Бойчечакам аслӣ аст,
Аслаш самарқандӣ аст.
Бойчечак, бойчечак!
Бо шарофати истиқбол боз як анъанаи нави миллиамон “Бойчечак”-гӯии бачаҳо аз нав эҳё гардид. Бачаҳо гули на-хустини баҳор бойчечакро, ки аз зери барф сар боло карда, шукуфтааст, ба даст гирифта, аз мардум шодиёна мегиранд. Ин рамзи меҳру муҳаббат нисбати якдигар аст. Аввало байни хурдсолон дӯстиву тифоқӣ ташаккул меёбад. ҳамсояву ҳамдеҳагони худро мешинохтагӣ мешаванд. Назди ҳар дарвоза қарор гирифта, месароянд:
…Таги остона ғур-ғур мекунад,
Бийекамо тавоқчая пур мекунад…
Бойчечак, бойчечак!
Садои бачаҳоро шунида, соҳибони хона, аксар вақт занону пиронсолон, ба берун мебароянд ва бойчечакро гирифта, бӯй мекашанд ва ба чашмонашон молида, мегӯянд:
- Шукр, ки чашмонам туро, муждаи баҳорро боз мебинанд. Сад бор шукр, ки боз ба Соли нав ва баҳори нав расидем. Эй гули ҳамаи гулҳо, вазниниҳои маро гиру сабукиҳоятро деҳ. Моро боз ба Соли нави дигар бирасон!
Сафедори бутоқдор,
Худо диҳад се писари кокулдор.
Бойчечак, бойчечак!
Аз Луччакон омадем, луччаку уччак,
Мо намегирем як пули пуччак.
Бойчечак, бойчечак!
Ҳамин тавр “Бойчечак” ба ҳамаи хонадонҳо шодиву сурур тақдим менамояд. Ҳама ба якдигар ниятҳои нек изҳор медоранд.
Н.ДИЛРАБО
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.