Бирафт аз ин ҷаҳони сӯзу созе,
Аҷаб инсони неку сарфарозе.
Даво дарёфт бар дарди ҳазорон,
Надид аммо худаш умри дарозе.
Нормурод КАРИМЗОДА
Ҳамагӣ чанд моҳ пеш ҷашни 60 - солагии ин марди саховатпеша, хоксору дарёдилро қайд карда будем. Умед ва орзуҳои нек доштем, ки ӯ солҳои зиёд умри хушбахтонаи пирӣ паси сар намуда, бо хислатҳои шоёни худ дили садҳо инсонҳоро ба даст меораду боз накӯкориҳою ободиҳои зиёде мекунад.
Сад афсӯс, ки имрӯз ин марди дарёдилу саховатпеша Ҳоҷӣ Неъматҷон Исматов дар байни мо нест. Чанд рӯз аст, ки ҷои ӯ холӣ...
Неъматҷон Исматов 1-уми ноябри соли 1958 дар деҳаи БӯзӢ ба дунё омад. Падараш Тохирбобо ва модараш Маҳбубахола бо ранҷу меҳнати ҳалол 6 нафар писар ва 4 нафар духтарро хононда тарбия намуданд. Соҳиби оила ва ҷои манзил карданд.
Неъматҷон аз хурдӣ бо меҳнат обутоб ёфт. Ба кори волидонаш дар хоҷагии ҷамоатии "Гулистон" ҳамроҳи хоҳару додаронаш ёрӣ дода, арақи ҷабин рехта барои фаровон кардани дастархони халқамон саҳм мегузошт. Дар мактаб ҳам бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард. Ӯ пас аз хатми мактаби рақами 15-и зодгоҳаш ду сол хизмати ҷавонмардонаи худро адо намуда, ба техникуми индустриалӣ дохил шуд ва онро хатм кард. Фаъолияти меҳнатиашро дар заводи "Красный двигатель" ҳамчун усто, дар сохтмон ҳамчун муҳандис, дар хоҷагии ҷамоатии "Гулистон" сардори муофиаи шаҳрвандӣ, хазинабон, дар заводи хишти шаҳри Самарқанд ҳамчун нозирот оғоз намуд.
Дар ин муддат соҳиби маълумоти олӣ низ гардид ва қариб бист сол дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Тоҳирбобо" сарварӣ намуд. Дар ин ҷо хеле корҳои ободонро ба сомон расонида, онро ба яке аз корхонаҳои ба чашм намоёни вилоят табдил дод.
Ӯ дар куҷое, ки кор кунад, одати хуб дошт. Зуд бо одамон забон меёфт. Қадрдону қадршинос буд. Ба ҳама некӣ кардан мехосту ёрии моддию маънавии худро аз эҳтиёҷмандон дареғ намедошт.
Ман бо Неъматҷон аз ҷавонӣ дӯст будам. Тез-тез бо ҳам сӯҳбат мекардем. Сӯҳбатҳои ӯ самимиву пурҳикмат ва донишмандона буданд. Бисёр мутолиа мекард. Мақолаҳои дар матбуот чоп шудаи Зоҳир Ҳасанзода, Озод Ҳамидзода, Бахтиёри Ҷумъа, Дилрабо Насимиро таъриф мекард. Шеърҳои Нормурод Каримзода, Саттор Аҳрорӣ ва Ҳусейн Рашидиро дӯст медошт. Китоби устодаш шодравон Худойбердӣ Саидзода "Кӣ будаму кӣ шудам" барояш азиз буд.
Бо зодрӯзаш ё мавлуд ба воситаи телефон муборакбод кунам, он қадар хурсанд мешуд, ки гӯё тӯҳфаи нодире ба ӯ ҳадя карда бошам...
Ҳангоми сӯҳбат мусоҳиби худро гӯё сеҳр мекард. Гул-гул мешукуфт.
- Додари азиз, то метавонем ба якдигар некӣ кунем, ободӣ кунем. Дунё гузарон асту фақат некиву корҳои хайри мо мемонад, - мегуфт.
Байти зерини устод Рӯдакӣ шиори зиндагиаш буд:
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Худ ба ин гуфтаҳо амал мекард. Гуфтору рафтораш як буд. То аз дасташ ояд, ба ҳама некӣ мекард. Дар рӯзҳои таъзияву мусибат аз ҳама пеш ҳозир мешуду ҳурмати марҳум ва мусибатзадагонро ба ҷой меовард. Ба мусибатзадагон, зарурат бошад, кӯмаки худро дареғ намедошт.
Ба маъракаҳои шахсони камбизоат, меҳнаткаш, ба рӯзҳои неки онҳо аз ҳама пеш рафта, табрику муборакбод мекард. Вақту фурсат меёфт. Чеҳраи болидаву самимӣ, ки дошт, ба ҳар даргоҳе, ки қадам мегузошт, гӯё файз дохил мешуд.
Дар ҳаёти худ бо бисёр тадбиркорон ва саховатмандон рӯ ба рӯй шудаам, ки сухан аз маънавият равад, меланганд.
Гувоҳи он ҳастем, ки солҳои оғози истиқлол душвориҳои зиёд пеш меомаданд. Агар зарурат пеш ояд, ба тӯйҳои навхонадорони деҳа беминнату бе ҳеҷ як такаллуф хизмат мекард.Сонитар ки тарабхонаи "Тоҳирбобо"-ро ташкил намуд, ҳаққи хизмати ин масканро аз дигар ҷойҳо хеле паст намуд.
Корҳои неки ӯро як-як пеши назар меорам.
Хизматҳои Ҳоҷӣ Неъмат барои ташвиқи рӯзномаву маҷаллаҳо калон буд. Мавсими обуна ӯ ҳомии пешқадам ва тарғибгар буд. Барои чопи чандин асарҳои нав ӯ ҳиссагузорӣ кард.
Имрӯз чанд нафар собиқадорони деҳаи Чунгули мо бо шарофати ӯ дар хонаашон рӯзномаи "Гулобод тонги"- ро мехонанд.
Барои обод кардани қабристонҳои деҳаи Бӯзӣ ва Чунгул ҳисса гузошт. Чоҳ кофта, об овард, дарахтони манзаравию сояафкан шинонд. Айвони калони хушҳаво сохт.
Аз мактабҳои рақамҳои 15 ва 51 низ ёрии худро дареғ надошт. Китобхонаҳоро ғанӣ гардонд. Ҳамчун сарвари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд хонаҳои меҳрубониро фаромӯш накард. Тӯйи суннатии чанд нафар тарбиягирандаҳоро гузаронд. Бисёр корҳои хайру савобро иҷро кард, ки ин қатраест аз дарё...
Сад афсӯс, ки имрӯз ҷои чунин шахси саховатпеша, дилёбу дидадаро, некбину некӯкор холист. Аз мактаби Ҳоҷӣ Неъматҷон Исматов ибрат гирему ба халқу ватан чун ӯ хизмат кунем.
Илоҳо, ҷояш дар ҷаннату охираташ обод бод!
Номи неки ӯ дар дилу дидаҳо ҷовидон хоҳад монд.
Мирсафо КАМОЛӢ,
собиқадори мактаб ва матбуот, деҳаи Чунгул
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.