Моҳи мубораки Рамазон моҳи пок нигоҳ доштани бадан ва ислоҳи рӯҳи инсон аст, ки оиди фазилатҳояш дар оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ аз ҷумла чунин гуфта шудааст: "Рӯза бигиред, то солим бошед!", "Меъда хонаи тамоми дардҳо ва рӯза беҳтарин доруҳост!", "Касе, ки дар рӯзи гарми тобистон рӯза бигирад, Худованд ӯро аз ташнагии қиёмат бо оби зулоли Кавсар сероб мегардонад".
Воқеан, моҳи шарифи Рамазон моҳи хушгуфториву хушпиндориву хушкирдорист. Он на танҳо моҳи парҳез аз пурхӯрӣ ва табобати меъда, балки, ғолибан, моҳи дилёбӣ, аёдати шахсони бемор, дастгирии бекасу бечорагон, кушодадастӣ аст. Ба ин маънӣ, он пеш аз ҳама моҳи хайру эҳсон мебошад.
Хайру эҳсон чӣ дар назм ва чӣ дар насри гузаштагонамон ба унвони мазмун ва мафҳуми бузурги маънавӣ ҷойгоҳи дурахшоне дорад. Он дар мероси адабии пешиниён дар шакли бахшиш, карам, ҷуд, сахо, ато, ҳадя, некӯӣ омада, соҳибони ин фазилатҳо чун ҷавонмард, ҳимматбаланд, саховатпеша, кушодадаст бо эҳтиром ба забон гирифта шудаанд.
Ба андешаи Носири Хусрав ҷуду сахо меҳру оқибатро барқарор намуда, бегонагонро хеш месозад, риштаҳои хешу табориро қавитар мегардонад:
Саховат пеша кун ту аз каму беш,
К-аз он бегонагон гарданд чун хеш.
Саноӣ меафзояд, ки атову бахшиш маҳаки асосии ҷавонмардист. Он боиси обрӯву эътибори инсон дар ҷомеа аст. Ба ҳамин маънӣ ӯ мегӯяд:
Дасти худ чун дароз бинад мард,
Шавад андар сахову родӣ фард.
Саъдии мутафаккир дар каломи ҳикматбори худ ба ғояҳои инсондӯстонаи ҷавонмардӣ, хоса ба эҳсону сахо ва ёрӣ расонидан ба мӯҳтоҷон эътибори ҷудогона медиҳад. Ӯ саховатпешагиро ситоиш карда, накӯкориро фазилати олии инсонӣ медонад. Хайру эҳсонро зеби инсон дониста, дар олам ҷовидон мондани онро тараннум менамояд:
Дило, ҳар ки бинҳод хони карам,
Бишуд номдори ҷаҳони карам.
Ба андешаи ин нобиға бахшишу карам асоси зиндагӣ ва мояи хушбахтист:
Карам мояи шодмонӣ бувад,
Карам ҳосили зиндагонӣ бувад.
Карам номдори ҷаҳонат кунад,
Карам комгори амонат кунад.
Саъдӣ дар заминаи ҳамин гуна андешаҳои ҳакимона чунин натиҷа мегирад, ки басо судманд аст: "Ба дӯст ва душман тариқи эҳсон пеш гир, ки дӯстонро меҳру муҳаббат бияфзояд ва душманонро кину адоват кам шавад". "Ҳакимеро пурсиданд аз саховат ва шуҷоат, ки кадом беҳтар аст? Гуфт: Он касро, ки саховат аст, ба шуҷоат ҳоӣат нест". Ё ин ки: "Пурсидаанд, ки он кадом кас аст, ки агар сад айб дошта бошад, бар вай айб нагиранд? - Посух додаанд: Марди сахӣ".
Ин абёту гуфтаҳои пурбор бори дигар ба тасбит мерасонанд, ки суханварони пешинаамон хайру эҳсонпеша буда, мақсади ниҳойиашон камолоти дунёи рӯҳонии инсонҳо будааст.
Аммо ҷиҳати дигари масъала ҳаст, ки он одоби хайру сахо мебошад. Ба пиндори мо, бахшишу карам бояд аз сидқи дил, самимиву беозор, ҳалолу пок манзури мардум гардад, ки он меъёр, ҳадду ҳудуди муайян дорад. Дар ин бора Носири Хусрав мегӯяд:
Зи хони дигарон бахшиш ба ҳад кун,
Ҷавонмардӣ зи хону нони худ кун!
Яъне, бахшишу карамро аз ҳисоби дигарон кардан норавост. Онро аз нозу неъмат ва ёфти меҳнати ҳалоли хеш намудан шоиста аст.
Инчунин Бедил таълим медиҳад, ки хайру сахо ба халқ ба пул ороста ва ин амал бояд аз дасти одамони неку поксиришт манзур гардад:
Карам бар халқ ҷуз сарфи дирам нест,
Дирам аз дасти бадхӯён карам нест.
Мегӯянд, ки саховат дар зиёд додан нест, балки дар мавқеъаш додан аст. Дар ин хусус Мавлоно Румӣ мефармояд:
Гар бидодӣ ташнаро баҳри зулол,
Дар карам шарманда будӣ з-он навол.
Яъне, аз рӯйи худнамойӣ ба ташнагон баҳри зулолро бахшидан аз рӯйи одоб нест, зеро оби шӯри он гарчанд зулол бошад ҳам, баройи ошомидан нашояд. Ин андешаро Ҷомӣ меафзояд:
Кинахоҳӣ равиши эҳсон нест,
Ҳар кӣ эҳсон накунад, инсон нест.
Машав аз варзиши беэҳсонӣ,
Хориҷ аз доираи инсонӣ!
Зеби инсон хоксорӣ ва дар зарурат аъмоли нек кардан аст. Ба ҳамин маънӣ, дар моҳи шарифи Рамазон ба сифати хайру эҳсон ифтор дода мешавад. Аммо баъзе шахсон аз рӯйи ҳою ҳавас ва худнамойӣ ифторро ба зиёфати пурдабдаба табдил дода, ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, ки ин ҳам нораво аст.
Мувофиқи тадқиқоти олимони Ҷопон агар одам пеш аз баромадани офтоб аз хоб хеста бошад, аз нури офтоб қувваю нерӯи тоза мегирад. Хоби саҳарӣ бошад, инсонро ланҷ месозад. Аз ин рӯ, мардуми мо саҳархезиро фоли нек медонад.
Абдусалом САМАДЗОДА
Зоҳир ҲАЙДАРӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.