Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАСКАНИ МАҲОРАТ

Агар хотирам фиреб надиҳад, солҳои мактабхон буданам ба идораи рӯзнома омада будам. Масъулони саҳифаи тоҷикӣ Зоҳир Ҳасанзода ва Раҳим Мавлонӣ хуш пазируфта камубеш бошад ҳам барои сайқал ёфтани истеъдоди банда саҳмгузор шудаанд.

Аҷибаш дар он буд, ки баъди соҳиби номаи камол гардидан рост ба идора омада, ходими адабӣ таъин гардидам. Рости гап, барои чунин боварӣ аз муҳаррир Насриддин Зайниев (Илоҳо ҷояшон дар ҷаннат шавад!) миннатдор ҳастам. Он айём рӯзнома дар як ҳафта се маротиба интишор меёфт. Шояд аз ҳамин сабаб барои сайқал ёфтани истеъдоди навқаламон майдони фарох вуҷуд дошт. Беҳтарин ва хубтарин чакидаҳои хомаи ман дар саҳифаи тоҷикӣ, сипас рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» чоп шуданд ва тавассути радиошунавоии вилоят пахш гардиданд.
Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо тақозои тақдир ба мактаб гузашта, аз адабиёт ва забони модарӣ сабақ медиҳам. Гоҳ-гоҳ хома ба даст гирифта бо иншои маводу мақолаҳо машғулам. Аммо барои ман ва аксарият навқаламон «Гулобод тонги» маскани маҳорат аст.

Нигораи ИСЛОМ,
собиқ корманди бахши тоҷикии рӯзнома


Дата добавления: 28/06/2017 15:43;   Просмотров: 1535
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку