Ба дарвозаи марг чун дар шавем,
Ба як ҳафта бо ҳам баробар шавем.
Чунон зӣ, ки номат ба таҳсин монад,
Чу мурдӣ, на бар гӯр нафрин кунанд.
САЪДӢ
Ҳамагӣ ду сол қабл аз ин дар шаҳраки Гулобод бинои дуошёнаи зебо қаф афрохт, ки алҳол дар он идораи рӯзномаи ӯзбекӣ ва тоҷикии "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод" ҷойгир аст.
Ҳар шахсе, ки ин ҷо ташриф фармояд, беихтиёр нигоҳаш ба аксҳои гуногун афтода, чанд лаҳза таваққуф хоҳад кард.
Дар арафаи Иди касбии ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ ба идораи мазкур омадаму аз рӯи одат боз ба аксҳои рӯи девори долон рӯ ба рӯ шуда, бештар ба чеҳраи ҷиддӣ, вале ғамангези устоди нахустинам Насриддин Зайниев дида дӯхта, аз дил гузаронидам, ки маҳз ӯ бо суханони ширин, табассуми дилнишин, хушрафторӣ ва хушгуфторӣ меҳри моёнро ба матбуот нарму гарм кардааст.
Гӯё дирӯзакак буд. Он айём дар синфи 9-уми мактаби миёнаи рақами 16-ум таҳсил мегирифтам. Аъзои маҳфили "Адабиётчиёни ҷавон" шудам. Роҳбари маҳфил Бердӣ Ҳамроев ба ман вазифа дод, ки аз навидҳои мактаб ба рӯзномаи ноҳиявӣ мақола нависам. Аввалин хабарчаро иншокунон ба идораи рӯзномаи "Шарқ тонги" (ҳоло "Гулобод тонги") омадам. Муҳаррир Насриддин Зайниев ба ҳурматам аз ҷояш хест, баъди салому алейк ба коғазам чашм давонду "нағз, мешавад" гуфт ва ба мудири шӯъбаи маданият Абдусалом Муҳаммадалиев супурд.
Ба тааҷҷуби ман баъди чанд рӯз хабарчаи "оламшумул" рӯи чопро дид. Хурсандии ман интиҳо надошт. Гарчанд аз байн расо 52 сол гузашт, аммо лаҳзаҳои фараҳбахши он айём ҳамон дар хотирам нақш бастааст.
Дертар ба хизмати ҳарбӣ рафтам ва пас аз адои қарзи ҷавонмардӣ риштаҳои дӯстӣ бо идораи рӯзнома мустаҳкам гашт. Раҳматӣ Насриддин Зайниев супориш медод ва навиштаҳоямро дилсӯзона таҳлилу таҳрир намуда, ба дасти чоп месупорид. Мавзӯъҳои нав тавсия мекард. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд муҳаррири радиошунавонии ноҳия таъин гардидам.
Агар хотирам фиреб надиҳад, солҳои 1986-1987 дар хоҷагии давлатии "Боғизоғон" маҷлиси ҳисоботии ҳизбиён барпо гашт. Дар он котиби аввали вилоят Назир Раҷабов иштирок кард ва дар поёни анҷуман пурсид, ки ба кӣ чӣ гуна сухан, суол ё таклиф ҳаст?
Ман аз имконият истифода бурда, аз номи мухлисони матбуот баён кардам, ки ба шиори "бародарӣ -баробарӣ" амалкунон як саҳифаи рӯзномаи "Шарқ тонги"-ро ба забони тоҷикӣ бахшидан лозим. Баъди даву ғеч орзуи деринаамон ҷомаи амал пӯшид. Бо қарори ҳукумати маҳаллӣ як саҳифаи рӯзнома тоҷикӣ гардид.Аз ин воқеа сӣ сол гузашт.
- Ба ман ходими бегона лозим нест, - гуфт муҳаррир Насриддин Зайниев, - шуморо масъули саҳифа таъин мекунам.
Ана ҳамин тавр дар таърихи рӯзнома саҳифаи нав оғоз ёфт. Теъдоди рӯзнома афзуда қариб ба 15 ҳазор нусха расид. Сафи ҳамкорону ҳамдилон афзуд. Адаш Истад, Раҳим Мавлонӣ, Нигораи Ислом, Солеҳи Саидмурод, Мирсафо Камолӣ, Тоҳир Фаттоҳзода, Раҳматуллоҳ Шарифзода, Амина Шарофиддинова ва даҳҳо нафар дигарон ҳамчун дилсӯзӣ миллату забон ба атрофи рӯзнома парвона гаштаанд.
Ҳамааш хуб буду эҷод пеш мерафт, вале барои муҳаррири содда, зудбовар, хоксору дарёдил ҳодисаи фоҷеаангез рух дод, ки неши касофат ман будам. Он солҳо ҳаракати таъсиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикон авҷ гирифт, ки камина низ ҳамчун аъзои он кӯшиш ба харҷ медодам, ки фаъол бошам. Чӣ ҷои руст кардан аст, масъалаи дар майдони Регистон гузаронидани митинги оммавӣ ба миён омад. Супориш шуд, ки барои ҷамъ кардани мардум дар рӯзнома эълон додан лозим. Чунин масъулият бар гардани ман афтод.
Рӯзи дигар яке аз аъзои марказ, ки омӯзгори мактаб буд, гӯё эълон овард. Бечора муҳаррири "аз нимкосаи таги коса" бехабар ба матни эълон зеҳн монд ва маънои калимаи "гирдиҳамоӣ"-ро сарфаҳм нарафта аз ман эзоҳи онро пурсид.
- Гирдиҳамоӣ - гирди ҳамдигар ҷамъ шуда сӯҳбат, маслиҳат кардан, дидори дӯст дидан ва ғайра маъно дорад, - донотарошӣ кардам ман, - гапи ганда не. Ҳатто моён ҳам рафтанамон мумкин аст.
- Зӯр-ку, - тасдиқомез сар ҷунбонд муҳаррири зудбовар, - ба ҳисобчӣ маблағашро дода, ба саҳифа ҷой гиронед.
Рӯзи дигар "миси кор" баромад ва 10 ҳазор нусха рӯзнома ба коғазпора табдил ёфт. Аз ҳама бадаш муҳаррир аз вазифа сабукдӯш шуд. Роҳбари дигар омад, ки қариб буд саҳифа баста шавад, аммо мактубу барқияҳо ба марказ - Маскав рафта, садди роҳи нохалафон гашт...
Ҳоло дӯсти ҷонӣ ва ҷавонӣ, ҳамсинфу ҳамқалами ман шоири зуллисонайн Нормурод Каримзода муҳаррири рӯзномаи мазкур аст. Ҳангоми сӯҳбат ӯ аз ман пурсид, ки ба муносибати Рӯзи ходимони матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ нияти чӣ навиштан дорам.
- Як замон назди устоди ғамгусорам гуноҳи азим содир карда будам, - иқрор шудам ман, - агар иҷозат диҳед, як воқеаи таърихиро навиштан ва ба ҳукми омма ҳавола карданам мумкин аст.
- Дар авф лаззатест, ки дар интиқом нест, - баъди бо диққат шунидани ҳикояи ман гуфт ӯ, - аз хурдон хатову аз бузургон ато, лекин синни шумо ба ҷое расидаасту аз кӣ авф мепурсед?
- Виҷдон азоб диҳад, чӣ бояд кард? - маслиҳат пурсидам ман, - аммо ба "тири аз камон ҷаста" беш аз сӣ харбузапазӣ сипарӣ шуд.
- Иншои шуморо чоп мекунем. Хулосаи он ба мухлисони рӯзнома ҳавола. Оҳ, бародари асосгузори саҳифаи тоҷикии ман…
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.