Дар ноҳияи Самарқанд бузургмардон зиёданд. Насли имрӯз ба ҳар яки онҳо эътибори ҷудогона дорад. Эҳтиром мекунад. Гули сари сабади анҷуману маъракаҳои худ медонад. Яке аз чунин симоҳои намоён, ки ба қарибӣ бо Фармони Президенти мамлакат соҳиби ордени “Дӯстлик” гардид, Бобомурод Зиёев мебошад. Барҳақ, Бобомуродбобо зиндагиномаи ибратомӯзро соҳиб аст.
Бобомурод Зиёев 10 – уми октябри соли 1933 дар гузари Қӯрғончаи шаҳри Самарқанд дар оилаи марди фарҳангпеша ва сиёсатмадор Тӯхтамурод Зиёев дида ба дунё кушодааст. Таълими миёнаро аз мактаби рақами 1-уми ноҳияи Фориш гирифта, соли 1956 донишҷӯи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардидааст. Чанд муддат дар мактаби рақами 1-и ноҳияи Самарқанд муаллимӣ кард. Ҷавони баҳушу ғайратманд, ки буд, ба зудӣ шӯҳрат пайдо кард ва роҳбарияти ташкилоти ҷавонони вилоят ба кор даъват намуданд. Дар он ҷо то соли 1962 ба вазифаҳои нозирӣ ва мудири шӯъба фаъолияти пурсамар бурд. Солҳои 1962 – 1969 корманди масъули ҳизбӣ буду солҳои 1969 – 1973 дар кумитаи иҷроияи вилоят кор кард.Солҳои 1973 – 1981 аввал ҷонишин, сонӣ котиби аввали кумитаи ҳизби ноҳияи Ургут буд.Солҳои 1981 – 1986 вазифаи сардори шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи вилоятро бар зимма дошт. Солҳои 1986 – 1991 муовини раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Самарқанд буд.
Агарчӣ Бобомурод Зиёев моҳи октябри соли 1991 бо иззату икром ба нафақа баромадааст, ҳисси ватанпарварӣ ва меҳнатдӯстӣ ӯро аз каноранишинӣ боздошт. Инак, 26 сол боз барои мустаҳкамии истиқлолияти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон заҳмат дорад. Дар ин муддат вазифаҳои раиси Шӯрои кумитаи иттифоқҳои касабаи ноҳия, сарвари шӯъбаи ноҳиявии Хазинаи “Нуронӣ” - ро сарбаландона иҷро намуд.
Бобомурод Зиёев дар ҳамаи он ҷойҳое, ки кор кардааст, аз худ нақши хубе гузоштааст. Аксари мардуми ноҳияи Ургут бунёди корхона ва таълимгоҳҳои навро аз хидмати пуршарафи Бобомурод Зиёев медонанд. Ӯ, ки нутқи зебо ва тамизи хуб дорад, анҷуманҳои бонуфузро садорӣ мекунад. Ба мулоҳиза, андешамандона сухан меронад. Мақсадаш нишонрас аст.
Аз ин рӯ, Бобомурод Зиёев борҳо ба депутатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят, ноҳияҳои Ургут ва Самарқанд интихоб шуда, ба ободии диёр ҳиссагузорӣ кардааст. Ифтихорнома ва ордену медалҳоеро, ки ҳукуматамон барои хизматҳои шоёнаш ба ӯ супоридааст, аз ганҷинаҳои беҳтарини умр медонад. Зеро барои ба онҳо ноил шудан Бобомурод Зиёев меҳнати зиёд кардааст.Ӯ сарвари яке аз оилаҳои намунавии деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд ба шумор меравад. Ҳамроҳи ҳамсараш панҷ фарзандро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ намудааст. Ҳоло ҳамаи онҳо азизи мардуманд.Набераву абераҳо низ давомдиҳандаи анъанаи неки сулола мебошанд. Кас ба ҳаракат ва зиндадилии ин бузургмард назар афканда, ҳеҷ гумон намебарад, ки синнаш ба 84 расидааст. Мо ӯро бо синни муборак ва ордени давлатӣ самимона муборак гуфта, аз даргоҳи Худованд барояш ҳамаи хушиҳои зиндагиро таманно дорем.
Ҳасан НОРМУРОДОВ, раиси шӯъбаи
вилоятии Хазинаи хайрияи “Нуронӣ”,
Нормурод КАРИМОВ,муҳаррири рӯзнома.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.