Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

“МАН АЗ КӢ КАМ” ГУФТА...

Дар диёри обод тӯйҳо бисёр шаванд мезебад.

Бигузор рӯзҳои хурсандии мардуми меҳнатқарини мо аз ин ҳам зиёд гарданд. Ҳамаи мо тарафдорӣ ҳамин ҳастем. Аммо як ҷиҳати тӯйгузаронӣ бисёриҳоро ба ташвиш овардааст. Ҳоло одамон “ман аз дигарон кам-мӣ?” гӯён қарз гирифта, тӯйҳояшонро бодабдаба мегузаронанд. Баъди тӯй аксари тӯйдодагон солҳо қарзро бо душворӣ мегардонанд. Ҳоло тӯйҳо назар ба тӯйҳои пешина серхароҷоттар мегузаранд. Одатҳои нав ба нав ворид мегарданд. Масалан, аз ҷониби духтардор пеш аз тӯй ба хонаи домод бурдани мебел расм набуд. Солҳои пеш баъд аз як соли тӯй хешовандони арӯс имконияташонро ба ҳисоб гирифта, бо дастовезҳо – мебел ва дигар ашёҳои рӯзгор ба хонаи навхонадорон мерафтанд. Ҳоло мардум тарафи домод айб накунанд, гӯён барои мебел маблағи калонро харҷ мекунанд.

Дар ресторанҳо гузаронидани тӯйҳо аз як ҷиҳат нағз аст, ки ташвиши тӯйдор кам мешавад. Аммо нархи базмгоҳҳо рӯз то рӯз боло мераванд. Дар тӯйҳои пешина мисли ҳозира дастархонро бо нозу неъматҳо пур намекарданд. Ҳоло дастархонҳоро аз ҳад зиёд бо хӯрданиҳо пур мекунанд. Ними ҳӯрданиҳо дастнорасида мемонад. Як дӯстам ба қарибӣ ба тӯйи як бойбачае ба ресторани номбаровардае рафтааст. Мегӯяд, ки дар мизе, ки барои 12 меҳмон аст, 6 хел таъоми гӯштӣ кашида шуда буд ва 70 фоизи он рӯйи миз монд.

Тӯй бо ҳофизону раққоса гузаштанаш хуб аст. Тӯйхӯрон аз суруду рақсҳо кайфияти тӯёна мегиранд. Лекин ҳоло ҳофизон бе овози зинда, бо фонограмма суруд мехонанд. Аксари соҳибтӯйҳо бо нархи баланд аз дигар маскан-ҳо ҳофизонро дават мекунанд, ки хароҷот аст. Раққосаҳо барои ҷамъ кардани пул ба сари як миз 3-4 маротиба мераванд. Ҳофизон аз чӣ бошад, ки овози карнайҳоро аз ҳад зиёд баланд карда мемонанд. Садои баланд гӯшҳои тӯйхӯронро ба қомат меоварад ва онҳо тӯй ба охир нарасида, тӯйхонаро тарк мекунанд.

Дар тӯйҳои никоҳӣ бо тортҳои калон гузаронидани маросими даҳонширинкуниро ҳам хароҷоти барзиёд мефаҳмам. Дар бисёр ҳолатҳо бонуҳои хонадонҳо мардҳоро ба бодабдаба гузаронидани тӯйҳо маҷбур мекунанд. Дар маҳаллаҳо комиссияҳои тӯйгузаронӣ мавҷуданд. Агар соҳибтӯйҳо бо маслиҳати онҳо тӯйҳояшонро гузаронанд, аз фоида холӣ намешуд. Шумо ба ин чӣ мегӯед?!

Ҷамшеди АСРОР


Дата добавления: 13/01/2017 10:57;   Просмотров: 1603
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку