Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАРДИ ШОДМОН

Раиси маҳаллаи Ӯрташиқи ноҳияи Самарқанд, подполковники дар захирабуда Шодмон Азизов либоси ҳарбӣ пӯшида, тугмаи костюмашро мегузаронд. Ҳамсараш ҳамшираи шифохонаи барқарорсозии саломатии вилояти Самарқанд Соҷида Ғаниева ба хона даромад.

- Магар имрӯз дар ягон ҷо тадбири ҳарбист? – пурсид аз ҳамсараш Соҷидатойтӣ ба нишонҳои сарисинагии Шодмонака нигариста. – Фасон шудед?

Шодмон Азизов иброз дошт, ки ӯро дар тадбирҳои бисёри ҳарбӣ барои иштирок таклиф намудаанд. Соҷида Ғаниева ҳамсарашро гусел карда, таъкид намуд, ки худашро эҳтиёт кунад, дар вақташ хӯрок хӯрад.

Шодмон Азизов ба меҳрубониҳои ҳамсараш бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда, бо кайфияти хуш аз ҳавлӣ баромад. Раҳораҳ панди бузургон ва падари шодравонаш омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 34-и ноҳия Раббим Азизовро ба ёд овард.

- Ба фарзанд номи нек мондан, соҳиби илму ҳунар намудан ва ба ҷуфти муносиб хонадор кардан вазифаи падару модар аст… - мегуфт Раббимбобо.

Ҳамаи ин вазифаро падару модари Шодмон Азизов ба дараҷаи кофӣ иҷро карданд. Онҳо панҷ нафар фарзандашонро соҳиби илму ҳунар гардониданд. Гулнора -омӯзгор, Гулчеҳра - ошпаз, Гулбаҳор солҳои зиёд ҳамчун ҳамшираи шафқат адои вазифа менамояд. Умеда директори мактаби таълими умумии рақами 18-и ноҳияи Самарқанд аст.

Падар барои писари яккаву ягонааш арӯси муносиб ёфт. Раббимбобо дар шифохонаи шаҳри Самарқанд табобат мегирифт. Ҳамшираи шафқат Соҷида ӯро сӯзандору карда, ҳар замон аз ҳолаш хабар мегирифт. Масъулиятшиносию хоксорӣ, одобу муомилаи хуши ин духтарак ба Раббимбобо писанд афтод. Чанд рӯз ӯро зери чашм гирифта, наззора кард. Соҷидаро барои Шодмон арӯси муносиб донист. Дар ин бора ба Шодмон гуфт. Ӯ ҳам бо як нигоҳ ба Соҷида ошиқ шуд…

Шодмон Азизов ҳар лаҳза шукргузорӣ мекунад, ки дар интихоби ҳамсар саҳв накардааст. Дар ҳама кор ҳамсари азизаш ӯро ҳамдаму ҳамнафас аст ва дастгирӣ мекунад. Шодмон Азизов бештар дар сафар буд. Гоҳе саҳар барои адои вазифа мерафту дер бармегашт. Тамоми бори рӯзгорро Соҷида Ғаниева бар дӯши худ мегирифт. Нигоҳубини фарзандон, парастории модаршӯю падаршӯ ва модаркалони шавҳарро ба хубӣ ба анҷом мерасонд. Онҳо келинашонро ҳамеша дуои нек мекарданд…

Шодмон Азизов бо касби худ низ ифтихор дорад. Ҳанӯз дар синфи ҳаштум мехонд. Хонандагони синфи ҳаштро барои шиносоӣ бо қисми ҳарбӣ ба омӯзишгоҳи ҳарбии автомобилӣ-қӯмондонии олии Самарқанд бурданд. Ободиву озодагии ин маскан ба Шодмон писанд афтод ва дар дил нисбати касби ҳарбӣ меҳр парварид. Барои ин кор устодонаш омӯзгори забони русӣ Анастасия Иванова ва муаллими ҳарбӣ, полковник Идӣ Казаков дасти ёрӣ дароз карданд.

Соли 1983 баъди хатми мактаби рақами 16-и зодгоҳаш таҳсилро дар омӯзишгоҳи ҳарбии автомобили қӯмондонии олии Самарқанд давом дод. Соли 1987 бо унвони лейтенант ба шаҳри Тошканд сафарбар гашт ва дар қисми ҳарбӣ хизматро давом дод. То соли 2011 дар қисмҳои гуногуни ҳарбии вилоятҳои гуногуни ҷумҳурият адои хизмат кард.

Ҳамроҳи ҳамсараш Соҷида Ғаниева се нафар фарзанд-ро ба камол расониданд. Гулмираю Шаҳноза ҳамчун модарашон касби ҳамширагиро пеша намуданду Шӯҳрат аз пайи падар рафт. Ҳоло Шӯҳрат ҳамчун лейтенанти калон дар шаҳри Тошканд фаъолият дорад.

Шодмон Азизов соли 2011 ба нафақаи меҳнатӣ баромад. Мардум хислатҳои хоксориву дурандешӣ, пурдониву хирадмандии ӯро ба инобат гирифта, соли 2013 раиси маҳаллаи Ӯрташиқ интихоб карданд. Ин вазифаро бо масъулияти зиёд адо менамояд. Ҳамеша ғамшарику шодишарики мардум аст. Манфиати халқро аз манфиати худ боло мегузорад. Маҳз бо саъю кӯшиши ин марди чашмикордону оқил дар маҳаллаи Ӯрташиқ бисёр корҳои ободонӣ амалӣ гардида, тӯю маъракаҳо камхарҷу мувофиқи талаботи замон мегузаранд. Шодмон Азизов ҳамчун дӯсти дерини соҳибмаъракаҳо дар бораи гузаронидани маросимҳо бо онҳо маслиҳат мекунад ва ёриашро дареғ намедорад. Муаммоҳои оилавиро бо муросо ҳал мекунад. Мардум Шодмон Азизовро чун ошнои роздон медонанд ва ба вай бовар мекунанд. Аз ин рӯ, шому саҳар барои ҳалли ягон муаммою ташвиши рӯзгор, гузаронидани маъракаҳо дари ҳавлиашро мекӯбанд. Шодмон Азизов онҳоро бо чеҳраи кушод истиқбол гирифта, дасти ёрӣ дароз мекунад.

Дар тӯйҳо ҳамчун сарвари хонадон ғамхориву роҳбаладии Шодмон Азизовро дида, меҳмонон гумон мекунанд, ки вай хеши наздиктарини соҳибтӯйҳо аст. Чун мефаҳманд, ки ӯ сарвари маҳалла аст, ба корбариаш аҳсант мехонанд.

- Кош чунин мардони нексиришту ҳимоятгари ватан зиёд бошанд, - бо ҳавас мегӯянд аксар меҳмонон. – Он гоҳ маҳаллаҳо ободу ҳаёти мардум фаровон мешуд.

Шодмон Азизовро мардуми маҳаллаи Ӯрташиқ соли 2016 аз нав раиси маҳалла интихоб кард.

Шодмон Азизов барои хизматҳои шоёнаш дар ҷодаи ҳифзи ватан, осоиштагии халқ бо як қатор мукофотҳо тақдир гардид. Ӯ дорандаи нишони сарисинагии “10-солагии Мустақилии Ӯзбекистон”, “15-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон”, “25-солагии Мустақилии Ӯзбекистон” мебошад. Инчунин, бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гаштааст.

Дар моҳи январ Шодмон Азизов ду идро истиқбол мегирад. Ҷигарбандону наздиконаш барои табрик меоянд. Ӯро бо Рӯзи ҳимоятгарони ватан ва зодрӯзаш табрик менамоянд. Вай дар ҳалқаи наздикон худро хушбахту шодмон эҳсос мекунад.

Дилрабо НАСИМӢ

 

 

 


Дата добавления: 20/01/2017 14:58;   Просмотров: 1559
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку