Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУКАББАРЕ, КИ МУКАММАЛ ШУД...

Касе, ки бори аввал бо ин бонуи хоксору наҳифпайкар рӯ ба рӯ меояд, ҳеҷ гумон намебарад, ки бо ин камтариниву хушодобӣ дили ҳассос, қувваи муборизӣ дорад. Маҳз ӯ бо қаламу сухани бурро ва тамизи дурусти эҷодкорӣ даҳҳо муаммоҳои оилавию экологии мардуми Оҳалик ва манзараи зебои ин диёри кӯҳистонро ҳаллу фасл намудааст.

Барҳақ, Мукаббар духтари кӯҳистон аст. Рафидаву пову панҷаи дастонашро аз бачагӣ сангистони Оҳалик обила намудааст. Ӯ барои шифо бахшидан ба дасту пойи худ ва ҳамсолони дигараш аълохони мактаби 18 шуд. Фанни таъриху ҳуқуқ ва забону адабиёти тоҷикро, ки дӯст медошт, соҳаи журналистикаро интихоб кард. Аз он, ки дар ягон донишгоҳҳои ҷумҳурияти мо ба забони тоҷикӣ факултаи журналистика набуд, аз падар ва модари худ, пирони Оҳалик дуо гирифта, сӯи Душанбе - Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон раҳти сафари таълимӣ баст. Ин духтари содаи кӯҳистонро, ки ягон сохтакорӣ дар рафтору гуфтор ва самимияташ дида намешуд, аз сафҳои аввалини донишҷӯёни факултаи журналистика ҷой доданд. Бо вуҷуди мусофирӣ хуб хонд ва ба азобу уқбати донишҷӯӣ тоқат кард. Пас аз хатми донишгоҳ бо исрори устодони факулта чанде дар матбуоти даврии ҷумҳурии ҳамсоя фаъолияти ибтидоӣ дошт.
Меҳри диёр, дастёрии рӯзгори падару модар, чашмони харидоргири ҷавонони Оҳалик ӯро аз Тоҷикистон ба Самарқанд гуселониданд. Аллакай ситораи бахташ дар хонадони яке аз ҷавонони суханвару омӯзгори Оҳалик Ашӯрбой Шомаҳмадов ҷилои рахшанда дошт. Ӯ ситораи бахти худро маҳз аз ҳамин хонадон дарёфт. Ашӯрбой, ки худ фориғуттуҳсили факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд, кайҳо боз ошиқи Мукаббар гардида буд.
Мукаббар ба зодгоҳаш омада, нахуст дар рӯзномаи ноҳиявии "Шарқ тонги" (ҳоло "Гулобод тонги") ходими адабӣ пазируфта шуд. Бо расонаҳои ахбори вилоятиву ҷумҳуриятӣ, Ширкати садо ва симои Самарқанд ҳамкориро ба роҳ монд. Ин буд, ки Мукаббар бо сухани буррову қалами тавоно ба Мукаммал табдил гашт. Акнун ӯро дар ҳама ҷо бо имзои мухбири махсус Мукаммал Раззоқова мешиносанд.
Номи ӯ дар қатори бунёдгузорони саҳифаи тоҷикии "Субҳи Гулобод" ("Субҳи Шарқ"-и дерина) Зоҳир Ҳасанзода, Аслиддин Қамарзода, Раҳим Мавлонӣ, Аҳрор Ҳамроқулов, Бахтиёри Ҷумъа ва дигарон ҷой дорад.
Ӯ солҳои 2000-ум мухбири махсуси рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" низ буд. Фарзандонашон Манижа, Фарзона ва Шоҳрух аз паи падару модар рафтанд.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 02/07/2019 13:19;   Просмотров: 880
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку