Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУРОҶИАТНОМА - ДАСТУРУЛАМАЛИ МОВУ ШУМО

Дар ин рӯзҳои фараҳбахши таърихӣ - айёми мубораки ҷашни Садаи бостониву аҷдодӣ, арҷгузории арзишҳои миллӣ мулоқот бо шумо, фарзандони асили Самарқанд, фидоиёни миллату ватани маҳбуб аҳамияти калони маърифативу тарғиботӣ дорад.

Қариб як моҳ мешавад, ки мову шумо Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамиро дар зери таассуроти баланди Муроҷиатномаи сарвари давлат ба Олий Маҷлис, ба тамоми халқи олиҷаноби мо истиқбол гирифта, дилпурона кору зиндагӣ мекунем. Дар Муроҷиатнома силсилаи масъалаҳои муҳимтарини ислоҳоти васеъмиқёс инъикоси худро ёфтааст, ки хусусан, диққати аҳли ҷомеаро ба тараққиёти минбаъдаи илму фан, фарҳангу матбуот, санъату адабиёт, киноматография, туризм, дӯстии халқҳо ва миллатҳо, таълиму варзиш, ҳимояи манфиатҳои ҷавонон, занону духтарон, куҳансолон, оилаҳои камбизоат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, кишоварзӣ, имтиёз ва имкониятҳои нави қабул ба мактабҳои олӣ, пешгирии коррупсия ва ғайра равона мекунад. Имрӯзҳо ҳамватанони мо бо хушнудиву дастгирии ҳамаҷониба пайравӣ мекунанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки имрӯз ба қавли роҳбари давлат ҳар як амалдор, роҳбари корхонаву ташкилот, шаҳрванди солимфикр фаъолияти худро бе воситаҳои ахбори оммавӣ, бе матбуот, мутолиа, интернет, телевидение, радио тасаввур карда наметавонад, нисбати ошкорбаёнӣ, танқиди камбудиву иллатҳо, қонуншиканиву хиёнаткорӣ, порахӯриву ҳаннотӣ, фиребгариву лоқайдӣ бефарқу бепарво набояд бошад. Аз ин рӯ, мақоми "ҳокимияти чорум" дар ҷамъият торафт устувор мегардад. Эътибор ба журналистон, блогерҳо меафзояд.
Лоиқи эътибор аст, ки мавқеи иҷтимоӣ-мафкуравии ҷавонон дар инкишоф додани илму маърифат ва иқтисодиёти электронӣ пайваста пурқувват мегардад. Соҳибистеъдодҳои беназири мамлакат ҷаҳониёнро ба ақлу заковат, санъату нерӯи ҷисмонӣ, доногиву маърифати замонавии худ мафтун мекунанд. Аз ҳисоби чунин ҷавонписарону духтарони боиқтидор сафи ифтихориёни ватан рӯз то рӯз меафзояд.
Дар ҳаққи чунин ҷавонони оташқалбу қавиирода байти машҳури устод Мирзо Турсунзодаро ба забон овардан айни муддаост:
Рӯдворона зиндагонӣ кун,
Ҷӯш зан, ҷӯш зан, ҷавонӣ кун!
Президенти давлатамон низ бо эътимоди комил, "Ӯзбекистони навро, албатта, дар якҷоягӣ бо ҷавонон бунёд мекунем!" мегӯяд.

Нормурод КАРИМЗОДА


Дата добавления: 14/02/2020 11:17;   Просмотров: 770
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку