Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МЕРОСИ ПАДАР

ё худ вохӯрӣ пас аз 40 сол

Ҳамаи бачаҳо, ки ба синни мактабӣ расида буданд, ба мактаб рафтанду Тошпӯлоди панҷсола танҳо монд. Вай ҳар пагоҳ ба дӯстонаш, ки ҳамроҳ мебозиданду шӯхӣ мекарданд, бо ҳавас менигарист. Мактаби рақами 19-ум дар шафати ҳавлии онҳо ҷойгир буд. Аз ин рӯ, вай аз пушти дари синфхона ҷараёни дарсро наззора мекард. Муаллим борҳо ба вай фаҳмонд, ки ин кораш хуб не, хаёли бачаҳо аз дарс канда мешавад... Вале ин кор ҳар рӯз такрор мешуд. Агар муаллим Тошпӯлодро аз қафои дар ронад, аз тиреза меомад...
Рӯзе муаллим ба падари Тошпӯлод Нурмуҳаммадамак гуфт:
- Нурмуҳаммадака, ба писаратон як дона дафтар ва як қалам харида диҳед, илтимос. Ба фикрам, то ба синф надарорам, ин бача маро тинҷ намегузорад...
Нурмуҳаммадамак, ки звенои хоҷагӣ буд, чанд варақ аз дафтарчаи табелнависӣ канд ва бо як дона қалам ӯро ба мактаб гусел кард. Тошпӯлод дар партаи охирин танҳо менишаст. Муаллим ҳарфҳоро аввал ба тахтаи синф менависту баъд ба дафтари хонандагон. Тошпӯлод бодиққат навиштани ҳарфҳоро меомӯхт. Гоҳо мешуд, ки нӯги қалам мешикаст. Ӯ аз раъяш нагашта, бо дандонҳояш қаламро тез мекард. Бо қалам навиштан душвор бошад ҳам, нӯги қаламро ба даҳонаш бурда, тар мекард ва менавишт.
Пас аз як моҳи мактабравӣ Нурмуҳаммадамак писарашро наздаш шинонда, чанд савол дод. Тошпӯлод, ки аз дарсҳо қафо монда буд, ба аксар саволҳо ҷавоб дода натавонист. Ва сарашро хам намуд. Падар бо кафи даст тарсакии обдоре ба пешонаи Тошпӯлод фаровард, ки сараш боло шуда, аз чашмонаш оташак парид.
- Сархамиро ана ҳамин тавр рост мекунам, аз ёд набарор!Чаро ба мактаб рафта, ҳеч чизро ёд нагирифтӣ?! - сарзаниш намуд падар.- Агар дар давоми як ҳафта хондану навиштанро ёд нагирӣ, аз худат гила кун, бача!
Тошпӯлод назди падар дам истод. Ба берун баромада, аз зӯрии дард чунон фарёд кард, ки атрофиён гӯшҳояшонро бо кафи даст маҳкам карданд.
Тошпӯлод аз китоби ҳар кадоме истифода бурда, ҳарфҳои намедонистагиашро омӯхт. Хондану навиштан, ҳисобу китобро ёд гирифт. Соли хониш ҳам ба поён расид.
Як пагоҳ дарвозаи ҳавлии Нурмуҳаммадамакро касе кӯфт. Падар назди дар муаллимро дида ҳайрон шуд. Аз дил гузаронд, ки писараш боз ягон номақбулие кардааст.
- Нурмуҳаммадака, бигзор назди Худо гунаҳкор шавам, бигзор маро ҳукумат ҷазо диҳад, вале қарорам қатъӣ аст. Тошпӯлодро ба синфи дуюм мегузаронам. Ман ӯро барои шӯхӣ накарданаш аз синф ҷой дода будам. Ба хониши ӯ эътибор намедодам. Бачаи бечора на ручка дораду на дафтар, вале дарсро ба хубӣ аз худ намудааст. Қаламаш хӯрда шуда бошад ҳам бо ҳамон менависад.Ҳуҷҷатҳояшро тайёр кунед...
Аз ин воқеа панҷоҳ сол гузашта бошад, ҳеҷ гоҳ аз ёди Тошпӯлод Юсуфов намеравад.
Дар ҷашни 40-солагии хатми мактаб низ ҳамсинфон ёди айёми мактабхонӣ, ҳазлу шӯхиҳои ҷавонӣ намуданд. Ҳар кадоме аз кору зиндагии худ ҳарф зад. Хайрулло Тоҷиев омӯзгори фанни ҳарбии Коллеҷи иҷтимоиву иқтисодии Гулобод, Худойбердӣ Турдиев рассоми мониқалам, Карим Бобоев фермер, Абдураҳим Каримов қассоб аст. Духтарон алҳол бо тарбияи наберагон банданд.
Тошпӯлод Юсуфов бошад ҳанӯз қалам дар даст машғули эҷод аст. Гӯиё ин қалам мероси падар бар ӯст...

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 03/05/2019 14:22;   Просмотров: 971
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку