Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МЕҲНАТ РОҲАТ ОВАРАД

Имрӯз замони гузашта нест. Аз дирӯза дида муносибат нисбати замину ҳосилдории он беҳтару бештар мегардад. Аз ин ҷост, ки марди деҳқонро дар сари замин, майдони кишту кор мебинед.

Устухони Тӯра Ашӯров бо нони ҳалоли деҳқонӣ сахт шудааст. Падараш Хушвақтбобо Ашӯров аз зумраи деҳқонони чашмикордону заҳматписанди собиқ хоҷагии ҷамоатии “Мароқанд” буд. Сардории звенои 39 гектар майдонро бар ӯҳда дошт. Ҳоло Тӯраака бо 6 нафар аъзои хоҷагии “Хушвақт Ашӯров боғлари” дар 6,1 гектар замини корам меҳнат мекунад.
– Ба нуқтаи ғаллақабулкунӣ қариб 15 тонна дони хушсифат супоридем,- гуфт Тӯра Ашӯров. - Ба замини холишуда ниҳоли помидор, картошка, қаланфур ва нахӯд шинонидем.

Комил ҶӮРАЗОДА


Дата добавления: 25/08/2017 14:56;   Просмотров: 1341
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку