Соли 1989 ба мактаби рақами 17-и ноҳия директори нав таъин шуд. То ин дам, ки директори дерин Муродқул Нӯъмонов ва омӯзгорони фаъоли дигари мактаб барои бунёд намудани бинои нави мактаб ҷонсӯзӣ карда буданд, якбора "аз куҷое" омадани сарвари нави мактаб атрофиёнро ба тааҷҷуб гузошт. Пас ҳозирин огоҳ гаштанд, ки Муродқул Нӯъмонов ба вазифаи ҷонишини раис, раиси кумитаи ҳизбии хоҷагии ҷамоатии "Самарқанд"-и ноҳия гузаштааст.
- Дӯстони азиз, мебинам, ки ҳамаи шумо сӯи сарвари мактаб бо чашми ҳайрат менигаред. Шояд гуфтанӣ мешавед, ки номзадҳои муносиб ба ин вазифа магар аз худи мактаби мо ёфт намешуд?! Ман бошам ба шумо, ба саволи ниҳонии шумо ҷавоб гуфтанӣ ҳастам: Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, шахсе, ки дар соҳаи роҳбарӣ таҷрибаи кофӣ дорад, барои ободии мактабу маориф мӯйи сиёҳашро дар осиёи таълими халқ сафед кардааст, Облоқул Зикиров ҳам барои соҳаи маорифи халқи ноҳия бегона нестанд. Муаллим солҳои дароз аввал чун омӯзгори фанни математика дар чанде аз мактабҳои ноҳия аз ҷумла, 16, 12 (95), 14, омӯзишгоҳи касбиву ҳунарии рақами 44, ҳунаристони МУПКА сарварӣ намудааст. Инак, ҳукумати ноҳия, шӯъбаи таълими халқ раво дид, ки Облоқул Зикиров аз ҳамин лаҳза, яъне якуми сентябри соли 1989 директори мактаби рақами 17 таъин гардад, - изҳор дошт мудири Шӯъбаи маорифи халқи ноҳия шодравон Ҳусниддин Зулфонов.
Аз ҳамон лаҳза рӯзгори муаллим О.Зикиров бо ҷамоаи омӯзгорону шогирдони мактаб, аҳолии деҳаҳои Гулбоғу Сулфакабудак, Қавчинону Сари мазор, Қӯшкӯпруку Даштиобод, Кӯйи сахову Қавола, ки фарзандонашон дар мактаби мо мехонданд, пайваст. Муаллим Зикиров дар ҳама ҷо бо либоси тозаву озода ва рӯҳи болида мегашт. Баробари дар синфхона ворид шудани ӯ бӯйи атр атрофро муаттар месохт. Худ, ки покиза мегашт, атрофро низ тозаву обод дидан мехост. Рост назди ҷевони китоб ё партаҳои охири синфхона мерафту бо нӯги ангушти ишоратиаш палмосида медид, ки чангу гарде дорад ё не. Агар аз он чирке пайдо кунад, шеъри машҳурро ба таври худ мехонд:
- Олуча гули бодом,
Ман духтарак (ё писарак)-и додом.
Додом хеста чой резад,
Ман чойхӯраки додом.
Бачаҳо, шумо-ку бачаҳои нағз агар аз ӯҳдаи тоза кардани синф набароед, майлатон, худи роҳбари синфатон тоза мекунад. Ҳамту-мӣ, чӣ гуфтед?
Ҷавоби ин савол на аз ҷониби хонанда буду на аз тарафи муаллим.
Ғамхории ӯ бештар дар вақти ҳашари пахтачинӣ зоҳир мешуд. Ӯ аз ҳама пеш мерафту ҷойҳои беҳтаринро барои муаллиму шогирдон муҳайё месохт. Хӯроки гарми семаҳалина, гулханафрӯзии шабона писанди ҳашарчиҳо буд. Аз раёсати хоҷагии ҷамоатӣ хоҳиш мекард, ки аз масолеҳи хӯроквории бачаҳо бохабар бошанд. шогирдон низ аз ин ғамхорӣ рӯҳ мегирифтанду маҷбурияти рӯзонаи худро иҷро менамуданд. Зеро медонистанд, ки директор онҳоро хафа нахоҳад кард. Сарварии Облоқул Зикиров дар мактаби 17 то моҳи августи соли 1999 давом ёфт. Ба нафақа рафту ба ҷояш омӯзгори пуртаҷрибаи мактаб, физики баландихтисос Эргашой Азизоваро директор таъин намуданд. Ҳоло сарварии мактаби мазкур ба зиммаи муаллима Эътибор Ҷӯрақулова аст. Аз ин ҷост, ки омӯзгорон Эргашой Азизова, Саъдулло Маҳмудов, Майрам Шамсиева. Олима Аҳмадҷонова, Самад Содиқов, Иброҳим Халилов, Эркин Муҳаммадиев, Облоқул Ҳамроқулов, Шодмон Ҷабборов, Лола Шодиқулова ва дигарон то нафаси охирини муаллим хабаргирон буданд.
Облоқул Зикиров пас аз ба нафақа баромадан дар вазифаҳои муаллимии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимони вилоят, раиси хазинаи "Маҳалла"-и ноҳия низ кор кард. Чанд сол раисии маҳаллаи Мирзо Улуғбекро (собиқ маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ-2) бар ӯҳда дошт.
Дар сари турбати ӯ хислатҳои нек, корномаи ибратбахшашро сармуҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги", шоир Нормурод Каримзода, ифтихорманди меҳнат Насриддин Саъдуллоев, раиси маҳаллаи Мирзо Улуғбек Мурод Фатҳуллоев ва дигарон баён намуданд.
- Сад дареғ чунин инсони нек, муаллими муаллимон, ки баробари се нафар фарзанди худ ба садҳо нафар нури дидагони халқ таълиму тарбия додааст, Облоқул Зикиров дар синни 87-солагӣ аз байни мо абадулабад ба сӯйи охират сафар менамоянд. Шояд муаллим ҳоло боз умр медиданд, вафоти нобаҳангоми писар ва ҳамсарашон барои муаллим зарбаи сахт буд. Равонашон шод, хонаи охираташон обод бод! - ҳангоми ҷаноза изҳор дошт домлоимом Сӯҳроб Меликзода.
Мо низ ба пайвандони марҳум, бахусус духтарону наберагон ва ҷиянҳо ҳамдардӣ изҳор намуда, аз даргоҳи худованд ба муаллим мағфират ва васеъву мунаввар будани қабрашонро мепурсем.
ҶАМОАИ ОМӮЗГОРОН ВА ШОГИРДОНИ МАКТАБИ РАҚАМИ 17-И НОҲИЯ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.