Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАСАЛҲо ДАР БОРАИ МАЛАКУТИ ОСМОН

Ҳамон рӯз Исои Масеҳ аз хона берун омада, дар канори баҳр нишаст, мардум назди ӯ ҷамъ омаданд. Ӯ ба қаин нишаст ва бо масалҳо ҳикмати бисёрро ба мардуми соҳил меомӯхт:

- Инак, корандае барои пошидани тухм берун рафт, чун тухм мепошид, қадре дар канори роҳ афтод, паррандагон онро хӯрданд. Қадаре дар санглох афтод, дар ҷое, ки хок бисёр набуд ва бо тезӣ сабзид. Зеро ки хок умқ надошт. Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва азбаски реша надошт, хушк гардид. Қадаре дар миёни хорҳо афтод, хорҳо қад кашида, онро пахш карданд. Қадаре дар хоки қобил афтод ва бор овард, баъе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ. Ҳар ки шунаво дорад, бишнавад!
Шогирдонаш гуфтанд:
- Чаро бо онҳо бо масалҳо сухан мегӯӣ?
Гуфт:
- Чунки ба шумо донистани асрори Малакутӣ ато шудааст, лекин ба онҳо нашудааст. Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад, ҳар кӣ надорад, аз вай чизе, ки дорад, гирифта шавад. Аз он сабаб ба онҳо ба масалҳо сухан мегӯям, ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд ва гӯш медиҳанд, вале намешунаванд ва намефаҳманд. Ва дар ҳаққи онҳо нубуввати Ишаъё аз амал меояд, ки гуфтааст: "Бо гӯшҳои худ хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид, ба чашмҳои худ нигоҳ хоҳед кард, вале нахоҳед дид. Зеро ки дили ин мардум сангин ва гӯшҳояшон вазнин шудааст ва чашмони худро бастаанд, мабодо бо чашмон бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд, бо дилҳо бифаҳманд ва руҷӯъ кунанд ва ман онҳоро шифо диҳам".
Хушо, ки чашмони шумо мебинанд, гӯшҳои шумо мешунаванд. Зеро, ба ростӣ, ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва одилон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд ва надиданд, он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд ва нашуниданд.
Кишти санглох он аст, ки каломро мешунавад ва дарҳол ба шодӣ қабул мекунад. Лекин дар худ реша надорад ва ноустувор аст ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтад.
Кишти миёни хорҳо он аст, ки каломро мешунавад, лекин андешаҳои дунёӣ ва ҳирси сарват пахш мекунад ва он бесамар мегардад. Кишти хоки қобил он аст, ки каломро мешунавад, мефаҳмад ва бор ҳам меоварад.
Масали дигаре ба онҳо гуфт:
- Малакути Осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба ченак орд андохт, то ки хамир расид.
Ҳамаи инҳоро Исо ба мардум бо масалҳо баён мекард ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт, то ба амал ояд каломе, ки ба забони набӣ гуфта шудааст: "Даҳони худро ба масалҳо мекушоям; чизҳоеро, ки аз офариниши олам пинҳон мондааст, баён менамоям".
Он гоҳ Исо мардумро ҷавоб дода, ба хона даромад. Шогирдонаш назди ӯ омада гуфтанд: "Масъалаи мастаки киштзорро ба мо бифаҳмон". Дар ҷавоби онҳо гуфт: "Корандаи тухми некӯ писари одам аст. Киштзор ин ҷаҳон аст, тухми некӯ писарони Малакут ҳастанд ва мастакҳо писарони Иблис мебошанд. Душмане, ки онҳоро кошт, ҷоми олам аст ва даравгарҳо фариштагонанд. Пас, чӣ тавре ки мастакҳоро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, анҷоми одам низ ҳамон тавр хоҳад буд.
Писари Одам фариштагони худро хоҳад фиристод ва онҳо аз Малакути ӯ ҳамон васвосиён ва бадкоронро ҷамъ хоҳанд кард. онҳоро ба кӯраи оташ хоҳанд андохт, дар он ҷо гиря ва ба ҳам хӯрдани дандонҳо хоҳад шунид.
Он гоҳ одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд, ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, биншавад:
Малакути Осмон монанди ганҷест, ки дар киштзор ниҳон аст ва онро касе ёфта, аз шодӣ ҳар чӣ дошт, фурӯхт ва он киштзорро харид.
Малакути Осмон монанди тоҷирест, ки марворидҳои хуб меҷуст ва чун як марвориди гаронбаҳо ёфт, рафта, ҳар чӣ дошт, фурӯхт ва онро харид.
Малакути Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд ва ҳар навъ моҳӣ ба он даромад, чун пур шуд, онро ба соҳил кашиданд ва нишаста, хубҳоро дар зарфҳо ҷамъ карданд, бадҳоро дур андохтанд. Дар анҷоми олам ҳамин тавр хоҳад шуд: фариштагон берун омада, некӯвонро аз миёни зиштон ҷудо мекунанд ва онҳоро ба кӯраи оташ меандозанд: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд. Исо ба онҳо гуфт: "Оё ҳама инро фаҳмидед?" ба ӯ гуфтанд: "Оре!"
Ба онҳо гуфт: "Бинобар ҳар китобдоне, ки дар Малакути Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меовард."

Таҳияи МЕҲРАНГЕЗ


Дата добавления: 26/05/2020 17:43;   Просмотров: 718
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку