Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУАММОИ ТӮЙДОРОН

ва интихоботи раисон

Инак, баҳори оламафрӯз бо насимаки форам, гулҳои рангорангу зебояш ва накҳати атромезаш меҳмони диёри босахои мост.

Кас ба гулҳои дарахт, муғҷаҳои фаровони шохчаҳои он, хоммеваҳои зардолуву гелос назар афканда, уммеди ҳосили фаровон ва бо файзу бобарокотии соли нави кишту корро мекунад. Марди деҳқону боғбон ва аҳли оилаи ӯ ба кишту ниҳолпарварӣ сахт дил мебандад. Зеро муроди дили деҳотиён: иморати наверо тарҳрезӣ намудан, тӯю сур кардан ба ҳосили фаровони киштзору боғаш вобастагӣ дорад. Бо ранҷи зиёде каланд дар китф гирифта, ба саҳро меравад. Ду-се сар гову гӯсфандашро ҳамроҳ гирифта, то мавсими ҳосилғундорӣ - тирамоҳи заррин ҷойи худро дар сари кишташ медонад. Мехоҳад, ки ин ду-се сар гову гӯсфандаш афзояд. Ҳосили кишту боғаш бобаракат гардида, Худо ба тӯйи фарзанду наберагонаш расонад.
Бинед, барои то ба тӯй расидан чӣ қадар заҳмат кашидан рост меояд. Агар обу ҳаво мусоид ояд, хуб, вагарна офати табиат низ ғавчӯби роҳи орзую ҳавасҳои тӯйдор мегардад. Пас марди деҳқон ва ё боғбон ғайр аз қарз бар дӯш гирифтан дигар илоҷе намеёбад.
Охир, ӯ ба зану фарзандони худ ваъда карда буд, ки ҳамагӣ ба кор часпем, якеатро хонадор мекунему дигаратро зандор ва саввуминро тӯйи суннатӣ мекунем. Аммо магар бо қарз ҳамаи ин амалҳои хайрро кардан мумкин аст?
Агар ба касе дар ин бора ҳарф занӣ, мақоли ӯзбекии "Қарз олиб хотин олдим, қарзни бердим хотин фойдага қолди" ("Бо қарз зандор шудам, қарзро баргардонидам, зан фоида монд")-ро баҳона пеш меоранд. Шояд ин мақол, ки даҳҳо сол қабл гуфта шудааст, асосе дошта бошад. Зеро он айём бо картошкабирён ҳам либоси навдомод ё тозаарӯсеро ба амонат гирифта, тӯй мешуданд. Бо тӯёнаи бедабдабаву самимонаи ёру дӯстон як тӯяки камхарҷу пармаъние, ки дар он сурудҳои шавқовар, байтбаракҳои аҷиб, лутфи латиф сурудаву гуфта мешуд, мегузарониданд. Ҳоло қабати поёнтарини халқ, ки оилаҳои камбизоат мегӯянд, низ чунин тӯй намекунад.
Фарқи мо аз пешиниён дар сабру таҳаммул ва қаноат аст. Бобову бибиҳои мо ба будаш шукрона мекарданд. Намегузоштанд, ки пас аз оиладоршавӣ зану шавҳари ҷавон мардикор ё хизматкори ҳалқабардӯши сарватманде гардад. Ору номус, шарму ҳаёро аз ҳама чиз боло медонистанд. Оё мо ҳамаи асолати инсониро аз тинати худ дур кардем? Наход баҳор, ки ҳар сол ҷилои наве пайдо мекунад, ба афкору андешаи мо, ки нав шудан намехоҳад, чашмонамон, ки ҳисси навҷӯӣ надорад, ибрат шуда наметавонад? Дар ҳама ҷо таърифи онҳое, ки солҳои дароз яке аз зану дигаре аз шавҳар дур дар диёри мусофирӣ меҳнат карда, пул мефиристад ва тӯйҳои "кироӣ" мекунад, аз даҳон ба даҳон мегузарад ва хоҳу нохоҳ ба осоиштагии оилаҳои деҳқону косиб, духтуру муаллим ва аҳли илму адаб, ки рӯзгорашон аз паси заҳмати зиёду каммаош аст, таъсири манфӣ мерасонад. Муаллиме, ки соҳиби моҳонаи ду миллион сӯмина бошад, бо ин ҳама карру фарри тӯйгузаронии имрӯза, ки аз хостгорхӯракон то самбӯсахӯрону тӯйи калон харҷ дорад, дар чанд сол ба орзую ҳаваси дил мерасад? Агар ҳамаи онҳое, ки дар дил муроди чунин тӯйгузарониро парваранд, пас дар ҷамъият иллатҳои ришва, қаллобӣ ва ғайра зиёд мешавад. Магар онҳое, ки бо ҳамин роҳ зан мегиранд ё худ тӯйи суннатӣ мекунанд, хушбахту фаровон зиндагӣ карда метавонанд?
Хулоса, дил бисёр мехоҳад, ки тӯй танзим ёбад. Ҳоло, ки дар остонаи маъракаи сиёсии интихоботи раисони маҳалла қарор дорем, бояд ҳар як номзад ба раисӣ дар барномаи худ ҳамин масъалаи умдатаринро дар ҷойи аввал гузорад. Шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи овоздиҳиро ҳамчун вакил доранд, дар ҷамъомади интихоботӣ раиси навро вазифадор кунанд. Бигзор, ҷамъият тараққӣ ёбад. Шаҳрвандон бой, бадавлат гарданд, соҳиби хонаву ошёни зебо, боғу бӯстонсаро шаванд, аммо дар масъалаи туйгузаронӣ аз як гиребон сар бароварда, тарзи якхеларо интихоб кунанд.
Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандаи азиз?

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 19/04/2019 12:26;   Просмотров: 933
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку