Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУДДАО-СИФАТИ АЪЛО

Пилла яке аз даромадҳои асосии кишварамон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, онро "нахи тиллоӣ" ҳам ном мебаранд. Маъракаи кирмакпарварӣ аз оғози фаъолияти кори кишоварзон буда, истеҳсоли пилла маҳсули аввали меҳнати деҳқон ба ҳисоб меравад.

Кирмакпарварони ноҳияамон ба қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак эътибори махсус дода, имсол парвариши 1 ҳазору 128 қуттӣ кирмакро ба роҳ монданд. Онҳо тавассути меҳнати ҳалоли худ ва бо истифода аз дастуру маслиҳатҳои мутахассисони соҳа, дастгирии бевоситаи вакилони маҳаллаҳо, раёсати кишоварзӣ фаъолзанон 62 тонна ҳосили пиллаи хушсифатро истеҳсол намуданианд.
Бояд гуфт, ки на ҳар як оила бо ин кор машғул мешавад. Зеро он меҳнати дастҷамъонаро талаб мекунад.
- Сӣ сол инҷониб мо, аҳли оила бо кирмакпарварӣ машғулем, - иброз дошт сокини маҳаллаи Ипакчи, кирмакпарвари хоҷагии фермерии "Шаҳноза Азизхон Комила" Қурбоной Арзиева. - Ҳоло як қуттӣ кирмак парвариш менамоем. Аз он 60 кило абрешим гирифтанием. Ният дорем, ки аз ҳар яки он 60 килограммӣ абрешим гирем. Барои ин ҳамаи шароит муҳайёст. Пешакӣ "нарзи даст" ҳам гирифтем. Аҳд намудем, ки дар мавсуми дуюм ҳам пилла парварем.

Матн ва сурати
Бахтиёр МУСТАНОВ


Последнее редактирование: 20/05/2020 16:28;   Просмотров: 827
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку