Рӯзи ҳимоятгарони Ватан барои ҳар як зан рӯзи ифтихор аз оиладорӣ аст.
Онҳо дар симои шавҳарони худ соябону ҳимоятгар ва ба қавли дигар сутуни хонадони худро мебинанд. Бинобарин чун дигар ҷашну идҳо бонувон ба ин сана тайёрӣ мебинанд ё ба гуфтаи баъзе занҳо он рӯз аз пагоҳӣ серташвиш мешаванд. Биёед, беҳтараш садои дили онҳоро аз навиштаҳои дар поёнбуда мехонем.
Мартаба УЗОҚОВА, нафақахӯр:
–14-уми январ рӯзест, ки дар тафаккури мо чун рамзи ҷасорат, қудрат, ҳимояи Ватан ба хотир мондааст. Ва бешубҳа, он ба номи мардони мо, ҳамчун шуҷоаткору ҷасоратманд ва нигаҳбонони Ватан мӯҳр шудааст.
Дар ин рӯз ман аввал ҳатман мардони оила, дӯсту ҳамсоя, кормандони худро табрик мекунам. Албатта, бо суханони беҳтарин ва тӯҳфаҳо. Лозим ояд ба набераҳоям моҳияти ин рӯзро мефаҳмонам.
Назифа ОРИФОВА, шифокор:
– Мардҳо ҳимоятгари моянд. Дар қатори дигар ҷашну санаҳои таърихӣ, ки дар Ӯзбекистон ҷашн гирифта мешаванд, Рӯзи ҳимоятгарони Ватан низ барои оилаи мо, хусусан, занҳо мавқеи худро дорад. Ману келин ва набераҳо кӯшиш мекунем, он рӯз ҷасуриву шуҷоатмандӣ, ҳимоятгар будани мардҳоро бо суханҳои зебо, дастурхони идона орододашуда исбот кунем. Хоҳиши ҳар зан он аст, ки мардҳо ҳамеша ҳамроҳи мо бошанд, зеро мо занҳо бе мардҳо ҳеҷ чизем. Ман дидаам, боварӣ ҳам дорам, ки ҳар як зан бо суханҳои ширин, чашмони пурмеҳр, дастони гулофарини худ ва дастурхони идона дар рӯзи 14-уми январ дили мардони худро ба кору зиндагӣ ва муҳаббати оилавӣ боз ҳам гармтар хоҳанд кард.
Гулсанам САТТОРОВА, тадбиркор:
– Чӣ хеле ки медонем, мардҳо ними моён ҳастанд. Ман дар ин рӯз ҳамсари худро аз таҳти дил табрик мекунам. Дар давоми сӯҳбатҳо номаълум савол дода мефаҳмам, ки ӯ ба чӣ тӯҳфа эҳтиёҷ дорад, ҳамонро барояш омода месозам. Аммо гумон мекунам, ки ман дар зиндагӣ барои ӯ беҳтарин тӯҳфаро тақдим кардаам, ду паҳлавонписару як духтарчаи дӯстрӯяк, боз чӣ мехоҳад?! Ва боварӣ дорам, барои вай як хандаи ширини ман кифоя аст. Ба ҳар ҳол, дар рӯзи идашон намемонам, ки ба ягон кори хона даст зананд.
М.СУЛТОНОВА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.