Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МОРО АЗ ТУ ҶУДО КАРД...

Будӣ дунёи ману рафтӣ зи дунё, модарам,

Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо модарам.

Бурдӣ аз лаб хандаам, эй шӯълаи ояндаам,

Во дареғо, модарам, садҳо дареғо, модарам!

 

Мо, омӯзгорон ҳар сол рӯзи 7-ӯми январ ҳамкасби худ - зани оқилаю доно, дилёбу дарёдил, ширинсухану хушрафтор Марҳабо Бӯриеваро бо мавлудаш табрик мекардем. Вале имсол ин анъана вайрон шуд. Ӯ ба дарди бедавое печид.

Вале сад дареғо, ки баъди ду рӯзи санаи таваллудаш хабари мудҳиши чашм аз олами ҳастӣ пӯшидани муаллима ба атроф барқвор паҳн гардид.

Гулдухтаронаш Диловарой, Моҳчеҳра, Дилафрӯз, арӯси нозанини хонадон ва дигарон гурӯҳ-гурӯҳ омадани мардумро дида, аламашон тоза мешуду бештар доду фиғон мекарданд.

Дар митинги мотам, ки дар байни зан-духтарон ба вуқӯъ пайваст, собиқадорони таълими халқӣ Юлдуз Рустамова, Дилором Маматқулова, мудири қисми илмии мактаби рақами 73 (собиқ рақами 14) Насиба Турсунова, шогирди мар-ҳума Малика Маматқулова ва дигарон ба сухан баромада, сифатҳои неки маитро таъкид намуданд.

Муаллима Марҳабо Бӯриева 7-ӯми январи соли 1951 дар гузари Навбоғчиён таваллуд ёфтааст. Мактаби миёнаро хатм карду аввал дар донишкадаи тиббиёт дохил шуд. Вале аз сабаби шароити оилавӣ таҳсилро дар шӯъбаи шабонаи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд идома дод. Барои дониши назариявиро ба амалия пай-вастан фаъолияти меҳнатиро дар мактаби зодгоҳаш оғоз намуд. Рӯзона кор мекарду шабона мехонд.

Раҳматӣ Марҳабо Бӯриева беш аз сӣ сол фаъолияти педагогии худро идома дод. Боиси ифтихор аст, ки шогирдони ӯ аз фанни биология дар озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол мекарданд. Муваллима гулпарварӣ, деҳқонӣ ва боғдориро дӯст медошт. Дар нишастҳои ҷамоаи мактаб помидору бодиринг, себу ангур ва дигар неъматҳои боғу замини худро меовард, ки дастархони моро зебу зиннат медод.

Амри тақдир будааст, ки Марҳабо Бӯриева соли 1971 келини устодаш Дилбар Рустамова шуд. Вай бо писари ҳунарпешаи маш-ҳур Рустам Мансуров Муқумҷонака ақди никоҳ баст. Дар оилаи онҳо чор духтару як писар ба дунё омад. Мубораку Диловарой шифокор, Дилафрӯзу Моҳче-ҳра бошанд касби модарро интихоб карданд. Ягона писар Муродҷон тадбиркор аст. Арӯси нозанинаш табиб мебошад. Қариб бист нафар набераю абераҳо ба бибиҷону бобоҷон олам-олам хурсандӣ меоварданд.

Ҳамкасби мо одати аҷибе дошт. Вай навъи гулҳои гуногунро парвариш ва зиёд карда ба ҳама тақсим мекард. Дар хонаи ман аз он гулҳо дар тубакчаҳо тобистону зимистон шукуфон ҳастанд, ки нишонае аз муаллимаи биологияи мактабамон аст. Акнун ҳар гоҳе нигоҳам ба онҳо афтад, беихтиёр ёди ҳамкасби худ мекунам. Ҳақ бар ҷониби шоир, ки гуфтааст:

 

Фалакро бин, чӣ зулми нораво кард,

Туро аз ман, маро аз ту ҷудо кард.

 

Хуршеда АКРАМОВА, собиқадори таълими халқӣ


Дата добавления: 10/02/2017 15:53;   Просмотров: 1637
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку