Дар маҳаллаи Кулба бинои хушсохту замонавии ташкилоти таълими томактабии рақами 31 ба истифода супорида шуд.
Дар маросими кушоиши ташкилоти мазкур ҳокими ноҳия Носир Мавлонов оиди имкониятҳои истиқлол, эътибор ба насли наврас, аҳамияти ташкилотҳои таълими томактабӣ барои тарбияи бачаҳо изҳори ақида намуд.
- Бинои ТТТ соли 1975 сохта шуда буд, - гуфт мудираи боғча Фирӯза Набиева. - Соли ҷорӣ бар асоси Барномаи инвеститсия аз нав реконструксия гардид. Корҳои бунёдкорӣ аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Фирӯз-Фариз" амалӣ гардид.
- Аҳли маҳалла хеле хурсанданд, - иброз дошт раиси маҳаллаи Кулба Шавкат Низомов. - Фарзанду набераҳоямонро ба боғча оварда, хотирҷамъ мешавем, ки барояшон ҳамаи шароит муҳайёст. Ҳоло дар бинои дуқабатаи боғча 120 нафар бачаҳо таълиму тарбия хоҳанд гирифт. Эҳтиёҷи мардум ба боғча зиёд аст. Аз ин рӯ, дар маҳаллаи мо боз се боғчаи оилавӣ фаъолияти худро оғоз кард.
Д.НАСИМОВА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.