Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУБОРИЗЕ АЗ КӮЙИ САХО

ИФТИХОР
Ба шарафи иди касбии ходимони корҳои дохилӣ, ҳамноҳияи мо, сардори шӯъбаи кофтукоби тезкори ҷиноятҳои Идораи корҳои дохилии шаҳри Самарқанд Эркин Ғаниев бо ифтихорнома ва тӯҳфаи хотиравии сардори садорати корҳои дохилии вилоят сарфароз гардид. Бешак, ҳар як дастовард ва муваффақияти ҳамдиёрамон ба кас ҳисси ифтихормандӣ бедор месозад.
ҚОТИЛОНИ КӮДАК ВА ҶАСОРАТИ ЭРКИН

Ошкор шудани ҷинояткории мудҳиш дар таваллудхонаи рақами дуюми шаҳри Самарқанд дар байни мардум хабари ҳангомаомез шуд. Ҳама дар тааҷҷуб буданд. Охир, маҳз шахсоне, ки ба номи пири табибон - Ҳиппократ қасамёд кардаанд, ба ҳирси пулу моли дунё афода, ба он хиёнат намудаанд. Зеро бо кӯрдилии дастаи ҷинояткорони муташаккилшудаи ҷаллодон чӣ қадар тифлакони навзоди бегуноҳ аз дасти онҳо бераҳмона, хунсардона, пинҳона ба он дунё равона шудаанд, ки шумораи онҳоро фақат худо медонаду халос.
Бояд таъкид намуд, ки барои фош сохтани амалиёти зишту қабеҳи мазкур аз занг задани мудири таваллудхона ба идораи корҳои дохилии шаҳр оғоз ёфт. Вай хабар дод, ки фарроши таваллудхона дар қуттии партов чор нафар тифли навзоди мурдаро дидааст.
Ҷонишини аввали сардори корҳои дохилии шаҳр подполковник Шӯҳрат Ғаниев гурӯҳи ҷустуҷӯйи таъҷилӣ таҳия намуда, ба таваллудхона фиристод. Аз байни онҳо майор Эркин Ғаниев садори гурӯҳ таъин шуд. Ӯ бо гурӯҳи худ ба ҷои ҷиноят омададу бо чанд нафар сӯҳбат кард ва атрофро аз назар гузаронд. Аммо натиҷа нашуд. Эркин қариб як ҳафта на шабҳо хоб дошт ва на рӯзҳо ором. Видеокамера мададгор шуд. Тавассути он аз даробарои ходимону нақлиёт огоҳ гардид. Диққати ӯро таксӣ ва мусофири он ба худ кашид. Саволу ҷавобҳои нишонрас барои кушодани гиреҳи сарбаста кӯмак дод. Маълум шуд, ки ду нафар дояҳо, ки яке дар таваллудхона кор мекарду дигаре дар фирмаи “Сапфир” фаъолият дошт, риштаи амалиёти ҷиноӣ баста, занҳое, ки ба қавле бо роҳи “сайру гашт” беникоҳ ҳомиладор шуда, пинҳонӣ бо роҳи сунъӣ бачапартоӣ мекарданд, кӯмаки холисона мерасониданд. Ба ивазаш “ҳаққи хизмат”-и аз ҳад афзун мегирифтанд. Дар аксарият ҳолатҳо мизоҷони фирма ин амалиёти қабеҳро дар таваллудхонаи рақами дуюм мекарданд. Модарони ҷавон аз ҷинояти наҳсбори худ шарм карда, аз фарзанди ҳаромии худ сар метофтанд. Ана баъд дояҳои муттаҳами худонотарс ба даҳону бинии кӯдак бераҳмона пахта гузошта, бо роҳи нафасгардон кардан ба дорулбақо мефиристоданд. Хизматгирҳои итоаткори мутеъ маити норасидаро ба халтачаҳои селофанӣ андохта, ба қуттиҳои партов ё печҳои оташ мепартофтанд.
Хости худо ё амри тақдир будааст, ки фаррош кӯдакҳои навзоди тасодуфан зиндамонда ёфтааст.
Ронандаи таксӣ баъди исботҳои раднопазир ба гуноҳаш иқрор шуд ва маълумотҳои заруриро ба Эркин Ғаниев дод. Ана баъд гиреҳи ҷиноят кушода шуда, 23 нафар ба курсии сиёҳи суд нишастанд ва ҳар яки онҳо аз рӯйи кирдор ҷазо гирифтаанд.
ЯҒМОГАРОНИ ПУЛИ НАМОЗХОНҲО
Чанде пеш аз масҷиди ҷомеи Хоҷа Абду Дарун занг зада, шикоят кардаанд, ки аз нақлиёти намозхонҳо сармояи онҳоро дуздҳо мебаранд. Дастгир кардани ғоратгарон ба зиммаи Эркин Ғаниев гузошта шуд. Вай рӯзи ҷумъа пеш аз намози пешин ба назди масҷид омад ва истгоҳи нақлиётро аз назар гузаронд. Диққати ӯро “Ласетти”-и рақамаш ба вилояти Ҷиззах вобаста ба худ кашид. Аз чашмони беҷо ва ҳаракатҳои бардурӯғ дар атрофи нақлиёт пайхас кардан душвор набуд, ки ӯ ниятҳои бадғараз дорад.
Эркин ҷойи қулай ва пинҳонро ёфту бодиққат гумонбари худро зери назорат гирифт. Ҳамин, ки муаззин азон гуфт, ҳама вориди масҷид шуданд Гумонбари ӯ фурсат истифода бурда, бо калиди тобдиҳанда ва сихи кабоб дарҳои сабукравҳоро мекушоду соҳиби пулу мол мегардид. Аз худонотарсии ин гурӯҳи ҷинояткорон дили Эркин ба дард омад. Охир, пирони рӯзгордида барои шукронаи рӯзгори ободу фаровон ба даргоҳи оллоҳ намоз гузоранду ин нокасон андармони дуздӣ бошанд.....
Яғмогарон ба даст афтоданд.
Дар фаъолияти Эркин Ғаниев чунин амалиётҳо зиёданд.
ОРЗУИ НЕК ВА ҚАДАМҲОИ УСТУВОР
Ба Эркин муҳаббат ба касби ҷустуҷӯи ҷиноят солҳои дар мактаби рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд таҳсил гирифтан дар дили ӯ маъво гузошт. Маҳз дар айёми мактабхонӣ доир ба кори душвор, вале пуршарафи ходимони корҳои дохилӣ бисёр китобҳоро бо шавқ мутолиа мекард.. Баъди соҳиби номаи камол шудан аз падари бузургвораш деҳқони асил Раббим Ғаниев ва модари муқаддас Дилбаройтӣ дуо гирифт ва рахти сафар баст. Ба шаҳри Тошканд омаду ба олигоҳи фармондеҳи ҳарбӣ-техникии назди Вазорати корҳои дохилӣ ҳуҷҷат супурд. Аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт.
Соли 2006 ҳамчун нозири кор бо таркиби шахсии корҳои дохилии вилоят фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. Дере нагузашта, ба шӯъбаи пешгирии ҷинояти мошиндуздӣ ба кор гузашта, маъмурияти вилоят азму кӯшиш, далеру устуворӣ, хоксорию ҷавонмардии ӯро ба ҳисоб гирифта, сардори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷинояти шаҳр таъин намуданд. Қариб даҳ сол аст, ки ӯ дар ҳамин вазифаи басо пурмасъулу пуртаҳлука адои вазифа менамояд. Маҳз бо кӯшишу ғайрат ва таҷрибакорӣ ва ҷоннисории ҳамкасбони садоқатмандаш дар Самарқанд ҷинояткорӣ пешгирӣ шуда, мардум зиндагии осуда ва фаровон басар мебаранд.
- Дар асоси ғамхорӣ ва диққату эътибори Президентамон дар қаламрави кишварамон бехавфии ҷамоатӣ, тинҷию осоиштагӣ таъмин мегардад, - мегӯяд Эркин Раббимович. - Ҳимояи Ватан барои ҳар яки мо вазифаи муқаддас буд ва хоҳад монд. Барои мо ходимони корҳои дохилӣ ба ин корҳо камарбаста будан ҳам қарз асту ҳам фарз.
Мегӯянд, ки фазилати ҳақиқии инсон дар вақти зарурат ба воситаи корнишиондиҳии ӯ намоён мегардад. Нидои қалб бошад, масъулиятро фаромӯш накардан аст. Қаҳрамони лавҳаи мо – Эркин Ғаниев аз маҳаллаи сабзапӯши Кӯйи Сахо аст ва ҳаловати худро аз масъулиятшиносӣ медонад.

Азизҷон АФЗАЛИЕВ,
сардори корҳои дохилии шаҳри Самарқанд, полковник,
Равшан ХАЙРУЛЛОЕВ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА


Дата добавления: 10/11/2017 11:02;   Просмотров: 1241
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку