Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАН ДАР КАРАНТИН БУДАМ...

Ба қарибӣ яке аз гумоштагони COVID-19 - коронавирус, сокини ноҳияи мо И.О. рози дили худро чунин баён кард, ки пандомӯз аст:

- Бо мақсади ободии рӯзгор ва гузаронидани тӯйи фарзандон чанд сол аст, ки ба кишвари Русия равуо мекунам. Дафъаи охирин соли гузашта рафта будам. Рӯзе аз кор шалпаву лакот то ҷойи зистам расидам. Хӯрокро хӯрдаму ба хоб рафтам. Яке аз иҷорашинҳои манзили мо барои тоза намудани ҳавои хона дару тирезаи рӯ ба рӯро кушода мондааст. Шаби дароз мо гӯё, ки зери бодбезак хоб рафта бошем, дар сари роҳи шамол истодаем. Саҳар хезам, худро камтар лоҳасу камқувват ҳис кардам. Тарафи ростам дард мекард. Бо илоҷе то пешин кор кардам. Бо тавсияи ҳамкорон ба духтур муроҷиат намудам. Баъди чен кардани ҳарорати тан ва муоинаи сиҳатмандиам духтур пурсид, ки пеш аз ин кадом дард азобам медод. Гуфтам, ки аз гурда шикоят дорам. Баъд духтур дигар ҳамкасбонашро даъват карда, маро ба рӯйихати беморони COVID-19 - коронавирус дароварданд. Ҳарчанд фаҳмонидам, ҷою одамони бегона ба ман гӯш намеандохтанд. Агар дар Самарқанд мебудам, шояд бо молидани малҳаме ба бадан аз дард фориғ мешудам. Вале он ҷо маро ба карантинхонаи коронавирус бурданд. Рӯямро ба поён карда, ба даҳону биниам дастгоҳҳои ҳаводиҳӣ гузоштанд. Акнун ман чун гӯсолае, ки барои "шухӣ" накарданаш шохашро ба охур наздик карда мебанданд, монанд будам. Бо ин роҳ онҳо ба ман маҷбуран гӯё шифо мебахшиданд. Аммо ман аз ҳолати ояндаам сахт дар андеша будам. Наход, ки ман коронавирус шуда бошам?! Акнун атрофиён ба ман чӣ гуна муносибат мекунанд? Бо ҳамин минвол чордаҳ рӯз гузашт. Аз ғуссаву ғам хӯроке аз гулӯ­ям намегузашт. Боз ҳар замон мурдани ҳампалата ё беморе аз хонаи дигар маро ғам медод. Рӯҳам шикаста буд. Рӯзи чордаҳум духтуре маро аз дастгоҳҳо раҳо карда, ба гаштан рухсат дод. Акнун поям ба худам итоат намекард. Аз ҳавои сунъӣ кашидан овозам низ гирифта буд. Хеле лоғару пакар шуда будам. Пас даҳ рӯз дар ҷои зистам истода, аз назорати духтур гузаштам. Чун духтурон гуфтанд, ки дар тани ман асорате аз беморие нест, бо рейси чартерӣ ба Тошканд баргаштам. Он ҷо низ маро маҳбаси чордаҳрӯзаи карантинӣ интизор будааст. Боз яккагӣ, боз андешаи фардо маро ором намегузошт. Ба қарибӣ ба Самарқанди азизам баргаштам. Ҳоло худро хеле хуб ҳис мекунам. Аммо ба атрофиён гуфтанӣ мешавам, ки агар ба ҳолати ман афтоданӣ набошед, худро аз ин дарди бало эҳтиёт кунед. Ба қоидаҳои санитарӣ риоя намоед.

ДИЛРАБО навишта гирифт.


Дата добавления: 29/07/2020 09:14;   Просмотров: 660
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку