Якуми январ рӯзи таваллуди Исои Масеҳ (Иисус Христос) аст. Солшумории мелодӣ сароғоз ба рӯзи мавлуди ӯ мениҳад. Чеҳраи нуронии ӯ ба мардуми мо аз мусаввараҳое, ки рассомони бузург кашидаанд, шинос аст. Дар тасвирҳо аксар ӯро айёми тифлӣ дар дасти модари ҷавони зебояш Марям ва оқибати умр дар салиби бузурге чормехшуда мебинем.
Яъне Исо аз паёмбаронест, ки ҷон доду имон нигаҳ дошт ва прокуратори Рим Понтий Тилат ӯро қатл карда бошад ҳам ба таълимоти ӯ зафар ёфта натавонист. Исои ҷисман аз байн рафта рӯҳан бузург шуд ва имрӯз як қисми бузурги аҳолии ҷаҳон ба оини ӯ гаравидааст ва ба тасвири ин пайғамбари ҷабрдида саҷда мекунад. Тасвирҳои Исои дар салиб мехкӯбшуда ба пайравонаш устуворӣ ва ҷасорат меомӯзонад.
Оиди рӯзгори Исо ва тақдири фоҷиавии ӯ китобҳои зиёде чоп шудаанд. Хусусан, нуқтаи олии ҳаёти ӯ - баҳс бо прокуратор Понтий Пилат аз ҷониби Михаил Булгаков дар "Мастер ва Маргарита" ва Чингиз Айтматов дар "Зеркунанда" хеле хуб ба тасвир омадааст.
Дар адабиёти классикии форсу тоҷик низ оиди Исои Масеҳ ишораҳои зиёдеро метавон дучор шуд. Ҷиҳати инсондӯстонаи таълимоти Исои Масеҳ дар осори бузургони Аҷам нақши барҷастае нагузошта наметавонист. Ва албатта аввалин шуда ба Исои Масеҳ Рӯдакии бузургвор арҷ гузоштааст:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад он ки туро кушт!
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
Ин панд қариб ду ҳазор сол боз поянда аст.
Оид ба лақаби ӯ дар "Ғиёс-ул-луғот" сабт ёфта: масеҳдӯст ва паймоишкунандаи замин, ба муносибати ин ду маънӣ лақаби Исо алайҳиссалом, зеро ки Ҳазрат дӯсти ҳақ буданд ва аз боиси таҷарруд аксар ба сайру гашт мебуданд.
Адаш ИСТАД
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.