Одатан ба занҳо мушти пар, ҷинси латиф, нозукандом гӯён таъриф медиҳанд. Онҳоро аз ҳар гуна корҳои вазнин ҳифз менамоянд. Аксар раиси хоҷагиро чун марди чорпаҳлӯйи шикамкалон тасаввур менамояд. Баъзан дар гӯшаи хаёл намеоранд, ки ин кор аз дасти бону низ меояд.
Раиси хоҷагии фермерии “Тошпӯлатова Фарруха боғлари” Ҳулкар Бадалова бештари вақти худро дар заминҳои хоҷагӣ мегузаронад. Баробари кафидани чашми рӯз, бо нурпошии аввалини офтоби оламафрӯз вай ҳам ба саҳро ҳозир мешавад. Ҳар як току дарахтонро як-як аз назар гузаронида, мисли модар ба онҳо ғамхорӣ менамояд. Аз соати 5-и саҳар то 1-и шаб вай дар саҳро аст.
Ҳулкар Бадалова аз соли 2006 инҷониб раиси хоҷагии фермерӣ мебошад. Дар 6 гектар замини хоҷагӣ ангурҳои кишмиши сиёҳ, зард, тоифӣ ва себҳои навъи бешюлдуз ва голден нашъунамо меёбанд. Сувон Қорабоев, Санҷар Ёрмаҳмадов, Фарзона Тошпӯлодова ва дигарон аъзоёни хоҷагианд.
Зани пурдону ташаббускор Ҳулкар Бадалова дар оянда боғи интенсивӣ бунёд карданист. Обёрӣ намудани замин муаммо буд. Вай бо ақлу заковати худ ба замини хоҷагӣ об баровард. Дар натиҷа ҳосилнокӣ афзуд.
Ҳулкар Бадалова дар оила низ бонуи ботадбир, сарфагари сари оташдон аст. Баъди вафоти шавҳараш фарзандонаш Фарзонаву Фаррухаро гурбавор газидаву эҳтиёт намуда, калон кард. Ҳоло онҳо мададгори модаранд. Ду нафар набера ғамбарораш ҳастанд.
- Касе, ки барои халқу ватан хизмат менамояд, хушбахт аст, - мегӯяд Ҳулкар Бадалова. – Дар натиҷаи меҳнати мо дастархони мардум фаровон гардад, сарбаланд ҳастем. Дуои халқ моро мададгорӣ менамояд.
ДИЛРАБО
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.