Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МО БАРОИ ВАСЛ КАРДАН ОМАДЕМ . . .

ИҚДОМАТ МУБОРАК

Биё, эй дӯст, иқдомат муборак,
Зи ганҷи меҳр инъомат муборак.
Ҷаҳон бе дӯстӣ бадтар зи дӯзах,
Биҳшти сабзи айёмат муборак.
Бигӯ ҳарф аз дифои сулҳу ваҳдат,
Ки ҳар навгонӣ-пайғомат муборак.
Қадам бигзор дар шаҳроҳи дидор,
Сафои чашми бодомат муборак.
Каломи обдорат айши ҷон аст,
Хурӯши рӯди илҳомат муборак.
Хуш ояд нӯши май аз ҷоми Хайём,
Илоҳо бод ҳар гомат муборак.
Мурод аз ин ғазал изҳори дил буд,
Диёри тинҷу оромат муборак!
Нормурод Каримзода

Овоза...
Даҳ-понздаҳ сол боз чунин овозаҳои дилрешкунандаву гӯшхароше вуҷуд дошт:
- Ҳой фаҳмидӣ, сарҳаддевори Ӯзбекистону Тоҷикистонро чун девори осмонбӯси Хитой баланд бардоштаанд…
- Ҳайкали Ҷомиву Навоиро чун сангпораҳо майда- майда карда, партофтаанд…
- Дарёи Зарафшонро аз болообаш мебастаанд…
Ин овозаҳои пуч ҳатто сарҳои пурмағзро ҳам ба дард оварданд. Дили одамони худшиносу дилогоҳ, ки чашми хиради замонабинашон кушода буд, харош меёфт.
Эҳ, ин касони ғавдаҳон ин қадар хунукнафасанд. Аз мӯрча уқоб месозанду аз барра фил!
«Асос»-и беасоси овозаҳо
Табаддулоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамаи марзбононро ҳушдор намуд, ки бояд сарҳади ҳар як мамлакат мустаҳкам бошад.
Аз он, ки баъзе тоҷирони чапдаст маводи муходир, аз ҷумлаи нашъаву героин, морехуанаву дигар «гиёҳҳо»-и сархушкунандаи ба наслу асли кас зарароварро аз Афғонистон ба воситаи сарҳади Тоҷикистон ба диёри мо меоварданд, ғавчӯби муваққатӣ гузошта шуд. онҳое, ки визаи махсус дошта буданд, миёни ин ду давлат бе монеа равуо мекарданд.
Перомуни ҳалли ин масъала миёни Президенти Аввалини ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Арбоби намоёни сиёсати ҷаҳон, шодравон Ислом Каримов ва сарвари давлати ҳамсоя – Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмон борҳо музокира ба миён омада буд.
Бунёди нерӯгоҳи обиву барқии «Роғун» мисли экспертҳои ҷаҳонӣ донишмандони соҳаи гидрология ва геодезияи кишвари моро низ ба ташвиш оварда буд. Ҳама аз тақдири минбаъдаи мардуми қаторкӯҳи Зарафшон – Хуросони бостонӣ, ки дар саргаҳаш обамбори бузурги Саррез ҷой дорад, андеша дошт.
ҳайкали Ҷомиву Навоӣ, ки дар кунҷаки меҳмонхонаи «Афросиёб», саргаҳи кӯчаи Даҳбедии шаҳри Самарқанд вуҷуд дошт, аз носозгории ҷой, ки рӯ ба рӯйи собиқ заводи нӯшокиҳои спиртии «Зарафшон», ки бо номи арақзавод маъмул буд, аз он ҷо гирифта шуд. Самарқандиёни зарофатпеша ба ин маънӣ сухани латифамонанде низ доштанд:
«- Ин ду бобои салладорро мешиносӣ? – пурсид яке.
- Ҳа, охир инҳо Ҷомиву Навоӣ-ку!
-Онҳо киро интизоранд?
- Инашро намедонам.
- Онҳо Хайёмро интизоранд.
- Хайём куҷост?
- Хайём даруни арақзавод, барои инҳо низ шароб меоварад…»
Ин мардуми даҳонбефаровези овозапаҳнкунанда аз куҷо донанд, ки пеш гирифтани дарёи Зарафшон, ки ҳазор солҳо боз мазраи дилҳоро шодоб медорад, аз маҳкам кардани даҳони ганданафасаки онҳо низ мушкилтар аст!
Симои Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Навоӣ
ё худ муҷассамаҳои дӯстӣ …
Он ҳайкале, ки ба гуфти беҳудасуханҳо «майда-майда» шудааст, дар миёни хиёбони маданиву истироҳатии шаҳр ба номи Мир Алишер Навоӣ ҷой мегирад. Яъне ҳайкали Ҷомиву Навоӣ дар шафати кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар маркази чорбоғ, дар домони хиёбони Рӯдакии Самарқандӣ қад меафрозад. Ва чун муҷассамаи дӯстии ҳазорсолаи халқҳои ӯзбеку тоҷик хизмат мекунад. Чунин муҷассамаи рамзии Ҷомиву Навоӣ дар боғи истироҳатии тозабунёди мавзейи Гулободи ноҳияи Самарқанд низ барҷост.
Идона фаровон шуд, то бод чунин бодо…
Инак, ба қавли Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев «Ҳамсоя тинҷ бошад, мо тинҷ ҳастем». Он яхпораҳое, ки аз дасти замона қариб ба пирях табдил меёфт, бигзор об гардида, дилҳоро нарм созад. Таърих, фарҳанг, адабиёте, ки барои ду халқи бародар хизмат мекунад, поянда бод. Хатти сайри парвозии тайёра, роҳи оҳании қатора ва роҳҳои васеи савораҳо дилу дидаҳоро наздиктар кардан гирад.
Шукри ҳақ омад зи нав одамгарӣ,
Чун ливои марҳами рӯҳпарварӣ.
Ба ҷои хулоса
Чӣ тавре, ки аз тариқи расонаҳои ахбори кишвар огоҳем, оғози баҳорон сафари расмии Президенти мамлакатамон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон сурат мегирад. Гузаронидани тадбирҳои адабиву бадеӣ ва гурӯҳи кормандони синамои ӯзбеку тоҷик дар назар аст.
Он анъанае, ки миёни ин ду кишвар чун фарзанди як халқ устодон Садриддин Айнӣ, Хоҷӣ Абдулазизи ҳофиз, Борис Кимёгаров, Барно Исҳоқова, Фазлиддин Шаҳобов, Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзода, Ӯлмас Ҷамол, Воҳид Абдулло, Юнус Раҷабӣ, Ботурхони Хилъатпур, Ҷӯрабек Муродов, Ҷонибек Қувноқ ва дигарон ба иҷро расидаанд, аз ҷониби устодони калом ва ҳунари воло идома ёфта, барои таҳкими дӯстии халқҳо хизмат мекунад.
Танҳо моро лозим меояд, ки ҳангоми сафар ва мулоқот дар меҳмонӣ ва мизбонӣ одобу унсурҳои қонунии ватандориро риоя намоем. Аз тиҷорати ғаразнок ва сӯҳбати миллатгароёнаву ғавғохез эҳтиёт бошем!
Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.
– фармудааст Мавлавӣ.

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 08/03/2018 16:03;   Просмотров: 1260
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку