзгор, муаммоҳои коммуналӣ, шикасту рехти бино ва таъмири кӯчаҳо ба ташкилотҳои болоӣ шиква доранд. Яъне, муаммоҳо дар маҳалҳо пайдо мешавад, онро дар секторҳое, ки ҳоким, прокурор, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ, сардори идораи андоз сарварӣ мекунанд, муайян карда, дарду ранҷи халқро шӯъбаи ноҳиявии Қабулхонаи Президент, ки миёни мардум чун қабулхонаи халқ маҳбубият дорад, ба ҳукми масъулони соҳа мерасонад. Дар натиҷа иҷрояш боз дар маҳаллаҳо таъмин мегардад.

Барои боз ҳам сабуктар намудани бори муаммоҳои аҳолӣ, осон гардонидани муаммоҳои гуногун Президенти мамлакатамон аз таърихи 2-юми апрели соли 2019 зери рақами 5700/ПФ "Дар бораи чораву тадбирҳои афзунгардонии мавқеи институти маҳалла дар ҷодаи кор бо муаммоҳои аҳолӣ" фармони махсус қабул намуд. Фармони мазкур барои боз ҳам зудтар осонгардонии ҳалли муаммоҳо хизмати босазое кард. Вале ҳастанд маҳаллаҳое, ки ба ин фармон аҳамияти махсус надодаанд ё худ ҳоло низ бо услуби пешина кор мебаранд. Раиси маҳаллаанду ба таъбири "туро газад, маро чӣ ғам" кор мебаранд. Аз қадимулайём панди халқие ҳаст: то бача гиря накунад, оча шир намедиҳад.
Ин ҳақиқатҳои халқӣ дар вохӯрие, ки бо иштироки раис ва котибони масъули ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳо дар толори мактаби мусиқии рақами 12 гузашт, баррасӣ гардид. Мудири Қабулхонаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар ноҳия Илҳом Муродов дар бобати муаммоҳои умдатарини халқ, ки рӯзе даҳҳо маротиба муроҷиат мекунанд, аз ҷумлаи норасоии гази табииӣ, барқ, мушкилиҳои зимистонгузаронӣ, норавонии роҳҳо ва пешгирии он фикрҳои худро баён сохт.
- Агар ба фармони рақами 5700/ПФ-и президентамон "Дар бораи чораву тадбирҳои афзунгардонии мавқеи институти маҳалла дар ҷодаи кор бо муаммоҳои аҳолӣ" дурусттар зеҳн монед, калиди тиллоиро ба қуфли муаммоҳо меёбед, - изҳор дошт И.Муродов.
- Дар поёни ҷамъомад аз масъулони маҳаллаҳо ба тариқи шаш саволнома тест гирифта шуд, вале на ҳамаи раисону котибони масъул ба он ҷавоби қаноатбахш доданд. Аз ин бармеояд, ки бояд ҳоло мо дар роҳи азхудкунии маҳорат зиёдтар худомӯзӣ намоем, китоб хонем, бо қарору фармонҳо аз наздик ошноӣ пайдо кунем, - гуфт раиси Шӯрои ноҳиявии мувофиқгардонии фаъолияти органҳои худидоракунии шаҳрвандон Муинҷон Набиев.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 12/12/2019 15:19;   Просмотров: 797
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку