ё худ бонувон низ бекор намегарданд
Садои занги телефон Саломатойтиро аз хоби ноз бедор кард. "Оббо, кӣ аз саҳар занг мезанад?" гӯён бо дили нохоҳам гӯшакро бардошт.
- Ассаллому алейкум, бийиҷон! - шунида шуд овози духтараш. Пас аз аҳволпурсӣ иброз дошт, - Илтимос, ду соат ба набераҳоятон нигоҳ карда истед. Ман...
- Не! Ман барои шумоён хизматкор не! Бачаҳоятро худат саришта кун! - бо ҷаҳл тугмачаи телефонро пахш намуда, сӯе партофт ва пулти телевизорро ба даст гирифт. "Ман хонашин шуда ба бало мондаам?! Кош аз инҳо ягон фоида бошад. Ҳамаашон мехоҳанд, ки дар хона нишаста, ба бачаҳояшон нигоҳ кунам. Ҳеҷ гоҳ! Ман бачапой не!", худ аз худ ғурунгос мезад Саломатойтӣ.
Баъди нонушта келинаш иброз дошт:
- Бийимулло, модарам бемор шудаанд. Имрӯз имтиҳон доштам...
- Ман ба бачаҳоятон нигоҳ намекунам! - якбора ҷаҳл намуд Саломатойтӣ.
- Узр, ман гуфтанӣ будам, ки ба бачаҳо холамуллоям нигоҳ мекардаанд. Ҳозир худашон занг зада гуфтанд.
- Ие, навигарӣ-ку! Холамуллоятон бекорхӯҷа-дия...
Арӯс чизе нагуфта, либоси фарзандонашро иваз намуда, берун рафт.
Саломатхола дар танҳоӣ зиқ шуд. Ба хонаи ҳамсоя рафт. Хост камтар сӯҳбат намуда, ба қавле ғубори дилашро барорад. Ҳамсоязан наздаш чойи гарм оварда монду аз пайи кори худ шуд.
- Келинҷон, шинед, камтар ғайбат кунем, - ҳазл намуд Саломатойтӣ.
- Ғайбат гуноҳ, ман бо кори савоб машғул, - гуфт ҳамсоязан. - Падаршӯю модаршӯямро парвариш намуда, баробари дуогирӣ ба дафтарчаи меҳнатиам стаж менависанд.
- Чӣ хел? - ҳайрон шуд Саломатойтӣ. - Шумо ҳамеша дар кӯча ғайбати мардумро мекардеду акнун савобҷӯй шудед?
- Шумо ҳоло аз навигарӣ бехабар будед-ку, - хандид ҳамсоязан. - ба одамоне, ки худашонро муваққатан бо кор банд мекунанд, гувоҳнома дода мешавад. Инчунин, аз санаи қайди гувоҳнома ба дафтарчаи меҳнатӣ стаж навишта мешавад. Ман ҳам барои ба пиронсолони бемор нигоҳубин карданам гувоҳнома гирифтам. Узр, бояд вазифаамро софдилона иҷро намоям.
Саломатойтӣ ба хонаи хоҳараш рафт. Хоҳараш бо нигоҳубини бачаҳо машғул буд. Набераҳои Саломатойтӣ дар хонаи хоҳараш буданд.
- Аз бекор ҳама безор гуфтаанд, - иброз дошт хоҳар. - Гувоҳнома гирифта, бачаҳоро нигоҳубин мекунам. Акнун модари бачаҳо хотирҷамъ аз пайи кори худ мешаванд. Барои ман ҳам фоида.
Саломатойтӣ дар кӯча ягон зани бекорро надида, ба андеша фурӯ рафт. Ӯ низ қарор дод, ки бо кори фоидаовар машғул шавад...
Дар бораи ҷои кор ва навигариҳои соҳа мухбири ҷамоатии рӯзнома Исматилло АҲРОРҚУЛОВ ба мудири Маркази кӯмакрасонӣ ба таъмини шуғли аҳолии ноҳия Ҷамшед МЕЛИКОВ муроҷиат намуд:
- Аз 1-уми сентябри соли 2019 бо қарори махсуси Девони вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон гувоҳномаи худбокортаъминнамоии аҳолӣ дар амал ҷорӣ гардид, - гуфт Ҷамшед Меликов. - Шаҳрвандон метавонанд аз рӯйи 24 намуди хизматрасонӣ гувоҳномаи муваққатӣ гиранд. Гувоҳномаи мазкур дар Сохтори ягонаи меҳнати миллӣ ба тарзи электронӣ ба қайд гирифта мешавад. Ва аз ҳамон рӯз ба дафтарчаи меҳнатии электронии шаҳрванд собиқаи корӣ қайд мегардад. Ба шаҳрвандон аз рӯйи намуди хизматрасонӣ дар муддати 1, 3, 6, 9 моҳ ва як сол гувоҳнома тақдим мегардад. Инчунин, онҳо аз имтиёзҳои Маркази кӯмакрасонӣ ба таъмини шуғли аҳолии ноҳия баҳраманд мегарданд. Онҳо метавонанд аз ҳисоби марказ кредити боимтиёз гиранд, таҷрибаашонро дар курсҳои махсус зиёд намоянд.
Алҳол дар Маркази кӯмакрасонӣ ба таъмини шуғли аҳолии ноҳия 500 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 180 нафар бонувонанд. Акнун занҳо метавонанд барои дар хона ба тарзи якка ё гурӯҳҳо машғулотгузаронӣ, нигоҳ кардан ва парвариши бачаҳо, нигоҳубини бемор, парвариши пиронсолони мӯҳтоҷи ёрӣ, хизматрасонӣ барои хоҷагидорӣ ва иҷрои корҳои хона, аз ҷумла тозанамоии истиқоматгоҳҳо, хӯрокпазӣ, тозанамоии биноҳои хизматӣ, ободнамоӣ ва кабудизоркунии ҳудуди шахси юридикӣ, бар асоси супориши хоҷагиҳои фермерӣ нигоҳубин кардани замини корам, парвариши ҳайвонҳо, ҷамъоварии ҳосил, парвариш ва чаронидани чорво, ҷамъоварии макулатура, зарфи пластикӣ, оҳанпора ва ашёи хоми иловагӣ, табобати халқ (литсензия бошад) ва дигар намудҳои хизматрасонӣ гувоҳнома гиранд.
Зани боақлу бофаросат метавонад манзилҳоро ободу оилаҳоро тифоқ намояд. Агар занҳо бо кор таъмин бошанд, меҳру вафо, дӯстиву тифоқӣ ҳукмфармо мегардад.
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.