Дар муҳити адабии Самарқанд Маҳбуба Турсунова маҳз дар байни бонувони насрнавис чеҳраи шинохта аст. Ӯ муаллифи китобҳои "Садои мушкил", "Аҷаб мардумоне", "Хазинаи ханда" ва ғайра мебошад. Зодгоҳи адиба деҳаи хушҳавои Миронқул аст. Чанде пеш мо меҳмони хонадони вай шудем. Муаллима ҳамон саргарми эҷод буда, сӯҳбатамон доир ба адабиёт, ба қавле, қаймоқ баст.
- Шояд шумо хабардор ҳастед, ки мафҳуми "адабиёт" аз калимаи "адаб" ташкил ёфта, маънояш дониш, хулқи нек, ҳунар, тарбия ва ғайра аст, - гуфт Маҳбуба Турсунова, - бо мурури замон он аз рӯи мазмуну шакл ба навъ ва жанрҳо тақсим шудааст. Адабиёт санъати сухан аст. Он бе муболиға саҳнаи сухани воло ҳам ҳаст. Боиси ифтихор, ки гузаштагонамон - суғдҳо бо асари безаволи - "Авесто" ба адабиёти мо асос гузоштаанд. Хушбахтона ҳоло адабиёти тоҷик дар дунё мавқеъ ва нуфузи хосса дорад. Воқеан, ман ҳангоми дарс додан ба шогирдонам дар ҳамин бора бештар маълумот медодам.
- Муаллима, чӣ сабаб шуд, ки шумо маҳз ба адабиёт дил бастед?
- Дар мактаби рақами 28-уми деҳаамон Тоҷиой Қаноатова (руҳаш шод бод!) аз забони модарӣ ва адабиёт сабақ медод. Ӯ ба маънои том педагоги ҳақиқӣ буд. Дарсҳояш ниҳоят шавқовар мегузашт. Вақте ки занг садо медод, афсӯс мехӯрдем, ки пас аз гирифтани номаи камол ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шудам. Солҳои донишҷӯӣ ва сипас омӯзгорӣ ба хона-музейи устод Садриддин Айнӣ омада, аз сӯҳбати Болта Ортиқов, Мардонқул Муҳаммадқулов, Маҳмуд Диёрӣ, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода ва дигарон баҳраманд мешудем. Он айём баҳсу мунозираи адабӣ, таҳлилу таҳрири чакидаҳои хомаи навқаламон хеле аҷиб ҷараён мегирифт. Боре ман ҳикояи худро ба идораи маҷаллаи "Садои Шарқ" ирсол намудам. Дере нагузашта ба нигоштаам аз адиби маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев ҷавоб омад. Сафар ба Душанбешаҳр ниҳоят хотирнишин гузашта, барои бебокона ба боғи адабиёт дохил шудан такон бахшид. Сипас риштаи дӯстӣ бо бисёр адибон мустаҳкам гардид. Хотираҳоям бо шодравон устод Фазлиддин Муҳаммадиев дар матбуот чоп шудааст.
Аммо сад афсӯс, ки ҳоло дар Самарқанд он муҳити адабӣ, маҳфили эҷодкорон, ки бузургон асос гузоштаанд, мавҷуд нест. Чаро дар осорхонаи устод Садриддин Айнӣ нишасти адабӣ барҳам ёфт ва қабулхонаи ҷамоатии "Овози тоҷик" нест шуд, ҳама ҳайрон. Охир бо ин муаммо Маркази фарҳангии тоҷикон ва хабарнигорони бебоки миллат машғул шаванд, кори савоб-ку!
- Таклифи олиҷаноб ва танқиди барҳақ...
- Додари азиз, Мӯҳтарам Президентамон, ки маърифатпарвару дилсӯзи халқ ҳастанд, барои тарғиботи китоб ва баланд бардоштани савияи дониши мардум қарору фармонҳои судманд эълон мекунанд, аммо натиҷаи он алалхусус дар ноҳияҳо ва деҳаҳои дурдаст ба назар намерасанд. Замоне дар ҳар як гузар китобхона мавҷуд буд. Ҳозир нуқтаҳои фарҳанг на танҳо дар деҳаи Миронқул, ҳатто дар маркази ноҳия нест. Вале биноҳои мӯҳташами мағоза ва тарабхонаҳо мисли замбӯруғ пайдо мешаванд. Набояд фаромӯш кард, ки дониш - аз хониш ва фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
- Муаллима, маслиҳати шумо ба навқаламон?
- Мутолиа ва омӯхтан.
- Шумо ҳамчун муаллимаи собиқадор ва эҷодкори шинохта асарҳои кадом адибонро барои хондан тавсия мекардед?
- Албатта уқёнуси адабиёт беохир аст. Бештар классиконро мутолиа намудан лозим. Шахсан ман такрор ба такрор асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сорбон ва русу ҷаҳон Толстой, Достоевский, Чехов, Маркес, Айтматов ва дигаронро пайваста варақ мезанам.
Ба насли наврас маслиҳат ҳамин, ки саргарми телефону компютер шудан лозим нест.
Бе ҳурмату адаб нарасад мард ҳеҷ ҷо,
Ҳар ҷо касе расид, зи роҳи адаб расид.
Сӯҳбатнигор
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
ШАВҲАРИ ПАРАЛЛЕЛ
Булҳавасе бо зани таннозе ошноӣ намуд. Оқибат ба вай изҳори дил кард:
- Эй нозанин, минбаъд бе шумо зиндагӣ кардан номардист. Иҷозат диҳед, шуморо чун зани параллели шахсӣ истифода барам.
Хонуми нозанин ҳам паст наомад:
- Марҳамат, ба шавҳари параллел будан розӣ бошед, бо ҷону дил.
ДАСТОВЕЗ
- Чаро ин қадар дору харидед? - пурсиданд аз шахсе.
- Аз дари касе дароӣ, дарҳол ба даст нигоҳ мекунад. Дастовез карда барам.
САНИТАРҲОИ ОН ДУНЁ
- Писарҷон, ту ҳар рӯз ваъда медиҳию ба духтур намебарӣ. Гӯшҳои бесоҳиб кар шуда рафтанд. Тоза кардан даркор.
- Бибиҷон, инҷикӣ накунед, камтарак сабр кунед, санитарҳои он дунё бепулакак ҳама ҷоятона чунон тоза кунанд, ки ...
ИСЁНИ ХАРИДОР
Шахсе аз дӯкон равған харид. Қасдан пулро кам дод.
- Ҳой, номард, инсоф дорӣ, пуламро деҳ, ки милиса ҷеғ мезанам. - барошуфт дӯкондор.
- Ҳа-а-а, бародар, ту ҳар рӯз ҳаққи маро мехӯрӣ, милисая ҷеғ зан канӣ, пуштибони кӣ мешавад.
М.ТУРСУНОВА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.