Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МИННАТ - НИШОНИ ЗИЛЛАТ

Халқ мегӯяд: "Эҳсони хасис - достони хасис". Дар ин бора муаллими ахлоқ Ҷомии бузург таълим медиҳад, ки касеро мақсадаш аз хайру эҳсон худнамоию обрӯгирист, ҳарчанд аз кишвару шаҳри бахшишу сахо бошад ҳам, аз эътибори мардум дур аст, яъне хонааш аз дарвоза берун:

Ҳар кӣ мақсудаш аз карам он аст,
Кӣ барорад ба олам овоза,
Бошад аз мисри ҷуду шаҳри карам
Хонаи ӯ берун аз дарвоза.
Ба қавли Ҷомӣ, аз шахси риёкор мададу ҳоҷат пурсидан нашояд, зеро хайру сахои ӯ сохтаву ғайри аслӣ аст:
Аз риёпеша маҷӯ ҳоҷат, ки ҷудаш оризист,
Мева кай орад дарахти хушк, к-аз борон тар аст.
Баъзеҳо аз рӯйи шарму ҳаё дархосте аз дигарон надоранд. Аз ин рӯ, ба онҳо пинҳонӣ ва бо дасти худ садақа додан дуруст аст. Зеро мегӯянд. ки хайру эҳсони пинҳонӣ шӯълаҳои ғазаби парвардигорро хомӯш мекунад. Ба ҳамин маънӣ, халқ мегӯяд: "Ба дасти ростат хайр бикун, то дасти чапат пай набарад". Дар ин хусус Хисрави Деҳлавӣ фармудааст:
Касеро ки мардӣ бувад андаке,
Агар сад кунад, з-он нагӯяд яке.
Ба ҳамин маънӣ, Мавлоно Ҷомӣ дар маснавии "Силсилат-уз-заҳаб" меорад, ки шоҳи одил Нӯшервон рӯзе аз боми хонаи худ ба ҳавлии ҳамсоя назар карда мебинад, ки пиразане бо кӯзаи бедасту бенӯл дасту рӯй мешӯяд. Чун кӯза шикаста ва бедаставу нӯл буд, об ба замин мерезад. Аз ин ҳол Нӯшервон ғамгин гашта, мехоҳад офтобаи заррини худро ба пиразан тақдим кунад. Аммо бо андешаи он, ки ин кораш ба иззати нафси пиразан нарасад ва аз хайру сахояш касе огоҳ нагардад. дар қатори вай ба чил нафар мӯҳтоҷони дигар офтобаи тиллоӣ мебахшад. Шоир дар ин ҳикоят одоби хайру эҳсонро ҳамин тавр таълим медиҳад.
Ҷомии гуманист умуман дар чунин ақида аст, ки бахшишу карамро фақат ба мӯҳтоҷон кардан лозим аст. Ба ақидаи ӯ моле, ки ба кафи мӯҳтоҷон намеафтад ба тороҷ рафтанаш беҳтар аст.
Дар хайру эҳсон миннат кардан ҳам хилофи одоб аст. Миннати инъом ва некии боиллату боғараз малоли хотир мебошад. Бори миннат зиллату хории некии касеро кашидан аст. Аз ин рӯ, ба касе бахшише карда онро ба ёди вай овардан нашояд. Адолат ин аст, ки аввал хайр ё некӣ макун, чун тасмим гирифтӣ, ки некӣ мекунӣ, миннат макун. Ба қавли Саъдии хирадманд: "Бибахш ва миннат манеҳ, ки нафъи он ба ту боз мегардад".
Дар бораи залиливу хории бори миннат Ҷомӣ басо таъсирбахш гуфтааст:
Ба дандон рахна дар пӯлод кардан,
Ба нохун роҳи хороро буридан,
Фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор,
Ба пилки дида оташпора чидан,
Ба фарқи сар ниҳодан сад шутур бор,
Зи Машриқ ҷониби Мағриб давидан.
Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд,
Зи бори миннати дунон кашидан.
Яъне, аз нигоҳи Мавлоно бо дандон пӯлодро рахна кардан, бо нохун хороро буридан, ба оташдон фурӯ рафта бо пилки чашмон оташпора чидан, ба фарқи сар сад шутур борро гузошта аз машриқ ба сӯйи мағриб давидан осонтар аз он аст, ки бори миннати дунон - одамони пастро кашидан.
Инчунин ба қавли ӯ бо симу зар ҳимматбаландию хайру эҳсон кардан кори на чандон душвор нест. Инсоне хушбахт аст, ки ҷавонмардӣ ба ҷон кунад, дар роҳи ҳалли мушкили инсонҳо ҷонбозӣ намояд, ба ҳолпурсии ниёзмандон биравад:
Ба симу зар ҷавонмардӣ тавон кард,
Хуш он кас, к-ӯ ҷавонмардӣ ба ҷон кард.
Ё ин ки:
Барои неъмати дунё, ки хок бар сари он
Манеҳ зи миннати ҳар сифла бор бар гардан.
Ба як-ду рӯз равад неъматаш зи даст, вале
Бимонадат абадуддаҳр ор бар гардан.
Яъне, барои нозу неъмати дунё, ки ночизу ноарзанда аст, бори миннати одамони пастро макаш. Зеро ин нозу неъмат баъди як-ду рӯз аз кафи даст берун мераваду дар даҳр ори кашидани миннати он абадӣ мемонад. Аз ин рӯ, аз дастранҷи худ ҷом нӯшидану аз ҷӯйи хеш об нӯшидан беҳтар аз ҳавзи соқиёни давр ба косаи тилло ошомидан аст:
Ҷом аз кафи дасти хеш кардан,
Об аз нами ӣӯи хеш х(в)ардан,
Беҳ з-он ки хӯрӣ ба косаи зар
Аз ҳавзаи соқиёни дигар.
Ё худ чӣ тавре Абдуллоҳи Ҳотифӣ мегӯяд, нима нон беҳ аз нони ба миннат талабида:
Агар ним ноне ба иззат диҳӣ,
Аз он беҳ, ки ноне ба миннат ниҳӣ.
Зеро ҳангоме ба кори нек ва хайру сахо бори миннат гузошта мешавад, он кирои миннат нест, ки халқ суфтааст: "Биҳишт наярзад ба як сарзаниш". Ба қавли Аҳмади Ахгар бошад:
Ба миннат агар бахшадат бадманиш
Ки ҷаннат ба миннат ҷаҳаннам бувад,
"Биҳишт наярзад ба як сарзаниш".
Пас, ҳақ ба ӣониби Ҳофизи қудсӣ аст, ки панд медиҳад:
Чу ҳофиз дар қаноат кӯшу аз дунёи дун бигзар,
Ки як ҷав миннати дунон дусад ман зар намеарзад.
Ҳамин тавр, риояти маърифати хайру эҳсон ҳар як фардро водор менамояд, ки чунин байтҳои ҳикматомези суханварони мутафаккирро сармашқи зиндагии худ қарор диҳад. Зеро мо бар онем, ки мутолиаи онҳо ба маънавияти инсонҳо, хоссатан, ҷавонон меафзояд, баҳри чун Инсон ба камол расидани онҳо замина мегузорад. Ба ҳамин маънӣ, дар "Андразҳои пешинагон" омадааст: "Ҳар рӯз бо худ омор (ҳисоб) карда, натиҷа гирифтан, ки имрӯз чӣ суд ва чӣ зиён дидам, чӣ некӣ ва чӣ бадӣ, чӣ хайру эҳсон ва чӣ гуноҳ кардам, чӣ қадар бо роҳи парҳезгорӣ рафтам ва чӣ қадар нопорсоӣ нишон додам".

Абдусалом САМАДЗОДА,
академики Академияи фанҳои Тӯрон


Дата добавления: 07/06/2019 15:55;   Просмотров: 1014
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку