Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАМНУНИИ МАРДУМ

Мардуми ноҳияи мо аз рафтор ва корбарии роҳбари ноҳия хеле мамнунанд. Чунки ӯ корро хуб ташкил кардааст.

Рӯз то рӯз шаҳраки Гулобод ободу зебо мегардад.
Ҳавзаи атраксиён, Амфитеатр сохта шуд. Аз ҷумла фаввора ҳам. Обҳои пурҷило аз фаввора парвозкунон ба боло мебарояд. Дар атрофи фаввора кӯдакону бачаҳо, наврасону ҷавонон, калонсолон ҷамъ омада, фаввораро тамошо мекунанд.
Аз ҷумла, боз якчанд боғҳо барпо шуданд. Барои нигоҳ доштани меваю сабзавотҳо, махсус биноҳои яхдонҳои замонавӣ сохта шуданд.
Рӯзе ман бо сокини маҳаллаи Тали Барзу Баҳрон Умаров ҳамсӯҳбат шуда будам. Ӯ дар рафти сӯҳбат ба ман гуфт, ки моён аз корбарии роҳбарони ноҳия хеле хурсанд шудем, чунки онҳо таклифи моро рад накарда, балки тарафдорӣ намуданд. Моён се нафар фаъолони маҳалла ба муносибати 9-уми май–“Рӯзи хотира ва қадршиносӣ” лавҳаи ёдгорӣ ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадори меҳнат Фаттоҳ Ғаффоров, ки кӯча ба номи ҳамин кас монда шудааст, бюст гузоштанро гуфта будем, иҷро шуд. Номи нек бимонад ҷовид. Касе, ки кори хайр кунад, номаш доимо вирди забон бошад.

Исматилло АҲРОРҚУЛОВ, сокини маҳаллаи Гулобод


Дата добавления: 31/03/2017 13:53;   Просмотров: 1490
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку