Чӣ тавре, ки аз шумораи гузаштаи рӯзнома огоҳӣ ёфтед, чанде аз аҳли эҷоди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурияти Тоҷикистон бо сарварии сармуҳаррири рӯзномаи "Зарафшон" Луқмон Қурбон меҳмони идораи рӯзномаи мо буданд.
Ин мақолаи арзишманди намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, муҳаррири нашрияи "Фарвардин", раиси ташкилоти шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Турдибой Солеҳзода дастовези муаллиф ба хонандагони "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод" аст.
Яке аз муаллифони ин сатрҳо охирин бор моҳи сентябри соли 2008 аз Самарқанд боздид карда буд. Дар толори театри ба номи Ҳамид Олимҷон 1150 - солагии саромади адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил менамуданд. Ба ман, ки аз Панҷакент намояндагӣ мекардам, низ хоҳиш намуданд сухан гӯям. Аз ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар адабиёти ҷаҳон, яке аз нуктаҳои муҳими пайванди азалии порсигӯёни ду тарафи марз, фарзанди Панҷакент - он замон музофоти Самарқанд будани ӯ сухан гуфтам, шеърҳои устодро қироат намудам, китобҳоеро, ки дар Тоҷикистон ба ифтихори ин ҷашнвора ба нашр расида буд, ба дӯстон тӯҳфа кардам.
Ин охирин боздиди ман аз Самарқанд пеш аз роҳбандӣ буд ва то имрӯз чеҳраҳои аҳли адабу фарҳанг, ки он рӯз пешорӯям қарор доштанд ва ба суханони ман гӯш медоданду дар анҷоми он ба эҳтироми забони модариамон аз ҷой бархоста, чапак мезаданд, дар ёдам нақш бастааст.
Ва ин чеҳраҳои моломоли шодиро имсол дар рӯзи ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии Саразм - Ҷартеппа аз нав дидем. Ҳама - аз ду ҷониби марз ташнаи дидор буданд. Ҳам ҳамзабонони мо ва ҳам бародарони ӯзбек.
Номи қаҳрамони ин рӯз - сарварони ҳар ду ҷумҳурӣ - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сари забонҳо буд ва ҳазорон нафар аз ду ҷониби марз дуои ҷондарозии онҳоро мекарданд.
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не ба-дон чашм к - андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст к-аз накӯкорӣ,
Киштие соз то бад- он гузарӣ.
Ин байтҳои машҳури одамушшуаро, устод Рӯдакиро бо лафзи шикастаи форсӣ аз як бародари ӯзбек он рӯз шунидам. Бале, сарварони ду ҷумҳурӣ орзую ормони мардуми худро дарк намуданд ва гиреҳеро, ки тӯли беш аз чоряк аср печидаю ба кӯргиреҳ табдил шуда буд, боз карданд.
Он рӯз номи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишер Навоӣ низ чун тимсоли дӯстии ду халқ вирди забонҳо буд. Ин рафоқату дӯстии ду шахсияти бузурги ду миллатро адабиётшиноси тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ "Меҳру муштарӣ" гуфтааст. Воқеан, муносибати дӯстонаву равобити адабии ин ду шоиру мутафаккири бузург аз ҷониби ховаршиносони русу тоҷик ва ӯзбек таҳқиқ шудааст. Тибқи ин таҳқиқотҳо равобити бевоситаи Алишер Навоӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ, ки чун олиму шоири тавоно ва пири тариқат шӯҳрат дошт, ба сифати шогирд ва мухлис дар Ҳирот соли 1464 оғоз гардида, то охири умри онҳо идома ёфтааст. Шогирду устод дар ҳама лаҳзаҳои умр дар паҳлӯи ҳамдигар қарор доштанд.
Ба таъкиди Алии Муҳаммадии Хуросонӣ "Ҳар гоҳ сухан аз боби муҳити адабиву фарҳангии нимаи дуюми қарни XV-и Ҳирот равад, пеши назар дафъатан чеҳраи ду ситораи нуронӣ, ду муҷассамаи бузурги хирад, ду раҳнамои маъруфи адабиёту фарҳанги ин давра, ду заҳматкаши ҷонфидои халқу миллат ва ду симои абадзинда - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ падид меояд".
Бале, номи ин ду шахсияти бузург ба рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек табдил ёфтааст.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳама корҳое, ки вазиру шоир Алишер Навоӣ анҷом медод, маслиҳату мушовир низ будааст. Устод Садриддин Айнӣ навишта, ки борҳо Алишер Навоӣ аз дасти душманон ба танг омада, мехост тарки дарбор намояд, "аммо ба ин кор ӯ Ҷомӣ ризо намедод ва ҳар чӣ ҳам бошад, дар дарбор ва дар мансабу вазорат будани ӯро барои мамлакат фоиданок медонист".
Баъди тарки дарбор муносибати устоду шогирд боз ҳам қаринтар гашт ва Алишер Навоӣ ба фирқаи Нақшбандия, ки ба он устодаш раҳнамоӣ мекард, дохил шуд.
Алишер дар ҷанозаи фарзанди устодаш паҳлӯи қарор дошт. Ӯ дар "Хамсат-ул-мутаҳайирин" чунин навишта: "Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ - он соҳибдили бузургвор ва соҳибкамоли нубуваткирдор, ин хоксори парешонрӯзгорро бо илтифотҳои азим сарбаланд ва бо навозишҳои ғариб арҷманд карда дар байни абнои ҷинсш сарфароз, балки аз ҷинои башар мумтоз менамуданд".
Ба иқрори худи Алишер Навоӣ ӯ асарҳояшро амалан бо маслиҳати устодаш эҷод намудааст. Масалан, дар сабаби эҷоди "Хамса", ки ба таъкиди устод Айнӣ "яке аз беҳтарин намунаҳои адабиёти классики Шарқ аст" худи Алишер Навоӣ гуфта:
Форсӣ чун гашт дар эшон адо,
Туркӣ кунам нест аҷаб ибтидо.
Форс чу хурсанд шуд аз он гуҳар,
Турк ҳам ар шод шавад хубтар.
Роҳбарӣ карда Низомӣ маро,
Ёр шавад Хусраву Ҷомӣ маро.
(тарҷумаи устод Айнӣ)
Воқеан, Алишер Навоӣ, ки таълимашро ба забони арабию форсӣ гирифта, аз худ осори зиёда ба форсӣ гирифта, аз худ осори зиёде ба форсӣ-тоҷикӣ бо тахаллуси Фонӣ боқӣ гузошта, ки адабиётшиноси фақид Аълохон Афсаҳзод дар рисолаи "Пайванди қарнҳо" бахшида ба осори Навоӣ онро аз 11 қасида, 485 ғазал, 36 қитъа, 68 рубо, 500 муаммо ва дигар анвои шеър иборат медонад. Ғазалҳои форсии Навоӣ ба таъкиди Афсаҳзод хеле дилчаспанд. Ба ин байтҳо таваҷҷӯҳ намоед.
Паймонаи май ҷӯён, рафтам сӯи майхона,
Берун наравам з-он ҷо пур нанмуда паймона.
Шайхони мувоҷотӣ, риндони хароботӣ,
Ҷӯяд туро, ҷоно, дар қаъбаву бутхона.
Ба ёд овардани дӯстии ин ду абармард дар ин рӯзҳо, ки бо иқдоми шоистаи сарварони ду давлати ба ҳам дӯсту бародар, ҳамзабону ҳамдину оин, ки форсӣ - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, барои қисмати шаҳрвандонашон забони модар аст, дарҳои баста аз нав боз гаштанд, дидорҳо ба дидор расиданд, рамзӣ ҳам ҳаст.
Т.СОЛЕҲЗОДА,
шаҳри Панҷакент
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.